ӮЗБЕКИСТОН – ДИЁРИ ДӮСТӢ ВА КУШОДАДИЛӢ

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ баланд бардоштани муносибати дӯстона ва ҳамҷиҳатии байни миллатҳо, барои рушду равнақи онҳо фароҳам овардани шароит ва имконият мебошад.

Бо ташаббуси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба корҳое, ки кумита дар тӯли соли 2021 ба анҷом расондааст ва нақшаҳои ояндаи он чорабинӣ баргузор гардид.
– Кумита бо ҳамкории 151 маркази миллӣ-маданӣ, 36 ҷамъияти дӯстӣ ва 38 ҷамъияти ҳамватанони хориҷӣ баҳри ҳифзи таърих, рушди маданият, арзишҳои миллӣ ва муносибатҳои дӯстонаву ҳамфикрии онҳо хидмат мекунад, – гуфт ҷонишини раис Азамат Тошев. – Таҳти роҳбарии Президент бо мақсади дар атрофи барномаи “Ӯзбекистони Навро якҷоя барпо мекунем” муттаҳид намудани ҳамаи миллату халқиятҳо корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мешаванд. Аз ҷумла, кумита якҷоя бо марказҳои миллӣ-маданӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 6 ҳазору 391 чорабинии маънавию маърифатӣ гузаронд. Аз ин миқдор  885-то анҷуман ва семинар, 1 ҳазору 571 суҳбати мизи мудаввар, 575-тоаш форум-ҷашнвораҳо ба шумор мераванд. Дар доираи ҷашнвораи “Кушодадилӣ” дар мактабҳои таълими умумии ҷумҳурӣ озмун-азназаргузарониҳо  таҳти мавзӯъҳои “Урфу одат ва арзишҳои миллӣ”, “Намоиши либосҳои миллӣ”, “Сурати беҳтарин”, “Иншои беҳтарин” гузаронда шуд. Албатта, чунин чорабиниҳо дар ҷавононамон ҳисси ватандӯстӣ, халқпарварӣ, садоқат ба халқу миллати худ, фаромӯш накардани арзишҳои миллиро пурзӯр мегардонад. 
Инчунин зикр гардид, ки дар соли 2021 аз ҷониби Фонди ҷамоатии назди Олий Маҷлис барои рушди марказҳои миллӣ-маданӣ 700 млн. сӯм, инчунин ба миқдори 6 млрд. сӯмина грант ҷудо карда шуд. Ба раисон ва ҷонишинони марказҳо маош таъин гардид.
Мушовири раиси кумита Зафар Аҳмедов таъкид намуд, ки баҳри таъмини муносибатҳои дӯстонаву бародарона ва ҳамҷиҳатии миллатҳо ва дар ин самт боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои дӯстии давлатҳои хориҷӣ бахшида ба ҷашнвораҳо 41 чорабинӣ, 23 шоми дӯстӣ ташкил карда шуд. Барилова, дар ВАО-и хориҷӣ беш аз 20 мақола, намоиши телевизионӣ ва барномаи радиоӣ пахш гардид. Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ бо мақсади дастгирии фаъолияти ҷамъиятҳои дӯстии ҳамватанони хориҷиамон наздик ба 2 ҳазор китобҳои бадеӣ ва маҷаллаҳо тақдим карда шуданд. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: