ӮЗБЕКИСТОН – КИШВАРИ ТАҲАММУЛПАЗИР

Мувофиқи қарори Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1997 инҷониб, 16-уми ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи таҳаммулпазирии байналмилалӣ қайд карда мешавад.

Шумо медонед, ки Ӯзбекистон давлатест дорои  сарвату имкониятҳои бузург. Вале, фикр мекунам, агар гӯям, ки сарвати бузургтарини мо осудагӣ, ҳурмати тарафайн ва ҳамҷиҳатии намояндагони миллату халқиятҳои гуногун ва конфессияҳои динист, ҳамаатон маро дастгирӣ менамоед.
Имрӯз, хоссатан, дар мамлакатамон чун дар як оила аҳлу тифоқ ба сар бурда, бо меҳнати фидокоронаи худ ба рушди Ӯзбекистони азизамон саҳми сазовор гузошта истодани намояндагони беш аз 130 миллату халқият мояи дилхушист.
Бо ин сарвати бебаҳо ифтихор менамоем ва тамоми неруву имкониятҳои давлату ҷамъиятамонро ба таҳким бахшидани фазои дӯстиву аҳлӣ дар мамлакатамон сафарбар менамоем.
Ба сифати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаминро алоҳида таъкид намуданиям, ки дар сиёсати давлатии мо минбаъд низ ба ҳифзу рушди худшиносӣ, забону маданият, дин, урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллату халқиятҳо рӯйи эътибор гардонда мешавад.

Шавкат МИРЗИЁЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон


Мувофиқи қарори Сарассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид аз соли 1997 инҷониб, 16-уми ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи таҳаммулпазирии байналмилалӣ қайд карда мешавад. Аз соли 2019 бо ташаббуси сарвари кишварамон ин сана ҳамчун ҳафта ба таври васеъ ҷашн гирифта мешавад. 
Имсол низ ин анъана идома ёфта, «Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ» таҳти шиори «Маърифат ва таҳаммулпазирии байни миллатҳо» баргузор мегардад. Дар доираи ҳафта брифинг, суҳбати «мизи мудаввар», конфронсҳо, намоиши аксҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва илмӣ баргузор мегарданд. Ӯзбекистон имрӯз ҳамчун кишваре, ки намунаҳои таҳаммулпазириро таҷассум кардааст, барои тамоми ҷаҳон намуна шуда истодааст. Метавон гуфт, ки ин таҷрибаи чандинасраи Ӯзбекистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо намунаи ибрат аст. 
Маҷлиси навбатии Клуби байналмилалии матбуот бахшида ба «Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ» баргузор гардид. Дар он роҳбарони Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирон, Кумитаи оид ба корҳои дин, Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва маърифат, Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказии назди Вазорати корҳои хориҷӣ, сафирони Федератсияи Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон дар Ӯзбекистон, депутатҳо, намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, раисони марказҳои милливу фарҳангӣ ва ҷамъиятҳои дӯстӣ иштирок намуданд. 
Раиси Клуби байналхалқии матбуот, ректори Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон Шерзодхон Қудратхоҷа, раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ Рустам Қурбонов, муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони  Вазирон, ректори Академияи байналмилалии исломӣ Музаффар Комилов, роҳбари Маркази маънавият ва маърифат Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов ва дигарон таъкид намуданд, ки масъалаҳои таъмини ризоияти байнимиллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат ҳамеша барои халқамон аз самтҳои устувор маҳсуб меёфт.  
Бо ташаббуси Сарвари давлатамон ҳангоми ташаккул додани Ӯзбекистони нав ба таъмини сулҳу оромии байни миллатҳо ва суботи иҷтимоӣ дар ҷомеа эътибори махсус дода мешавад.
Ҳоло Ӯзбекистон барои зиёда аз 130 миллат ва халқият хонаи умумӣ мебошад, дар кишварамон барои ғанӣ гардондани маънавият ва рушди фарҳанги онҳо шароити васеъ фароҳам оварда шудааст.
Дар кишвар дар баробари дини ислом 16 конфессияи динӣ амал мекунад. 
Инчунин, дар чорабинӣ таъкид гардид, ки қои-даҳои таҳаммулпазирӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон чунин навишта шудааст: «Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи озодиҳои якхела доранд ва новобаста аз ҷинс, нажод, миллат, забон, дин ва пайдоиши иҷтимоӣ дар назди қонун баробаранд».
Гуфтан мумкин аст, ки имрӯз дар раванди ҷараёнҳои ҳамгароии халқу миллатҳои таъмини сулҳу оромии байни онҳо ва таҳаммулпазирии конфессияҳо на танҳо барои Ӯзбекистон, балки барои тамоми кишварҳои ҷаҳон масъалаи муҳим мебошад. Дар ҷаҳон миллату халқҳои зиёде ҳастанд, ки ҳар кадоми онҳо арзиш ва урфу одатҳои ба худ хос доранд. Дар баробари инсондӯстӣ ва таҳаммулпазирӣ саъю кӯшиш ба ҳамфикрии байни миллатҳо яке аз фазилатҳои олии халқи мост.
Мутаассифона, дар ҷаҳони имрӯза қувваҳои зиёде ҳастанд, ки сулҳу оромиро вайрон мекунанд. Хусусан, ҳифзи ҷавонон, ки ояндаи кишвар мебошанд, аз миллатгароӣ, низои мазҳабӣ, динӣ ва минтақавӣ муҳим аст.
Ҳадафи асосии «Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ», ки дар кишвари мо васеъ қайд карда мешавад, мусоидат ба иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа, дар рӯҳи ҳифзи забон, фарҳанг, анъана ва расму оинҳои халқҳои муқими кишвар, ватанпарварӣ тарбия кардани онҳо, боз ҳам пурзӯр намудани ҳисси ҳамбастагии байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии байни конфессияҳо мебошад.  

М. МАМАҶОНОВА,
мухбири 
«Овози тоҷик».
          

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: