ӮЗБЕКИСТОН — МУҲИМТАРИН ҲАЛҚАИ СУБОТИ МИНТАҚА

Дар Ӯзбекистон сарфи назар аз шароити мураккаби пандемия лоиҳаҳои бузурги бунёдкорӣ амалӣ мегарданд.

Дар Ӯзбекистон  сарфи назар аз шароити мураккаби пандемия лоиҳаҳои бузурги бунёдкорӣ амалӣ мегарданд. Хусусан, соҳибкорӣ авҷ гирифтааст. Дар ҷараёни татбиқи амалии лоиҳаҳо  эътибор ба омили инсонӣ, хусусан ба таъмини сулҳу субот, таҳаммул дар муносибати байни миллатҳо ва конфессияҳои динӣ ҳеҷ гоҳ суст нашудааст.  Зеро ҳар гуна нақшаву ниятҳои нек  дар сурате самар медиҳанду ҷомаи амал мепӯшанд, ки дар кишвар сулҳу осоиш барқарор бошад.  Ин гуна омил табиист, ки ба обрӯву эътибори байналмилалии Ӯзбекистон, иштироки он дар ҷараёнҳои интегратсионӣ  таъсири мусбат мерасонад.
Инак, беш аз  се сол аст, ки авзои минтақавӣ, муносибатҳои байни давлатҳои Осиёи Марказӣ беш аз пеш рӯ ба беҳбудӣ оварда, риштаҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманд мустаҳкам мешаванд. 
***
Чанд рӯз пеш дар маркази ноҳияи Риштони вилояти Фарғона бинои “Хонаи дӯстӣ”-и ӯзбекону тоҷикон ба истифода супурда шуд. Бино хеле назаррабо, дар асоси анъанаҳои меъмории миллии хоси ин халқҳои бародар, намунаҳои беҳтарини кандакорӣ  қад рост кардааст. Умедворем, ки ин кошона дар асл ҳам макони рӯҳияти дӯстиву бародарии  сокинони на фақат ин ноҳия, балки дигар қисматҳои вилояти Фарғона, ки дар он ҷоҳо низ тоҷикон камшумор нестанд, хоҳад шуд.  
Риштон аз азал як гӯшаи дилфиреби Ӯзбекистон аст, ки дар он  ӯзбекону тоҷикон  ҳампаҳлӯ, дар муҳити бародарӣ аҳлона зиндагӣ карда,  ҳунармандӣ-кулолиро ба дараҷаи санъат баровардаанд. Вай бо фарзандони ҳунармандаш халқҳои моро машҳур кардааст. Аз ҷумла, онҳо ба инкишофи илму маданияти ду халқ хидматҳои назаррас кардаанд. Ҳунарпешаи халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов, ки соли 1907 дар Риштон дар оилаи  саҳҳоф ва хаттот ба дунё омада буд, соли 1931 ба Душанбе рафта,  ҳамчун яке аз саромадони театри тоҷик пурмаҳсул эҷод кард.  Ӯ дар даҳҳо филмҳои тоҷикӣ (Зол дар “Достони Рустам”, Кова дар “Парчами оҳангар”, Саҳл ибни Мансур дар “Қисмати шоир”) ва  ӯзбекӣ (соли 1949) дар асари саҳнавии “Алишери Навоӣ” нақши Ҳусайн Бойқаро, дар песаи “Бой ва хизматгор” (1957) нақши Солеҳбой, дар намоишномаи “Сӯзанаи шоҳӣ”-и Абдулло Қаҳҳор (1953) нақши Мавлонро моҳирона иҷро кардааст. Хушбахтона, чунин мисолҳоро аз сарнавишти фарзандони маъруфи Риштон бисёр зикр кардан мумкин аст. Ҳамин гуна ҳолат дар таърихи ноҳияи Чуст низ мушоҳида мегардад.
***
Тахминан наздики яку ним сол пеш хабарнигори  Би-Би-Си  Бен Тавенер ба Ӯзбекистон омада буд. Ӯ дигаргуниҳои азимро бо чашмони худ дида, таассуроташро чунин баён кардааст: “Ҳама гуна монеаҳоро бартараф кардан ҳамеша воқеаи мусбӣ ба ҳисоб меравад. 
Виза (раводид) айнан аз ҷумлаи ҳамин гуна монеаҳо буд. Ба Ӯзбекистон на бо назардошти 20-25 сол муқаддам,  балки ба тағйироти ду соли охир  бояд баҳо дод. Воқеан, дар ду соли охир дар ин кишвар бисёр корҳо ба сомон расиданд”. 
Ин иқдоми нек, хусусан барои мардумони Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки солҳо ба дидори якдигар муштоқ буданд, ҳодисаи таърихӣ гардид. Ин мавзӯи дигар аст.  Ҳоло, мутаассифона,  бар асари пандемия  башарият дар чанголи азобу уқубат мебошад. Ин офате, ки сарҳадро намедонад, сарҳадҳои моро баст. Дар чунин вазъият баъзе кишварҳо бо пандемия танҳо рӯ ба рӯ омаданд, бо таъбири дигар “ҳар кас қолинро худаш аз об бароварданист”. 
Дар чунин шароити ногувор Ӯзбекистон сиёсати минтақавиашро тағйир надод. Чанде пеш веб-сайти “Azia-Plus”  хабар дод, ки  соли 2020 дар шароити пандемия  Ӯзбекистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки ба Тоҷикистон бештар кӯмаки инсонпарварӣ расонидааст. Саҳми  Ӯзбекистон 17,4 фоизро ташкил  менамояд.  Бевосита бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев 9 апрел, 8, 29 май  бори инсонпарваронаи  иборат аз воситаҳои тиббӣ,  орд, дору ва ғайра ба Душанбе фиристода шуд. Як гурӯҳи шифокорони ӯзбекистонӣ барои кӯмак ба ҳамкасбони тоҷики худ чанд муддат дар Тоҷикистон кор ва мубодилаи таҷриба намуданд. Дар навбати худ, ҳангоме ки ба сари мардуми вилояти Сирдарё бар асари кӯчиши сарбанди обанбори Сардоба рӯзи сахт омад, 20-уми май бо супориши сарвари  давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сирдарёиҳо  51 вагон масолеҳи муҳими сохтмон  фиристода шуд.  Бузургон  беҳуда нафармудаанд:
Дӯст он бошад, ки гирад 
дасти дӯст,
Дар парешонҳолию 
дармондагӣ.
Ӯзбекистон кӯмаки инсонпарвариро инчунин ба Қирғизистон, Афғонистон, Эрон, Хитой  фиристод ва ин кӯмак, фикр мекунем, каме бошад ҳам, ба дарди мардумони ба мо бародар марҳам шуд.
Ӯзбекистон дар вазъияти шадиди эпидемиологӣ низ барои воситаҳои нақлиёти транзитии мамлакатҳои ҳамсоя аз ҳудудаш монеъгӣ ба амал наовард. Соҳибкорон ҳам мисли пешина мубодилаи молро давом медиҳанд.  
Президент Ш.Мирзиёев бо ҳамаи сарварони кишварҳои ҳамсоя  мунтазам аз тариқи телефон гуфтугӯ намуда, оид ба масъалаҳои муборизаи зидди сирояти коронавирус, раҳо кардани иқтисодиёт аз буҳрон, инчунин инкишофи ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳими гуманитарӣ мубодилаи афкор мекунад.
Хусусан, бо шарики стратегӣ — Ҷумҳурии Қазоқистон  муносибатҳо сол аз сол қавӣ мегарданд. Соли 2019 дар Ӯзбекистон “Соли Қазоқистон”  хеле хуб гузашт.  Ду ҷониб  имконияти дар соли 2020 то ба 5 миллиард доллари ИМА расонидани ҳаҷми савдо, мубодилаи молро доранд. Робитаҳои ҳамкорӣ, хусусан дар соҳаҳои обу энергетика, нафту газ, коммуникатсия хуб мешаванд. Бино ба хулосаи  маркази таҳлили муносибатҳои байналмилалии  Chatham House  (Британияи Кабир)  дар бораи нақши Ӯзбекистон дар ҷараёнҳои интегратсионӣ “раҳбари нав Шавкат Мирзиёев барои гарм кардани муносибатҳои Ӯзбекистон бо давлатҳои ҳамсоя пешниҳоди худро гуфта, ба иҷрои вазифаи президентӣ оғоз намуда буд. Ӯ ба сиёсати протексионизми Каримов барҳам дода, ба бештар аз 30 намуди гурӯҳи мол гумруки импорт (воридот)-ро бекор кард. Ҳамин тариқ, муносибатҳо бо давлатҳои ҳамсоя аз сиёсат ва мафкура  холӣ шуд, барои фаровон кардани бозори Ӯзбекистон роҳ кушод”. Ин мавзӯъ, хусусан 22-юми июни соли ҷорӣ зимни гуфтугӯи телефонии Шавкат Мирзиёев бо Президенти аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон — Элбаси Нурсултон Назарбоев мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳукумати ду  мамлакат дар ин роҳ чораҳо меандешанд. Бештар аз даҳ лоиҳаи муштарак устуворона татбиқ карда мешаванд. Мисоли рӯшани ҳамкорӣ 27 марти соли 2020 дар шаҳри Қӯстанайи Қазоқистон  оғоз ёфтани истеҳсоли автомобилҳои UzAuto Motors бо  бренди Chevrolet  аз тарафи ширкати “СариаркаАвтоПром”  аст.
Соли гузашта Ӯзбекистон ба Қирғизистони ҳамсоя  барои ҳимояи иқтисодиёти ин мамлакат 100 миллион доллар кредит ҷудо намуд. Бояд гуфт, ки ин кишвар барои ба бозори давлатҳои бузурги Осиё баровардани  маҳсулоти Ӯзбекистон  имкониятҳои калони транзитӣ дорад. Масалан, барои  пайвастани бозори Ӯзбекистон бо Чин ба воситаи Қирғизистон тай кардани ҳамагӣ 300  километр кифоя аст.  Дар ин бобат қадамҳои далерона гузошта шуданд. Агар ин роҳ ба кор дарояд, на фақат бо Хитой, балки бо чандин давлати Шарқи Наздик, Аврупо ва Осиё низ лоиҳаҳои хубро метавон ҷомаи амал пӯшонид. Ин танҳо як мисол аст, ки Ӯзбекистон бо кишварҳои ҳамсоя   дар таъмини сулҳу субот, ҳамсоягии нек ва  албатта, бо назардошти манфиатҳои дуҷониба ва серҷониба амалӣ менамояд. 
Ба ҳамин гуна мақсадҳои нек муносибатҳоямон бо Туркманистон ҳам рушд меёбанд. 29-уми ноябри соли 2019 Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар аснои Мулоқоти машваратии раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ  ва ташрифи расмиаш аз мустаҳкам шудани муносибатҳо ба Ӯзбекистон дар рӯҳи ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ, пешомадҳои лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи газ, амалиётҳои содирот-воридот, кишоварзӣ, нақлиёт бо мамнуният  ҳарф зад. 
Оре, Ӯзбекистон  тайи се соли охир ба ҷараёнҳои қаробати минтақавӣ такон бахшид. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев  зимни суханронӣ дар конфронси байналмилалии воқеъ дар шаҳри Самарқанд “Осиёи Марказӣ: таърихи ягона ва ҳамкорӣ дар роҳи ояндаи умумӣ, рушди босубот ва тараққиёт” аз ҷумла қайд карда буд: “Осиёи Марказӣ минтақаест, ки  дар ҳақиқат имкониятҳои нодир ва салоҳияту иқтидори бузурги ҳанӯз истифоданашуда дорад. Таъмини тараққиёти мустаҳкам, субот ва беҳбудӣ  барои мо вазифаи  муштаракест, ки бояд якҷо ба он ноил  гардем”.
Ӯзбекистон на фақат бо кишварҳои минтақа, балки дар чорчӯбаи Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркӣ, аз ҷумла бо Туркия, Озарбойҷон робитаҳои тиҷоративу иқтисодиро  беш аз пеш мустаҳкам менамояд.
2-юми августи соли ҷорӣ Президенти муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ мулоқоти телефонӣ дошт. Дар аснои мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ  мубодилаи афкор ба амал омад. Ӯзбекистон  чандин лоиҳаҳои азими иқтисодию коммуникатсиониро дар Афғонистон татбиқ мекунад. Инро кишварҳои бузурги дунё ҳам эътироф кардаанд. Лоиҳаи энергетикии “Сурхон — Пули Хумрӣ”, дар Афғонистон ба вуҷуд овардани гузаргоҳи нақлиётӣ ва роҳи оҳан аз ҷумлаи онҳост.  Дар соҳаи таълим ва  маданию инсонпарварӣ қадамҳои мушаххаси амалӣ гузошта шуданд.
Аммо барои татбиқи амалии ҳар гуна лоиҳаи бузург, мақсаду ниятҳои нек, пеш аз ҳама, таъмини сулҳу субот дар Афғонистон зарур аст.   Дар ин бобат Ӯзбекистон ҳама гуна қувваи ба сулҳ хайрхоҳро дар хоки Афғонистон ва берун аз он дастгирӣ мекунад. Конфронси байналмилалии Тошканд ҳанӯз аз ёди коршиносон  (моҳи марти соли 2018) нарафтааст. Зиёда аз ин 29 ноябри соли 2019 дар  Мулоқоти машваратии раҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ  Президент қайд  кард, ки таъмини сулҳ ва ба роҳи тараққиёт дохил шудани Афғонистон барои тамоми минтақа муҳим аст. 
Маҳз, ба  ҳамин ният чанд сол пеш бо кӯмаки мутахассисони Ӯзбекистон роҳи оҳани барои иқтисодиёти Афғонистон хеле муҳими “Ҳайратон – Мазори Шариф” сохта шуд. Акнун   Ӯзбекистон дар иҷрои лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Мазори Шариф – Кобул – Пешовар”, “Мазори Шариф — Ҳирот” фаъол иштирок карданист. Лоиҳаи дигар эҷоди роҳи оҳани “Мазори Шариф – Шибирғон – Маймана – Ҳирот” низ барои тамоми минтақа  муҳим мебошад. Ҳамин тариқ, ба ҷараёни интегратсионӣ ҷалб кардани Афғонистон  барои ҳалли муаммоҳои дохилии ин кишвар худ аз худ ҳамчун омили бузург хизмат хоҳад кард. 
***
Аслан сарзамини  Ӯзбекистони имрӯза, Мовароуннаҳри бостонӣ  аз қадимулайём то ин  замон баробари гаҳвораи тамаддуни ғанӣ, анъанаҳои хоси маърифатию динӣ будан ҷойи мулоқоти тамаддунҳо, гуфтугӯйҳои сулҳомезона ва хайрхоҳона будааст. Инро таърихи мозӣ ва имрӯз хуб медонад.  Имрӯз кору вазифаи ба он рӯҳ, маъно ва моҳияти  нав бахшидан дар зиммаи мост. Яъне, Ӯзбекистон омили муҳими суботу ҳамкории минтақавӣ буд ва чунин боқӣ мемонад. 

Шоқаҳҳор САЛИМОВ, 
шореҳи сиёсӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: