«ӮЗБЕКИСТОН ОМОДА АСТ ДАР АМИҚСОЗИИ МУНОСИБАТҲО БО ҲАМСОЯГОН НАҚШИ АЗ ҲАМА ФАЪОЛ ДОШТА БОШАД»

Суханронии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши СҲШ дар Синдао (ҶМЧ) эътибори ҷомеаи байналхалқии коршиносон ва доираҳои сиёсиро ҷалб кард.

Аз ҷумла намояндагони Олмон натиҷаҳои ҳамоиш ва ташаббусҳои минтақавии роҳбари давлати моро  чунин баррасӣ карданд.
Якопо Пепе, корманди илмии Маркази ба номи Роберт Бош оид ба омӯхтани Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, Русия ва Осиёи Марказии Ҷамъияти сиёсати хориҷии Олмон (DGAP): 
– Натиҷаҳои ҳамоишро, бешубҳа, метавон мусбат гуфт, ин дар муносибати пешомадноки ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ боз беҳтар буд. Чунин ҳамкорӣ аллакай солҳои наздик метавонад равшан зоҳир шавад. Инкишоф додани ҳамкориҳои минтақавӣ ва наздиминтақавӣ, қаробати инфрасохторҳо, ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи амният ва пурзӯр кардани мубориза бар муқобили терроризм, дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти Афғонистон ва Сурия дар пояи муносибатҳои минтақавӣ ва қитъавӣ аз он ҷумла мебошанд.
Президент Шавкат Мирзиёев бори дигар тасдиқ намуд, ки дар шароити афзудани тартиби  минтақавии ҷаҳонӣ Ӯзбекистон тайёр аст бобати амиқсозии муносибатҳо бо ҳамсоягони минтақа ва кишварҳои дигар нақши аз ҳама фаъол бозад. Дар ин маврид ман ҷалб кардани эътибор ба соҳаҳои савдо, логистика ва транзитро дар доираи СҲШ муносибати дуруст меҳисобам. 
Пешниҳоди Шавкат Мирзиёев бобати созмон додани механизм барои ҳамоҳангсозии беш аз пеш самарабахши кори ширкатҳои роҳи оҳани кишварҳои аъзои СҲШ аз тариқи ба роҳ мондани мулоқоти роҳбарони соҳа оид ба коркарди ғояҳо ба мақсади рушди иқтидори транзитии тамоми минтақа бахусус муҳим ба шумор меравад.
Томас Бергер, ноиб- президент, роҳбари Департаменти оид ба аудити байналхалқии ширкати Gate Group-и Шветсария:
– Ман ҳамчун мутахассиси оид ба логистикаи нақлиёт ташаббуси роҳбари Ӯзбекистонро бинобар бунёди гузаргоҳи минтақавии нақлиётӣ дар доираи СҲШ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоям. Ман бар онам, ки Тошканд бинобар мавқеи стратегии худ нуқтаи аз ҳама муҳими чорроҳа бо тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ буда метавонад. Аз ин нуқтаи назар дар пешомади наздиктарин созмон додани минтақаи савдои озодро, дар давраи аввал, бо иштироки давлатҳои Осиёи Марказӣ, баъдан бошад, бо иштироки тамоми кишварҳои аъзои СҲШ имконпазир меҳисобам. 

ОИ «Дунё», 
БЕРЛИН – ФРАНКФУРТИ ЛАБИ МАЙН

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: