мегӯяд актёри маъруфи фаронсавӣ
Ҳунарманди маъруфи синамои Фаронса Жерар Депарде барои ба навор бардоштани як филми мустанад ба Тошканд омад. Вай дар ҷараёни ин сафар бо муовини Сарвазири Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов ва дигарон мулоқот кард.
Зимни боздид аз Маркази тамаддуни ислом ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар тарғиби моҳияти инсонпарваронаи дини Ислом ба ҷомеаи ҷаҳонро хеле муҳим арзёбӣ кард.
– Ман ба ташаббуси Президенти мамлакати шумо Шавкат Мирзиёев ҷиҳати барпо намудани ин марказ комилан ҳамроҳ мешавам. Дар мамлакати шумо арзишҳои инсонпарваронаи ин дини муқаддасро гиромӣ медоранд ва амали нерӯҳоеро, ки ин эътиқодро бо таҳдиду таҷовуз ва хунрезиҳо баробар мекунанд, сахт маҳкум менамоянд. Тавре ки коршиносон мегӯянд, Ӯзбекистон барои олами ислом пойдевори модели ривоҷи инсонпарваронаро мегузорад. Дарвоқеъ, ин лаҳзаҳои таърихиянд, – гуфтааст Жерар Депарде.
Депарде ҳузуру ҳаловати худро аз меҳмоннавозии мардуми мо низ пинҳон надоштааст.
– Ба Ӯзбекистон мавқеи беназири ҷуғрофӣ эҳдо шудааст. Ин мамлакат дар маркази қораи Осиё ҷой гирифта, аз фарҳанги кишварҳои беруна анъанаҳои зиёдеро ҷамъоварӣ ва таҷрибаи худро ба олами беруна ташвиқ намудааст, – мегӯяд ӯ.
Ба таъкиди ӯ маҳз ҳамин ҷиҳати ислом яке аз рукнҳои филми мустанади ӯро ташкил хоҳад дод.
– Вазифаи мо ба тамошобинони фаронсавӣ расонидани чеҳраи ҳаққонӣ, фарҳанг, илм ва санъати ислом мебошад, – таъкид кардааст актёр.
Корҳои наворбардорӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хева, Тирмиз ва Нуқус анҷом дода хоҳанд шуд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.