ӮЗБЕКИСТОН – ҚИРҒИЗИСТОН: ДАР РОҲИ ҶОМАИ АМАЛ ПӮШИДАНИ ҚАРОРДОДҲОИ ДАРАҶАИ ОЛӢ

26 март дар Тошканд ҷамъомади нӯҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба ҳамкории дуҷониба баргузор гардид.

26 март дар Тошканд ҷамъомади нӯҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир ба ҳамкории дуҷониба баргузор гардид.
Дар анҷуман ба ҳайатҳо сарвазирон Абдулла Арипов ва Улуқбек Марипов роҳбарӣ намуданд. Дар анҷуман инчунин аз ҷонибҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон роҳбарони чандин вазорат ва идораҳо иштирок намуданд.
Тавре ки роҳбари ҳукумати мамлакатамон таъкид кард, моро бо Қирғизистони бародар риштаҳои қадимаи дӯстӣ ва ҳамсоягии қарин ва муносибати ҳамкории стратегӣ мепайвандад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров 11-12 марти соли ҷорӣ дар музокироте, ки дар Тошканд баргузор гардид, саҳифаи нави ҳамкориро кушоданд.
Маҷлиси навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ӯзбекистон – Қирғизистон имкон дод, ки муносибати байни ҷумҳуриҳо боз ҳам ривоҷ ёфта, дар ҳоли ба ҳисоб гирифтани манфиати ҳамдигар дар заминаи ҳал намудани масъалаҳои мавҷуда ҳаракатҳои амалӣ муайян карда шаванд.
Дар анҷуман роҳбарони масъули вазорат ва идораҳо дар бобати ҳолати ҷории ҳамкориҳо дар самтҳои савдову сармоягузорӣ, иқтисодиёт, молия, саноат, хоҷагии қишлоқ ва об, нақлиёт, энергетика, илму техника, таълим, коммуникатсия, маданият, масъалаҳои ҷавонон, сайёҳӣ, сохтмон, меъморӣ, рушди минтақаҳо маълумот доданд. Дар вохӯрии роҳбарони давлатҳо нақша ва лоиҳаҳое, ки дар бобати боз ҳам амиқсозии шарикӣ ба манфиати тарафайн муайян гашта буданд, барои ба амал татбиқ намудани онҳо чораҳо баён гардиданд.
Дар байни мамлакатҳоямон ҳаҷми табодули амвол меафзояд. Дар зарфи чор соли охир ин нишондод ба беш аз 5 баробар афзуда, дар натиҷаи соли гузашта 900 миллион долларро ташкил кард. Сарфи назар аз он, ин кифоя нест. Зеро дар се соли оянда барои то 2 миллиард доллар расондани табодули савдо салоҳият ва имконият мавҷуд мебошад.
Барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ӯзбекистон ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои ҳамкории саноатии барои тарафайн муфид муҳим будани суръат бахшидани ҷараёни фаъолияти фонди тараққиёти муштараки Ӯзбекистон – Қирғизистон эътироф гардид. Таклиф шуд, ки омӯхтани масъалаҳои барои ба мамлакатҳои сеюм якҷоя расондани маҳсулот, ба тариқи чакана паҳн намудан ва барпо намудани марказҳои логистика фаъол гардонда шавад.
Зимни табодули амвол татбиқ намудани кори соддаи гумрук, назорати фитосанитария ва карантин байни хидматҳои марбут барномаи инкишоф додани алоқаҳоро қабул намудан таъкид шуд.
Масъалаи васеъ намудани истифода аз роҳи автомобили «Андиҷон – Ӯш – Эркоштам – Қошғар» аз он ҷумла аз тариқи ҷорӣ намудани механизми шарикии давлативу хусусӣ дастгирӣ гардид. Тезондани тайёр намудани лоиҳаи сохтмони хати роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон»-ро аз ҷиҳати техникиву иқтисодӣ таклиф гардид.
Кушодани тамоми нуқтаҳои назорату гузаргоҳии сарҳадоти давлатии Ӯзбекистон – Қирғизистон барои рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва афзудани мавҷи сайёҳон хидмат менамояд.
Дар идомаи музокирот гуфта шуд, ки барои ҳал намудани муаммоҳо вобаста ба фаъолияти иншоотҳои хоҷагии оби фаромарзӣ барои идора намудани об комиссияи муштараки дуҷониба таъсис меёбад. Инчунин рушд бахшидани ҳамкории минтақавӣ дар масъалаҳои об ва экология, боз ҳам мувофиқ гардондани ҷараёни нақли электроэнергияи байни ҳамдигар, ки аз моҳи март шурӯъ гаштааст, васеъ намудани масъалаҳои робитаҳои маданиву гуманитарӣ, хусусан дар ду мамлакат барпо намудани рӯзҳои маданият, якҷоя инкишоф додани бренди сайёҳии «Роҳи абрешим» ва пеш бурдани он, дар сайёҳии зиёратӣ ба амал баровардани лоиҳаҳо, дар мактабҳои олии таълимӣ зиёд намудани квотаи донишҷӯён мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъомад ҷонибҳо барои босамар ба амал татбиқ намудани аҳду паймонеро, ки дар музокироти дараҷаи олӣ ба даст омадаанд, бори дигар таъкид намуданд, ки ҳукуматҳо ба хотири ин барои бо ҳам ҳамкории наздик намудан омода мебошанд.
Дар поёни анҷуман баёнияи ҷамъомади нӯҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

Ғайрат ХОННАЗАРОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: