Дар шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон маҷлиси дуюми комиссияи байнипорлумонии байни Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ баргузор гардид.
Дар он аъзои комиссияи байнипорлумонӣ оид ба ҳамкорӣ, ҳокимони вилоятҳои ҳамсарҳади ду мамлакат – Андиҷон, Фарғона, Намангон, роҳбарони мақомоти намояндагии вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод, Боткен, намояндагони вазорат ва идораҳои дахлдор ширкат намуданд. Дар он вазъи имрӯза ва истиқболи ҳамкории байнипорлумонӣ муҳокима гардид.
Дар маҷлис дар заминаҳои мустаҳкам намудан ва рушд бахшидани ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва маданиву инсонпарварӣ, дар ин замина босамар истифода намудан аз имконоти комиссияи байнипорлумонӣ табодули афкор ба амал омад.
Дар солҳои охир муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз ҷиҳати сифат ба зинаи нав баромаданд, домани ҳамкориҳо дар тамоми самтҳо васеъ мегарданд.
– Ҳаҷми тиҷорат дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ дар байни Ӯзбекистон ва Қирғизистон се баробар афзуд, – гуфт муовини якуми раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамраиси Комиссияи байнипорлумонӣ Содиқ Сафоев. – Хусусан дар самтҳои ҳамкории сайёҳӣ, маданият, илм ва ғайра давраи нав оғоз ёфт. Ин, дар навбати худ, дӯстӣ, муносибати наздики ҳамсоягии ду халқро мустаҳкам хоҳад намуд.
Дар маҷлис ба корҳои ҷоригардидаи мустаҳкамсозии асосҳои ҳуқуқии ташкил намудани кори комиссия, масъалаҳои вобаста ба фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва муносибат дар ин ҳудудҳо, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баҳои баланд дода шуд.
– Дар айни ҳол дар бобати мушаххас намудани ҳудудҳои сарҳадии Қирғизистону Ӯзбекистон 85 фоиз мувофиқа ба даст омад, – гуфт муовини раиси Кумитаи оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, захираи об, экология ва рушди ҳудудҳои Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Акматов. – Дар ин замина нафақат комиссияи байнипорлумонӣ, балки комиссияи байниҳукуматӣ низ кор мебарад. Рӯзҳои наздик дар ҳудудҳои сарҳадие, ки бояд равшанӣ андохта шавад, низ ба як хулоса хоҳем омад.
Дар ҷамъомад масъалаи ташрифи раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н.Йӯлдошев ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ба нақша гирифта мешавад, низ баррасӣ гардид.
Дар маҷлис тамоми масъалаҳое, ки аз рӯзномаи комиссияи байнипорлумонӣ ҷой гирифта буданд, муҳокима гардида, вазифаҳои оянда, корҳои вобаста ба ояндаи ҳамкорӣ муайян карда шуданд. Дар заминаи маҷлиси навбатии комиссия машварат ба вуқӯъ пайваст.
Дар поёни маҷлис қайд гардид, ки ҷамъомади Комиссияи байнипорлумонӣ босамар гузашт. Дар бобати самтҳои устувори ҳамкорӣ нақша ва чорабиниҳои дақиқ муайян карда шуданд.
Фахриддин УБАЙДУЛЛОЕВ,
хабарнигори ӮзА.