ӮЗБЕКИСТОН НА ТАНҲО ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ, БАЛКИ ДАР ФАЗОИ ПАСОШӮРАВӢ НИЗ ДРАЙВЕРИ ИСЛОҲОТИ ИҚТИСОДӢ ГАРДИД

Мулоқоти кушоди Президент Шавкат Мирзиёев бо соҳбкорон, ки 22 август баргузор гардид, дар байни намояндагони доираҳои корчаллони байналмилалӣ ва коршиносӣ акси садои васеъ пайдо намуд.

Дар аксари шарҳҳо таъкид мегарданд, ки Ӯзбекистон ба сӯйи рушди устувори иқтисодӣ босуръат пеш рафта, монеаҳои мавҷудаи берунӣ ва дохилиро самаранок бартараф менамояд.
Ҷомеаи соҳибкорони ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон оид ба дастгирии соҳибкорон истиқбол мекунанд, коршиносон баҳои некбинона медиҳанд.

Раҳбари маҳфили сиёсатшиносони «Кавкази Ҷанубӣ» Илгар ВЕЛИЗАДЕ (Озарбойҷон):
 – Дар Ӯзбекистон барои рушди соҳибкорӣ саъю кӯшиши бебаҳо бурда мешавад. Гузашта аз ин, роҳбарияти кишвар ба фароҳам овардани заминаи мусоиди институтсионалӣ барои фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. 
Бояд гуфт, ки муҳимтарин қарорҳо дар ин соҳа дар шароити канда шудан аз вазъияти воқеии корҳо ташаккул намеёбанд. Ҳама қарорҳои асосӣ бо назардошти муколамаи мақомот бо соҳибкорон, муколама дар сатҳи олӣ қабул мешаванд. Мулоқоти ошкорои Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев бо соҳибкорон далели ин гуфта мебошад.
Ман ҳамчун мутахассиси байналмилалӣ он фактро таъкид накарда наметавонам, ки ҳангоми таҳияи рӯзномаи сафарҳои гуногуни давлатӣ манфиатҳои соҳибкорони ӯзбек низ ба инобат гирифта мешаванд. Қариб ҳар сафари Президент Шавкат Мирзиёев ба хориҷа бо имзои қарордодҳои чандмиллиарддолларӣ миёни ширкатҳои Ӯзбекистон ва шарикони хориҷии онҳо сурат мегирад. Ин, дар навбати худ, ба рушди соҳибкорӣ дар Ӯзбекистон такони нав бахшида, барои ба кишвар ҷалб намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад. 

Директори Донишкадаи иқтисодиёти Академияи фанҳои Латвия Нина ЛИНДЕ:
– Ӯзбекистон тайи 3-4 соли охир ба драйвери ислоҳоти иқтисодӣ барои дигаргунсозӣ ва рушд дар тамоми минтақа табдил ёфт. 
Чунин мулоқотҳо бо сарвари давлат соҳибкорони ӯзбекистониро ба пешравиҳои боз ҳам бештар водор месозад. 
Аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон муқаррар шудани имтиёзу сабукиҳо, ки аз тадбирҳои кумаки давлатӣ ба бахши хусусӣ сар карда ва дар масъалаҳои дастгирии маънавии соҳибкорон ба охир мерасад, аз сайи Ӯзбекистон дар самти ҳавасмандии аҳолӣ ба соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад. 
Ташаббуси Президенти Ӯзбекистон дар бораи таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба дастгирии соҳибкории назди Президент дар механизми идоракунии давлатӣ ҷойгоҳи махсус хоҳад дошт. 
Таваҷҷуҳи шахсии Сарвари давлат ба рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо, бешубҳа, ба беҳбуди инфрасохтор, сифати таълим, тандурустӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Президенти ширкати «NoritsuIsu Co.LTD»  Шого АОКИ  (Ҷопон):
– Дар Ӯзбекистон ба сифати сармоягузор бо фаъолияти касбӣ шуғл варзида, дар бораи ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев оиди қарори ҷорӣ кардани муносибати нав ба дастгирии корхонаҳо бо роҳи ба тоифаҳо ҷудо кардани онҳо, ки дар рафти мулоқоти кушод бо соҳибкорон 22 август садо дод,  шунида, хушҳол шудам. 
Аз ҷумла, изҳороти Президенти Ӯзбекистон дар бораи аз 1 январи соли 2023 то 12 фоиз кам кардани ставкаи андоз ба арзиши иловагӣ сазовори эътибори алоҳида аст.
Қарори сарвари давлатро боз як иқдоми муҳим медонам - аз 1 июли соли ҷорӣ истифодаи ставкаҳои афзояндаи андоз бинобар истифода нашудани бино ё замини холӣ, инчунин аз ҳисоб баровардани қарздории соҳибкорон ба миқдори 2 триллион сӯм, ки дар натиҷаи супоридани андозҳо бо ставкаи баланд ба вуҷуд омадааст, бекор карда шуд.
Сиёсатшиноси қирғиз Шерадил БАКТИГУЛОВ:
– Ӯзбекистон тайи 3-4 соли охир драйвери ислоҳоти иқтисодӣ дар таҳаввулот ва рушд на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар маҷмӯъ дар фазои пасошӯравӣ гардид. Дар ин замина Президент Шавкат Мирзиёев ба рушди бахши хусусӣ афзалият медиҳад.
Мехоҳам қайд намоям, ки чунин вохӯриҳои сарвари давлат бо соҳибкорон онҳоро ба пешравиҳои боз ҳам бештар водор месозад. Ба ғайр аз ин, вай як қатор имтиёзу сабукиҳоро муайян намуд, ки бешубҳа аҳолии Ӯзбекистонро ба шуғл варзидан бо соҳибкорӣ ҳавасманд мегардонад. 
Дар Ӯзбекистон корхонаҳои хусусӣ дар соҳаи нассоҷӣ, истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ва маҳсулоти саноати хӯрокворӣ махсусан бомуваффақият инкишоф меёбанд. Қирғизистонро зарур аст, ки таҷрибаи Ӯзбекистонро дар ин самт истифода барад. Умуман, ин барои Қирғизистон намунаи тайёр аст, ки чи тавр бояд дар соҳаҳои имрӯз серталаб бомуваффақият кор кунад.
Дар ҳоли ҳозир вазъи иқтисодӣ дар ҷаҳон тағйир меёбад ва ҳамон содирот ба Русия таҳти таҳримҳо коҳиш меёбад. Чунин мисолҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки кишварҳои пасошӯравӣ бояд ба ҳама гуна фалокатҳои иқтисодӣ омода бошанд ва барои тавлиди маҳсулоти худ талош кунанд, ки ҳадди ақал эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ гардонад. Маҳсулоти худӣ на танҳо барои инкишофи омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, балки барои устувории ҷамъиятию сиёсӣ алтернативи хеле хуб аст.
Қобили зикр аст, ки сарвари ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Ин бешубҳа ба беҳбуди инфрасохтор, сифати таълим, тандурустӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

АИ «Дунё».

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: