Ӯзбекистон – Олмон: ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт инкишоф меёбад

Мулоқот вазири нақлиёт Илҳом Маҳкамов ва Сафири тозатаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар кишвари мо Манфред Ҳутерер баргузор гардид.

Дар он дастовардҳо ва нақшаҳои пешомаднок барои оянда, ки  дар натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши байни ду кишвар ба даст омаданд, баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, И.Маҳкамов доираи васеи ҳамкориҳои кунуниро бо ширкатҳои нақлиётии Rhenus, Deutsche Bahn, DB Engineering & Consulting, DB Schenker-и Олмон ва ғайра қайд намуд. Вазири нақлиёт ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки парвозҳои ширкати ҳавопаймоии  Lufthansa ба Ӯзбекистон ҳарчи зудтар барқарор шавад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба як қатор масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика табодули афкор намуданд.

Илҳом Маҳкамов ба сафири тозатаъин дар вазифаи баланду масъулиятнок барору комёбиҳо таманно намуда, оид ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва логистика ба мувофиқа расид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: