«ӮЗБЕКИСТОН: ДАВРАИ НАВИ РУШД»

Чунин ном дорад маърӯзаи махсус, ки бо кӯмаки Сафоратхонаи Ӯзбекистон дар Покистон аз ҷониби Маркази бонуфузи таҳқиқоти глобалӣ ва стратегӣ (МБТГ)-и Покистон таҳия шудааст.

Маърӯза ба ислоҳоти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, ки таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев дар доираи Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2017-2021 татбиқ мегардад, бахшида шудааст.
Муаллифи маърӯзаи махсус директори иҷроияи Маркази таҳқиқоти глобалӣ ва стратегии Покистон Х. Т. Акрам мебошад, ки моҳи декабри соли гузашта ба сифати нозири байналмилалӣ барои равшан намудани интихоботи парлумонӣ ба Ӯзбекистон ташриф оварда буд.
Дар ҳуҷҷат ба ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва демократии дар ҷумҳурӣ татбиқшаванда, инчунин таваҷҷӯҳи махсуси давлат ба таъмини волоияти қонун, ҷалби сармоя ва афзоиши гардиши сайёҳӣ баҳои баланд дода мешавад.
«Президенти Ӯзбекистон марҳалаи нави ислоҳоти қатъӣ ва амиқро оғоз намуда, иродаи қатъӣ ва дурандешонаи сиёсӣ нишон дод», — менависад муаллиф.
Таъкид мегардад, ки Ӯзбекистон дар назди худ вазифаи татбиқи афзалиятҳои стратегиро барои расидан ба чунин мақсадҳо, аз ҷумла баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёт аз ҳисоби зиёд гардондани ҳиссаи сектори хусусӣ, ҷорӣ намудани иқтисодиёт ва энергетикаи сабз ва рақамӣ, амиқ гардондани ҳамкорӣ ва ҳамгароии минтақавӣ ва байналхалқӣ вазифа гузоштааст.
Ба гуфтаи як коршиноси покистонӣ, Ӯзбекистон дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва барои сармоягузорони хориҷӣ шарики дарозмуддат ва боэътимод гардид.
Вай инчунин қайд менамояд, ки дар кишвар муҳити мусоиди тиҷорат ба вуҷуд оварда шудааст. Ба туфайли ташаббусҳои инноватсионӣ шаклҳои институтсионалии ҳифзи ҳуқуқи сармоягузорон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таъмин карда шуданд, ки ба ҷалби фаъолонаи сармоягузории хориҷӣ мусоидат мекунанд.
Бинобар ақидаи коршиносон сармоягузорони хориҷӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои хурди саноатии шаҳрҳои бузурги саноатӣ таваҷҷӯҳи хоса медиҳанд.
Инчунин хабар дар бораи дастовардҳои Ӯзбекистон дар соҳаи сайёҳӣ мавриди таваҷҷӯҳи хонандагон гардид.
Ин маводи муфассал аз ҷониби Т. Халид дар веб-сайт ва аккаунтҳои Маркази таҳқиқоти глобалӣ ва стратегӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, дар корпуси дипломатии Исломобод, дар доираҳои сиёсию экспертӣ ва таҳлилии Покистон паҳн шудааст.
Маркази таҳқиқоти глобалӣ ва стратегӣ маркази бонуфузи “мағзи сар”-и Покистон дар соли 2016 мебошад. Ҳадафи асосии ин созмон пешниҳоди маърӯзаҳо ва маводҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ ба ҳукумати Покистон дар соҳаи сиёсати байналмилалӣ ва амният мебошад.

АИ «Дунё»,
ИСЛОМОБОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: