Ӯзбекистон пас аз таъмири хатҳои барқ ҳаҷми интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон барқарор кард

Ӯзбекистон таъмири хатҳои интиқоли нерӯи барқро бо истеъмолкунандагони Афғонистон ба анҷом расонда, интиқоли нерӯи барқро ба он кишвар пурра барқарор кардааст.

«50% кам шудани интиқол аз ҳисоби барои таъмир баровардани яке аз ду хати интиқоли барқ ​​бо иқтидори 220 кВт буд. Таъмири хатти мазкур ба итмом расида, ҳаҷми пештараи таъминот барқарор карда шуд”, -- омадааст дар хабар.

ҶС «Шабакаи миллии барқӣ»-и Ӯзбекистон ба Афғонситон дар асоси шартномаи дар соли 2019 бо ширкати энергетикии DABS-и Афғонистон имзошуда интиқол медиҳад.   Тибқи ҳуҷҷате, ки барои 10 сол имзо шудааст, ҳаҷми солонаи интиқоли нерӯи барқ ​​бояд 6 миллиард киловатт-соатро ташкил диҳад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба Вазорати энергетика.

Моҳи октябр ҷониби Ӯзбекистон хабар дод, ки DABS аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Эрон барои интиқоли нерӯи барқ ​​ба Афғонистон 62 миллион доллар қарздор аст.

Ҳамчунин гузориш шудааст, ки мақомоти нави Афғонистон аз кишварҳои содиркунанда хостаанд, ки интиқоли нерӯи барқро қатъ накунанд ва ваъдаи пардохти қарзро доранд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: