ӮЗБЕКИСТОН ШАҲРВАНДОНАШРО САРФИ НАЗАР АЗ ДАР КУҶО БУДАН ҲИМОЯ КАРДА МЕТАВОНАД

Ҳама хабар доранд, ки бино ба супориши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 майи соли 2019 156 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон, асосан, занону кӯдакон ба шаҳри Тошканд оварда шуданд.

Шаҳрвандоне, ки бо роҳи фиреб ба минтақаҳои даргири Шарқи Наздик бурда шуда буданд, тибқи амалиёти инсонпарваронаи «Меҳр» ба кишварамон баргаштанд. Дар чашмони хурду калоне, ки аз ҳавопаймо фуромада, ба замини Ватан по мегузоштанд, ашк ҳалқа зад. Ин натанҳо ашки шодӣ, балки ашки шукронаи раҳоӣ ёфтан аз оташи ҷанг, гуруснагӣ, дарбадарӣ ва хориҳо низ буд.
Дар айни ҳол  занон ва бачаҳои онҳо дар сиҳатгоҳи «Бӯстон»-и вилояти Тошканд ҷойгир карда шудаанд. Мақсад аз ин ба онҳо кӯмаки тиббию психологӣ расондан, тавассути мулоқоти бевосита роҳандозӣ кардани ҳаёти минбаъдаи онҳо мебошад. Занони чашмонашон бар асари яъсу навмедӣ маҳзунгашта, ки сахтиҳои зиёдеро аз сар гузарондаанд, баъди як рӯзи нафаси озод кашидан, изҳор доштанд, ки ин лаҳзаҳои шодмониро гӯё дар хоб мебинанд. 
Вақте як зани миёнсоли андиҷониро ба суҳбат кашидем, дертар сабаби дар қиёфааш нақш бастани сояи ғамро фаҳмидем.
... Ба баҳонаи кор хонаро ба муддати дароз тарк намудани падар водор намуд, ки зану фарзандон дар орзуи дидор рӯзҳои вазнинро пушти сар гузоранд. Пазмонии панҷсола дертар ба дард табдил ёфт. Ва ин дард ба пойи ҳузуру ҳаловати зан ва чор фарзанд теша мезад.
Садои занги телефон, ки гоҳ-гоҳ баланд гардида бо шодмонӣ истиқбол гирифта мешуд, дақиқаҳои охирини суҳбат бо гиряи дарднок анҷом меёфт. Сардори оилае, ки аввал дар Русия кор мекард, дертар роҳи Туркия, сипас Сурияро пеш гирифта буд. Аз он ки ошпази хуб буд, шиносҳояш даъват карданд, ӯ даъвати онҳоро пазируфта, соли 2015 ба роҳаш идома дод. Бо назардошти он ки нуқтаҳои даргир дуранд, ёфташ бад нест, оилааш азоб мекашад, зану бачаҳояшро низ даъват намуд. Барои зани ғамзада як ишора кифоя буд.Тамоми бисоташро фурӯхта ба роҳ баромад. Ба давлати ҳамсоя гузашта, аз он ҷо тавассути ҳавопаймо ба Туркия парвоз кард. Одамони онҳоро дар фурудгоҳи Истанбул истиқболгирифта, раҳораҳ доир ба давом ёфта истодани ҷанг дар Сурия ва ба ҳалокат расидани одамон суҳбат мекарданд. Зан ба ин суханон бовар накард, писараш Абдуҳодӣ, ки як андак ҳуш дошт, ба модар нигариста суол кард: «Наход падарамон моро ба мурдан даъват карда бошад?». Модар ин ҳангом ба сухани ӯ эътибор надод. Зеро фикри дар мусофирӣ бо чор нафар фарзанд зистан сари ӯро банд карда буд, биноан, аз ҷанг намеандешид. Вақте аъзои оила сарҷамъ шуданд, дар ибтидо бад набуд, аммо ҷанг рӯз аз рӯз авҷ мегирифт, қадами он ба ҳудуди деҳае, ки онҳо ба сар мебурданд, расида буд.  Бо вуҷуди даҳшатангезиҳои он, роҳи бозгашт ба ақиб намонда буд. Роҳзанон гирду атрофро печонда гирифта буданд, аз касе, ки баромада рафтан мехост, товони зиёд талаб мекарданд. Онҳоеро, ки пул надода баромада рафтан мехостанд, марг интизор буд...
– Ҳар боре, ки садои тирро мешунидам, дунё ба назарам торик мегардид, аз омаданам сад бор пушаймон мешудам, – мегӯяд Гулсора Маматолипова. – Фикр мекардам, ки фарзандонамро на ба назди падар, балки ба вартаи хатар овардаам. Вале чораи дигар надоштам.  Писари калониам, ба мақсади илм омӯхтан, ба мадрасаи деҳа равуоро сар кард. Аммо рӯзе ба болои он мадраса бомба афтод. Дареғ, ҷисми писари ҳанӯз ҳаждаҳро пур накардаам пора - пора гашт. Як нохуни фарзанди  қоматбаланд ва дилаш аз орзую ормонҳо лабрезшудаамро пайдо карда натавонистам... 
Ба зане, ки бо андӯҳ гиря мекунад, таскин додан бефоида аст. Модар то вақте зиндааст, доғи фарзанд ӯро ҳеч гоҳ тарк намекунад. Аммо ин гуна савдое, ки ба сари зан афтода буд, бо ин ба поён нарасид. Соли 2018 писари дуюми ӯ Абдухолиқ, ки ба синни 16 қадам гузошта буд, аз паси ёфтани қути лоямут рафта, ба хона барнагашт. Дар ҳаёти ӯ низ тақдири бародараш такрор ёфт. Модари аз фарзанд умедашро канда аз дарёи хун як порча аз пӯшоки ӯ ҷуст, аммо наёфт. 
То соли 2019 оилаи мазкур аз оташи ҷанг гурехта, ба ҳама шаҳру деҳаҳо сар халонд. Дар чунин рӯзҳо зан аз ҳамсараш низ ҷудо шуд. Тири дайду сарвари оиларо аз байн бурд. Зан бо як писару як духтар ва тифли дар Сурия таваллудшудааш гирёну нолон мегашт.
Вақте ки ноумедии ҳақиқӣ оғоз шуд, аз гуруснагӣ беҳолу мадор шуда, ба куҷо рафтанро намедонист,  хушхабари: «Шаҳрвандони Ӯзбекистонро Президенти он гирифта мебурдааст» ба гӯшаш расид. Гулсора бе ҳеч дудилагӣ рафта ба рӯйхат навишт.
– Баъди аз байн андак муддат гузаштан моро ба автобус шинонда, ба шаҳри Димишқ бурданд. Аз он ҷо ба самолёт нишаста, ба Тошканд парвоз карда омадем, – мегӯяд Гулсора. – Аммо гӯё ки хоб медида бошам.  Вақте ки бо хотири ҷамъ хуфтаву хеста, бо шиками сер ҳамроҳи бачагонам дар боғи сиҳатгоҳ сайр мекунам, ҳис менамоям, ки аз ҳавои фораме, ки фақат хоси Ӯзбекистон аст, нафас мегирам. Таҳаммулпазирии бузургеро, ки Президентамон ба мо нишон дод, низ, албатта, эҳсос мекунам. Ба туфайли меҳрубониҳои ӯ ман ва фарзандони боқимондаам дар амон мондем. Ба ҷароҳатҳои табобатнопазире мисли аз ду писар ва шавҳар ҷудо шудан, вақти ин ҷо набудан вафот кардани модарам  айби худам ҳам ҳаст. Акнун ягонтои онро ислоҳ карда намешавад.  Ба ивази имконияти додашуда, барои ҷавоб ба меҳру илтифот меҳнати ҳалол мекунам, умед мекунам, ки камоли фарзандони зиндаи худро бубинам.
Дар боғи сиҳатгоҳ заноне ҳастанд, ки кӯдаконро роҳбаладӣ намуда, сайр мекунонанд,  ҳамаи воқеаҳои мудҳишро аз сар гузарондаанд, дарди яке аз дигаре кам нест. 
– Занони ин ҷоро дида, боз ҳам амиқтар ҳис намудам, ки бахти инсон дар ватандорӣ, зиндагии осоишта мебошад, – мегӯяд файласуф Ҷамила Шермуҳаммедова. – Баъзе занони ӯзбек ба туфайли соддагиву зудбоварии худ  аз чунин бахти бузург ба муддати маълум маҳрум мешуданд. Бо инҳо суҳбат карда, иқрор гардидам, ки ҷабрдидаанд. Дасте, ки ба тарафи касе дароз карда мешавад, бидуни шак, дасти нек аст. Президенти мо ба чунин кори хайр даст зада, кори ниҳоят савоб кард. Дар рӯзҳои Рамазони муборак амалӣ шудани чунин воқеаҳо исботи он аст, ки ба  кишвари мо  нури некӣ меборад. Охир Офаридгор ба ивази як некӣ ҳазор некӣ медиҳад. Суҳбатҳои самимонаи худро бо ин занон ҳоло давом медиҳем, ба онҳо ҳар қадар, ки ёрии маънавиву рӯҳӣ лозим бошад, дареғ намедорем.
Занон ва бачагон дар сиҳатгоҳ аз муоинаи тиббӣ гузаронда шуда, барои барқарор кардани саломатии онҳо шароити зарурӣ офарида мешавад. Дар навбати худ, равоншиносони бомалака ва мутахассисони дигар бо онҳо суҳбат гузаронда, барои барқарорсозии рӯҳиашон ёрдам мерасонанд. Барои он ки онҳо дар ҷомеа ҷойгоҳи худро пайдо кунанд, маслиҳатҳои судманд дода мешавад. Дар баробари ин, вобаста ба беҳбуд бахшидани шароити маишии онҳо, таъмин кардан бо ҷойи кор чорабиниҳои ҷойгиркунии бачагон ба боғча ва мактаб ҳам дар амал татбиқ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи амалиёти «Меҳр» аз Шарқи наздик 48 нафар зан, 105 нафар фарзандони онҳо, 2 нафар бачаи тамоман ятим, 1 нафар мард ба Ӯзбекистон оварда шуд. Як нафар марди овардашуда аз маҳбаси Сурия бадар омада, айни замон ӯ мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст. 
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид гардидааст, ки рақамҳои мазкур нодуруст нишон дода мешаванд, мардони овардашуда бисёрӣ буда, дар ХАД пурсуҷӯ карда мешаванд. Аммо ин мутлақо беасос аст. Баъзеҳо иддао доранд, ки барои ташкил кардани ин аксияи инсонпарварӣ созмонҳои байналхалқӣ 3 миллион доллар ҷудо кардаанд. Аммо ҷойи таассуф, ки ин сухан низ ба санадҳои аслӣ мутлақо зид мебошад. 
Амалиёти «Меҳр»  амалиётест, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон, бевосита аз ҷониби мақомоти ҳуқуқу тартиботи Ӯзбекистон татбиқ шудааст. Ин амалиёти инсонпарварона бо пурра риоя кардан ба ҳуҷҷатҳои асосии байналхалқӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳамчунин, бо назардошти меъёр ва тамоюлҳои ҳуқуқи инсондӯстии байналхалқӣ дар амал ҷорӣ карда шуд.
Дарвоқеъ, Ӯзбекистон новобаста аз он ки шаҳрвандонаш дар куҷо ҳастанд, онҳоро ҳимоя мекунад.  Ин қоидаи қомусӣ буда, ҳамаи чораҳо бинобар дар амал татбиқ кардани он дида мешавад.

Норгул АБДУРАИМОВА, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: