ӮЗБЕКИСТОН МИНБАЪД ПАХТАРО ЧУН АШЁИ ХОМ СОДИР НАМЕКУНАД

Дар Тошканд таҳти унвони “Мувозинати нав дар бозори бофандагии ҷаҳон – иштирокчиён ва анъанаҳои нав” нишасти байналмилалӣ баргузор гардид.

Он бо ташаббуси Иттиҳодияи “Ӯзтӯқимачиликсаноат” ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати инвеститсия ва тиҷорати беруна, инчунин бо дастгирии як қатор созмонҳои бонуфуузи байналмилалӣ роҳандозӣ шуд. 
Директори иҷроияи WTIN (Шабакаи иттилоотии ҷаҳонии бофандагӣ) Марк Ярвис изҳор намуд, ки эътилофи байналмилалии Cotton Campaign анҷоми бойкот ба пахтаи Ӯзбекистонро эълон кард ва ин дастоварди басо муҳим барои Ӯзбекистон мебошад.  
Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева ёдовар шуд, ки эълони бойкот ба пахтаи кишварамон тақрибан 12 сол идома кард ва дар ин муддат содироти ашёи хоми мо ба Аврупову Амрико комилан қатъ шуд.
– Акнун бо ифтихор гуфта метавонем, ки Ӯзбекистон дигар пахтаи худро ба хориҷа намефурӯшад, балки аз ҳамсоякишварҳо онро харидорӣ карда, коркарди онро ба роҳ мондааст. Ҳоло дар мамлакати мо ҳатто коркарди партов ба роҳ монда шудааст ва бо фароҳам овардани ҷойҳои нави кор сафи бекорон куллан коҳиш меёбад. Барои ҳар як коргару ходим шароити хуби меҳнат низ фароҳам оварда мешавад. Маҳсули кор меафзояд. Аз меҳнати кӯдакон дар мо тамоман даст кашида шуд, – гуфт Танзила Норбоева.
 Раиси Сенат таъкид варзид, ки сол аз сол ҳамкорони хориҷии Ӯзбекистон рӯ ба афзоиш овардааст. Ин бесабаб нест. Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дар солҳои охир аз тамоюлҳои кушодарӯӣ ва шаффофӣ кор гирифта, ислоҳотеро пиёда мекунад, ки дар он манфиатҳои мардум дар мадди аввал гузошта шудаанд.
Маълум шуд, ки солҳои 2009-2010 Ӯзбекистон содироти ашёи хомро ба Русия ва кишварҳои дигари ИДМ оғоз кард. Муддати дароз ғайр аз Русия кишварҳое чун   Украина, Қирғизистон ва Қазоқистон аз ҳамкорони мо маҳсуб меёфтанд, ки ба пахта эҳтиёҷ доштанд. Ӯзбекистон вақти пурсамар ва басо лозимаро дар ин муддат аз даст дод.
Дар нишаст ноиби вазири инвеститсия ва тиҷорати беруна Бадриддин Обидов қатъи эълони бойкотро яке аз пирӯзиҳои кишвар дар солҳои охир арзёбӣ кард.
– Ин ҷо зикри иродаи сиёсии Президентро ҷиҳати пиёда кардани ислоҳоти васеъмиқёс лозим мешуморам, ки саноати бофандагиро низ дар худ фаро хондааст. Аз ин мамлакат танҳо бурд мекунад ва дараҷаи некӯаҳволии мардум боло меравад, – гуфт Бадриддин Обидов.
Тило Клинер, сафири Олмон дар Ӯзбекистон кишвари моро манбаи бои саноати бофандагӣ унвон кард ва афзуд, ки он имкониятҳои хеле фаровонеро доро мебошад.
– Ҳоло муҳит хеле тағйир ёфтааст.Ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кардааст, ки дар Ӯзбекистон амну субот барқарор буда, он дари ҳамкориҳояшро ба рӯйи хоҳишмандон боз намудааст. Аз чунин имконият бояд соҳибкорону инвесторҳо ба таври фаровон истифода кунанд, – иброз дошт Тило Клинер.
Дар идомаи нишаст иҷлосияи асосӣ баргузор гардид, ки дар мавзӯи “Тавозуни нав дар бозори ҷаҳонии бофандагӣ ва анъанаҳои Fast Fashion” сурат гирифт.    Маросими кушодашавии Намоишгоҳи байналмилалии бофандагии “UzTextile Expo Тирамоҳи 2022”, ки дар павилёнҳои васеъ ва барҳавои “Ӯзэкспомарказ” баргузор шуд, бо ширкати иштирокчиёни нишаст гузашт. Онҳо маҳсулоти саноати бофандагӣ ва мӯдро тамошо карданд. Дар намоишгоҳи мавсими тирамоҳӣ  маҳсулоти тавлидгарон – ширкатҳои Туркия, Белорус, Русия, Хитой ва соири кишварҳои дигар ба намоиш гузошта шуданд. Теъдоди корхонаи истеҳсолкунандаи он 150-ро ташкил дод ва 80 дарсади он аз маҳсулоти соҳибкорони ӯзбекистонӣ  иборат буд. 
Намоишгоҳ, нишон дода тавонист, ходимону кормандони саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ ба чӣ қодиранд. Дар ҷараёни намоиши маҳсулот таваҷҷуҳи иштирокчиёни онро таҷрибаи дизайнерҳои мамлакатамон ба худ ҷалб намуд. Инчунин чанд лоиҳа муаррифӣ гардид, ки афзоиши салоҳияти корхонаҳои Ӯзбекистон ба истифода аз савдои барқарори рақамӣ дар саноати бофандагӣ ихтисос ёфтаанд.
 Ин нишасти байналмилалӣ, ки таҳти унвони “Мувозинати ҷадид дар бозори бофандагии ҷаҳон – иштирокчиён ва анъанаҳои нав” як рӯз давом кард, ба майдони баҳсу мунозираҳо ва мулоқотҳои самимӣ табдил ёфт. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: