Ӯзбекистон – Русия: МИҚЁСИ ҲАМКОРӢ ВАСЕЪ МЕГАРДАД

Равобити ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Русия сол аз сол мустаҳкам мегардад.

Хусусан, тӯли солҳои охир ба роҳ монда шудани ҳамкории байни вилоятҳои кишварамон ва ҳудудҳои Федератсияи Русия ба рушди алоқаҳои соҳаҳои иқтисодӣ, маданиву инсонпарварӣ хидмат менамояд.
Дар вилояти Самарқанд низ имрӯз бо Ҷумҳурии Тотористон дар соҳаҳои гуногун ҳамкории ба ҳар ду ҷониб муфид ба роҳ монда шудааст.
15-19 майи соли ҷорӣ дар доираи рӯзҳои вилояти Челябинск, ки дар кишварамон баргузор гардид, роҳбарони ин вилоят ба Самарқанд ташриф оварда, бобати роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургия ва мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, кишоварзӣ ба созиш омаданд.
Имрӯз дар вилояти Самарқанд 43 корхонаи муштараки бо соҳибкорони русиягӣ созмон додашуда фаъолият нишон медиҳанд. Онҳо асосан бо азнавкоркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, соҳаҳои истеҳсоли  маъдан, маҳсулоти сохтмон, сайёҳӣ, савдо ва хидматрасонӣ, бофандагӣ, истеҳсоли техникаи маишӣ ва хидматрасонии коммуникатсионӣ шуғл меварзанд.
Соли 2017 мубодилаи моли байни вилояти Самарқанд ва Федератсияи Русия 152 миллиону 848,8 ҳазор долларро ташкил дода бошад, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда ба 142 миллиону 795 ҳазор доллар расид. Инчунин айни ҳол бар ивази 15 миллиону 773 ҳазор доллар сармояи ширкатҳои Русия 5 лоиҳаи бузург татбиқ мегардад.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «EMZ KOMMUNALNIK»-и шаҳри Самарқанд яке аз корхонаҳои бо ҳамроҳии соҳибкорони русиягӣ таъсисёфта ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо дегхонаҳои ҳаҷмашон гуногун истеҳсол карда мешаванд.
– Таҷҳизоти замонавии гармидиҳии дар корхонаамон тайёршуда ба газ, ангишт ва ҳезум мувофиқ гардонда шудааст, – мегӯяд роҳбари ҷамъият Баҳодир Қиёмов. – Аз онҳо аҳолӣ дар хонадон, корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълиму тиб, хонаҳои бисёрошёна васеъ истифода мебаранд. Соли гузашта 1 миллиарду 400 миллион сӯмина маҳсулот истеҳсол карда будем. Соли ҷорӣ ин нишондиҳандаро зиёд гардонданием.
Ба воситаи хидмати «Call center»-и дар назди ҷамъият таъсисёфта ба шаҳрвандони кишварамон ва русиягӣ аз аввали сол ба миқдори 159 ҳазор доллар хидмат расонда шуд.
Равобити ҳамкории Самарқанд бо ҳудудҳои Русия дар соҳаҳои илму фан, маданият, сайёҳӣ низ торафт васеъ мегардад. Аз ҷумла, моҳи феврали  соли ҷорӣ дар доираи ҷашнвораи дуввуми ҷавонони Ӯзбекистону Русия дар Самарқанд таҳти мавзӯи «Масъалаҳои рушди сайёҳии ҷавонон ва пешомади он байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия» суҳбати «мизи мудаввар» гузаронда шуда, лоиҳаҳое, ки дар соҳаи мазкур якҷоя амалӣ гардонда мешаванд, мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Ба қарибӣ ҷавонони вилояти Самарқанд дар форуми навбатии дар Русия ташкилшуда иштирок карданд.
Инчунин, аввалҳои моҳи октябр дастаи суруд ва рақси «Қазон»-и Ҷумҳурии Тотористон дар рафти сафари гастролиаш дар Самарқанд низ барномаи худро намоиш дод, ки дар аксарият таассуроти аҷиб гузошт.

Ғ. ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: