ӮЗБЕКИСТОН – КИШВАРИ ДӮСТӢ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРӢ

Сарвари давлатамон дар Муроҷиатномаи худ таъкид карда буд, ки дӯстии байни миллатҳо ва таҳаммулпазирӣ барои дурнамоии мардуми мо ва рушди кишвар муҳим буда, «Новобаста аз миллат, забон ва мазҳаб ҳар як шаҳрванде, ки Ӯзбекистонро ватани худ медонад ва дар рушди он саҳм мегузорад, минбаъд низ дар мавриди таваҷҷуҳи давлату ҷомеаи мо қарор хоҳад гирифт.

Мо барои боз ҳам таҳкими фазои дӯстии байни миллатҳо, ҳамбастагии конфессияҳои динӣ, таҳаммулпазирии иҷтимоӣ қувва ва имкониятҳоямонро сафарбар хоҳем кард», ки ин фикру андешаҳои хирадмандона, намояндагони тамоми миллатҳои кишварамонро руҳбаланд гардонд.
Ман аз деҳаи Қароқӯрғони ноҳияи Чустам, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст. Дар ин ҷо ӯзбекҳо, қирғизу тоҷикон, қипчоқу русҳо умр ба сар мебаранд. Намояндагони ҳамаи миллатҳое, ки мақсади ягона доранд, бо вуҷуди он, ки забонашон гуногун дар ҳамфикри зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар мактаби миёнаи таълими умумии 32-юм ба забони ӯзбекӣ таҳсил мегиранд.
Миллати падарам қирғиз ва модарам ӯзбек аст. Дар хона асосан ба забони қирғизӣ гап мезанем. Кӯдак будам. Ба модаркалонам гирякунон мегуфтам, ки «Маро бачаҳо ба сафашон ҳамроҳ намекунанд, ба ҳолам механданд, ки қирғизӣ гап мезанам». Бибиам бошад, «Майлаш бачем, ин айб нест, шариконат шӯхӣ мекунанд-дия, бо онҳо ӯзбекӣ гап зан, охир ин забонро медонӣ. Аслан мардумро аз якдигар ҷудо кардан кори нағз нест. Ту бачаи доно ҳастӣ, чаро бо забони ӯзбекиву қирғизиву тоҷикӣ гап намезанӣ. Мақоли «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ» беҳуда гуфта нашудааст. Замоне меояд, ки донистани забонҳои гуногун ба ту кумак мерасонад, ба рӯят дарҳои калонро боз мекунад ва калиди бахту омад мегардад. Дар ин лаҳза суханони маро ба ёд меорию мегӯӣ, ки бибиам рост гуфтааст...» 
Ин воқеаро беҳуда ба ёд наовардам. Натиҷаи корҳое, ки дар ҳар як соҳа ба ҷо оварда мешаванд, навсозиҳое, ки имрӯз дар мамлакатамон ба амал меоянд, дида дили инсонро ифтихор фаро мегирад. Хусусан дӯстии миллатҳо, ҳамраъӣ, ҳамсоягии нек далели амалии ин таҳаммулпазирист. 
Журналист шудан орзуи кӯдакии ман буд. Бо ин мақсад ҳар сол ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ месупоридам, аммо аз имтиҳон гузашта наметавонистам. Вале пас нагаштам, сӯйи мақсад диловарона меҳнат кардам. Чуноне ки бибиам гуфта буданд, забондониам низ ба ман ёрӣ расонд, ки дар ин соҳа фаъолият барам. 
Дар ин маврид ҳодисаи дигарро ба хотир овардан хостам. Бо умеди он, ки касе барои дар рӯзнома кор карданам кумак кунад, ба Иттифоқи эҷодии журналистон  рафтам. Ман фикр мекардам, ки ин роҳи дуруст аст. Шоири маъруф Саъдулла Ҳаким (руҳашон шод бод!) мақсадамро фаҳмида, ҳангоми бо ҳуҷҷатҳоям шинос шудан бо самимият гуфтанд: «Забонҳои қирғизиву тоҷикиро ҳам медонед? Офарин, пас шуморо ба кор мегирем, ғайратманд бошед!» 
Пас аз муносибати самимии муаллим ба талаба, ман гӯё дар осмони ҳафтум парвоз кардам ва эҳсос намудам, ки насиҳату дуои модаркалонам мустаҷоб шудааст.

Ислом АСИЛБЕКОВ,
хатмкунандаи ДЖКО, дорандаи 
ҷоизаи «Мард ӯғлон».     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: