Ӯзбекистон бинобар талқини маҷаллаи «The Economist»-и Британия дар соли 2019-ум «Мамлакати сол» эътироф гардид.
Аз ин хусус дар сайти расмии маҷалла иттилоъ дода шуд.
Тавре ки нашрия менависад, дар озмуни кунунӣ муайян кардани ғолиб осон набуд. Онҳо аз ҷумлаи коршиносони махсус ба комёбиҳои демократии бисёр давлатҳо эътибори алоҳида доданд. Эътироф гардид, ки дар самти мазкур комёбиҳои Ӯзбекистон бештар аст, дар натиҷа кишвари мо «Мамлакати сол» эълон шуд.
Нашрия ба бекор карда шудани ҷамъоварии иҷбории пахта дар Ӯзбекистон, ҳамчунин, корҳое, ки дар низоми ҳуқуқу тартибот амалӣ мешаванд, баҳои баланд дод.
Аз ҷумла, аз тирамоҳи соли 2016 дар ҷумҳурӣ ҳамаҷониба татбиқ намудани ислоҳот оғоз ёфт. Кор дар самти мазкур бо суръати баланд идома дорад, қайд шудааст дар маҷалла.
Дар Ӯзбекистон аз байн бардошта шудани меҳнати иҷборӣ, барҳам додани ҳабсхонаи калонтарини минтақа, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои сафари журналистони хориҷӣ ба мамлакат, ҳамчунин боз гардидани як қатор нуқтаҳои сарҳадӣ баҳри беҳсозии робитаҳо бо давлатҳои ҳамсоя барои «Мамлакати сол» эълон кардани ин кишвар асос мешаванд.
Ӯзбекистон ҳоло бояд роҳи дарозро тай намояд, вале ягон давлати дигар чун он дар соли 2019-ум чунин пеш нарафтааст, – гуфта мешавад дар «The Economist».
ӮзА.