ӮЗБЕКИСТОН КИШВАРЕСТ, КИ ШАҲРВАНДОНАШ БО ОН ИФТИХОР ДОРАНД,

– ЧУНИН МЕШУМОРАНД КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Давраи нави рушди Ӯзбекистон, ки бо ҷараёнҳои муттасили бозсозӣ ҳамбастагӣ дорад, боиси рағбати зиёди ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад. Акси садоҳое, ки ба суханронии Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади мутантани бахшида ба 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон дода шудаанд, шаҳодати ин гуфтаҳо гардиданд. 
Аз ҷониби роҳбари давлати мо садо додани хоҳиши қатъии идома додани ислоҳоти васеъмиқёси оғозёфта ва даъвати ӯ ба халқу роҳбарон бобати саҳми сазовор гузоштан дар кори муваффақ гардидан ба пешрафти миллиро намояндагони доираҳои ҷамъиятиву сиёсии хориҷӣ ва коршиносон васеъ дастгирӣ карданд. 
Дар хориҷа мақсади қатъии сиёсати роҳбарияти ҷумҳурӣ барои даст ёфтан ба ҳадафи асосӣ – таъмин намудани шароити сазовори ҳаёти мардум дастгирӣ карда мешавад.
Директори медиа-департаменти Маркази байналхалқии мултикултурализми Боку, сиёсатшинос Тофик Аббосов баромади Президенти Ӯзбекистонро «манифести ислоҳоте номид, ки ба татбиқ намудани вазифаҳои нав дар роҳи баланд бардоштани сифати ҳаёти халқи Ӯзбекистон, мустаҳкам кардани нақш ва мавқеи ӯ дар арсаи байналхалқӣ болу пар мебахшад ва ҳамзамон рӯҳбаланд месозад». 
«Аз назари ман, Президент Шавкат Мирзиёев барномаи бағоят амалии ислоҳотро роҳандозӣ намуд, ки дар муҳлати қиёсан кӯтоҳи вақт ба натиҷаҳои бузург ноил гардид, – мегӯяд коршинос. – Агар оддитар гӯем, вай ба мушкилоте, ки солҳо ҳаллу фасли худро интизор буданд, калиди заруриро дарёфт карда тавонист».
Ба ин маънӣ коршиноси озарбойҷонӣ тезонидани суръати рушди иқтисодиёт, фикру ақидаҳои ислоҳсозии соҳаи кластери зеҳнӣ ва капитали инсониро аз ҷумлаи комёбиҳои Ӯзбекистон мешуморад.
– «Муътақидам, ки Ӯзбекистон алҳол инқилоби ҳақиқии иҷтимоиро аз сар мегузаронад, ки дар ҳама замонҳо омили эътидоли ҳаёти мардум аст. Рамзист, ки Президент Шавкат Мирзиёев ба идеологияи рушди эволютсионӣ содиқ ва худ пешоҳанг аст, аз ҷониби дигар вай шахсан ҷараёнҳои инноватсиониро бо ташаббусҳояш сарпур месозад, то ки дигаргуниҳо ва меъёрҳои олии ҳаёт тамоми табақаҳои мардум – аз деҳқон то коргар ва ҷабҳаи илмро фаро гирад», – мегӯяд Т. Аббосов.
Коршинос шиори «Аз эҳёи миллӣ-ба пешрафти миллӣ»-ро ки, бинобар ақидаи ӯ, мазмуну моҳияти кулли ислоҳоти мамлакатро дар даврони гардиш пурра ва дақиқ кушода медиҳад, дастгирӣ менамояд. Вай ҳамчунин ба он эътимод дорад, ки дар ҷараёни ислоҳот маърифат нақши муҳим мебозад, зеро бидуни он ҳаёт наметавонад беҳтар гардад.
«Роҳбари давлат дар муроҷиати худ ба халқ он анъанаи мусбатеро хотиррасон кард, ки миқдори муассисаҳои таълими олӣ чӣ гуна афзудааст. Вале ин санад ба анъанаи мусбати вазъи кор дар соҳаи зеҳнӣ равшанӣ меандозад. Тақрибан 15 муассисаҳои бонуфузи таълими олии давлатҳои пешқадам бахшҳои худро дар Ӯзбекистон боз намуданд, онҳо дарк кардаанд,  интихоб ба манфиати кишварест, ки нақш ва моҳияти таълими ихтисоснок, маданияти олиро дар ҷаҳони зудтағйирёбанда хуб идрок намудааст», таъкид мекунад ӯ.
Бинобар суханони вай, Ӯзбекистон хеле тағйир ёфт, кишваре гардид, ки шаҳрвандонаш бо он ифтихор мекунанд. Бомуваффақият паси сар намудани мушкилиҳо, баланд бардоштани  нуфузи иҷтимоӣ, беҳтар намудани сифати ҳаёт – инҳо нишондиҳандаҳои ҳаёти халқи Ӯзбекистон мебошанд, ки аз номуайянӣ мустақимона ба воқеият табдил меёбанд. «Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамватанонро ба амалҳои бошууронаву муттафиқона дар роҳи оянда даъват карда, ба ин муваффақ ҳам мешавад», – хулоса мекунад Т. Аббосов.
Коршиноси Маркази тадқиқотҳои байналхалқӣ ва стратегии Аврупо Ги Оливе Фор (Фаронса) бар он аст, ки дар суханронии роҳбари давлати мо самтҳои асосии пешрафти минбаъдаи мамлакат зикр ёфта, масъалаву афзалиятҳои рӯзмарраи он инъикос шудаанд.
«Истиқлолияти Ӯзбекистон кафолатнок аст, минбаъд рушди минбаъда, бозсозии мамлакат, ба хусус низоми маъмурӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунанд , – мегӯяд вай. – Натиҷаҳои аллакай ба дастомада бобати таъмин сохтани волоияти қонун, рушди иқтисодиёти бозаргонӣ ва хоҷагии қишлоқ ба баҳои баланд сазоворанд». 
Эътибор ба соҳаи таълимро, ки омили асосии муваффақ шудан ба пешрафти давлат маҳсуб меёбад, коршинос боз як ҷиҳати муҳим мешуморад. Дар ин маврид, бинобар ақидаи ӯ, маънавият низ аҳамияти махсус дорад, ин чиз дар ташаббуси Ӯзбекистон бобати қабул кардани Баённомаи Ассамблеяи Генералии СММ «Маърифат ва кушодадилии динӣ» инъикоси худро пйдо кард».
«Ӯзбекистон дар сатҳи байналхалқӣ ташаббусҳои муҳимро бинобар Осиёи Марказӣ пеш гузошт, дар ин масъалаи мураккаби байналхалқӣ саъю кӯшиши зиёде кард ва, бешубҳа, дар роҳи дуруст қарор дорад», мегӯяд вай.
Коршиноси Пажӯҳишгоҳи муносибатҳои байналхалқӣ ва стратегии Фаронса Карим Покзод саъю кӯшишҳоеро, ки дар Ӯзбекистон бобати муваффақ шудан ба пешрафт бинобар ҳуқуқи инсон ва демократикунони минбаъда амалӣ мешаванд, дастгирӣ менамояд.  
«Дар ин маврид бозсозии мамлакат ва инкишофи «иқтисодиёти воқеии бозаргонӣ» бояд якҷо бо сиёсати муқтадири иҷтимоӣ татбиқ гардад, – мегӯяд вай. – Мо мебинем, ки роҳбарияти Ӯзбекистон ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд, кӯмаки зарурӣ расонидан ба онҳо эътибори махсус медиҳад. Ин бағоят муҳим аст, аз ин рӯ ман сиёсати роҳбари давлатро дар самти мазкур куллан дастгирӣ мекунам».
Раиси ҷамъияти «Кӯмаки тарафайни маданӣ ва иҷтимоии туркистониён»-и Туркия Осмон Бег баромади роҳбари давлати моро ҳодисаи таърихӣ номид, зеро дар он таҳлили амиқ мавҷуд буда, аҳамият ва моҳияти ислоҳоти бемисле, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, кушода дода шудаанд. 
«Алҳол дар Ӯзбекистон рӯзҳое фаро расидаанд, ки халқ онҳоро интизор буд, замони нави бедорӣ ва пешрафт, ки бо эҳсоси рӯҳбаландӣ сарпур мебошад, оғоз меёбад. Шубҳае нест, ки сарвари ҷасуру боғайрати мамлакат бо шарофати дигаргуниҳое, ки мақсади асосиашон баланд бардоштани сатҳ ва сифати ҳаёти мардум мебошанд, сазовори эътимод ва пуштбонии халқи худ гардид», – таъкид кард ӯ.
Арбоби ҷамъиятӣ изҳор дошт, ки дар Туркия аз комёбиҳои Ӯзбекистон дар роҳи шукуфоӣ ва пешрафт хурсанд мебошанд, аз он хушнуданд, ки мардум якҷо бо сарвари худ истиқлолияти Ватанашон – Ӯзбекистонро мустаҳкам менамоянд.
 Директори Пажӯҳишгоҳи афкори стратегӣ Муҳаммад Савош Кафкасалӣ (Туркия) зикр менамояд, ки даврони нави пешрафти Ӯзбекистон бо эҳёи шуҳрати пешинаи сарзамини вай, ки тӯли асрҳо маркази маданият, афкор, илм ва санъати бузург ба шумор мерафт, ҳамоҳанг аст.
«Мо Ӯзбекистонро дар ин саъю кӯшишҳо дастгирӣ менамоем ва омодаем ҳамкориҳои туркиягиву ӯзбекистониро барои ин мақсадҳои нек инкишоф диҳем, – изҳор дошт ӯ. – Мо ҳар як комёбии шуморо эҳсос мекунем ва аз ҳар як рӯзи хушбахтонаи шумо хурсанд мешавем, зеро дар кор, орзу ва мақсадҳои худ ҳамдил мебошем».
Котиби генералии Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон Бағдод Амреев аз вусъат ва мустаҳкамшавии ҳамкориҳои байни Тошканд ва ин созмони байналхалқӣ, ки ба робитаҳои бисёрасринаи таърихӣ такя мекунад, қаноатмандӣ изҳор намуд.
«Алҳол, вақте ки Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон 10-солагии худро таҷлил менамояд, мехоҳам изҳори бовар намоям, ки муносибатҳои мо ба дараҷаи беш аз пеш баланд бардошта хоҳад шуд. Ӯзбекистон минбаъд низ дар минтақа ва дар арсаи байналхалқӣ нақши муҳаррики пешқадамро иҷро хоҳад кард», – таъкид кард Б. Амреев.

ОИ «Дунё».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: