ӮЗБЕКИСТОН – КИШВАРИ ҶАВОНОН

Дар ин рӯзҳои пур аз шодиву нишот ҷавонони вилояти Фарғона таҳти сарпарастии сардори Раёсати агентии кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ дар вилояти Фарғона Муҳаммадамин Ғаниев бештар аз ҳама серкору сертараддуд мебошанд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба райъпурсии умумӣ, ки 30 апрели соли равон баргузор хоҳад шуд, чорабиниҳои маърифатӣ роҳандозӣ мешаванд. 
Аз ҷумла, баргузории чунин чорабинӣ дар шаҳрҳои Фарғона, Қувасой, ноҳияи Ёзёвон, Риштон, Сӯх, Тошлоқ, Қува, Фарғона ва амсоли он натанҳо ҷавонон, балки намояндагони тамоми қишрҳоро гирдиҳам овард. 
Зимни ин чорабиниҳо иштирокчиёни он иброз доштанд, ки ислоҳот ба манфиати мардуми кишварамон амалӣ мегардад ва он зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияро ба миён овардааст.
– Ҳар як иштирокчии ин чорабиниҳо бо дарки маънӣ ибрози фикру ақида мекунанд. Дар ҷараёни он ҳамон нукта таъкид мегардад, ки Конститутсияи оянда ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои алоҳидаи шахсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, маданию экологии ҳар як шаҳрванди ин мамлакати соҳибистиқлоламонро кафолат хоҳад дод. 
Дар чорабинӣ беш аз 1 ҳазору 500 нафар намояндагони қишрҳои мухталиф фаъолона ширкат варзиданд. Ин чорабиниро барномаи фарҳангӣ ҳусни фарҷом бахшид,– мегӯяд М. Ғаниев.
Дар Ҷамъияти саҳҳомии «Фарғонаазот» низ бахшида ба таҷдиди Конститутсия як чорабинии доманфарох баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, ки ба таври ғайримуқаррарӣ ифтитоҳ ёфт, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд Элёрбек Раҳматов, мудири шуъбаи Агентии кор бо ҷавонони ҷумҳурӣ Акмалбек Алимов оид ба тарҳи нави Конститутсия суханронӣ намуданд. Онҳо ба масъалаҳои муҳиме таваҷҷуҳи иштирокчиёни чорабиниро ҷалб намуданд, ки бевосита дар Қонуни Асосии оянда акси худро хоҳад ёфт. 
Дар ноҳияи Ёзёвон бахшида ба референдум чорабинӣ хеле густурда ва бо шукӯҳу шаҳомати хос гузашт. Он таҳти шиори «Ӯзбекистон – мамлакати ҷавонҳо» сурат гирифт. Ба ин чорабинӣ ходими маъруфи фарҳанги ҷумҳурӣ, коргардони шинохта Ҳилол Насимов, актёр Исомат Эргашев, ҳунарпешаҳои кинову театр Фотима Реҷаметова, Анвар Азимов ва дигарон даъват шуда буданд. 
Ногуфта намонад, ки ҳар як чорабинӣ дар шакли хос ва бо ширкати ҷавононе баргузор мегардад, ки аз ҷумлаи соҳибкорон, ҳунармандон, роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ, донишҷӯёни аълохон ва амсоли он ҳастанд. Аксияҳои бахшида ба референдум дар вилоят беш аз пеш доман густурдаву намояндагони қишрҳои гуногуни онро фаро мехонад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА. 
Суратгир: М.ҚОДИРОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: