Чунин аст шиори бузургтарин конфронси иқтисодӣ, ки 1-3 июн дар Тошканд барои ширкатҳои Австрия – «Austria Connect Central Asia» баргузор мегардад.
Austria Connect ташаббуси ҳукумати Австрия мебошад, ки ба пешбурди тиҷорати Австрия дар хориҷа нигаронда шудааст. Дар доираи ин ташаббус Палатаи федералии иқтисодии Австрия ҳар сол ё дар ду сол як маротиба дар минтақаҳои ҷолибтарин конфронсҳо баргузор мекунад.
Мақсад аз баргузории конфронс дар Тошканд рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва тиҷоративу иқтисодии байни Ӯзбекистон ва Австрия, ба имзо расондани созишномаҳои нави сармоягузорӣ ва содиротӣ, инчунин ҷалби субъектҳои иқтисодии Австрия, ки шарикони савдои пешомаднокро ҷустуҷӯ доранд, мебошанд.
Интизор меравад, ки дар рафти конфронси дурӯза ба сохторҳои тиҷоратии Австрия дар бораи иқтидори иқтисодӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, қонунгузорӣ, сиёсати фиксалӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳимтарини пешбурди соҳибкорӣ дар ҷумҳурии мо маълумоти ҳамаҷониба дода хоҳад шуд. Дар барномаи чорабинӣ маросими расмии ифтитоҳ ва чаҳор бахш оид ба фаъолияти созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар кишвар, инфрасохтори логистикӣ, сиёсати сармоягузорӣ ва фиксалӣ, инчунин имкониятҳои пешбурди тиҷорати муваффақ дар Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст.
Дар доираи тиҷорат-миссияи Австрия дар Ӯзбекистон, инчунин, ташкили мулоқот дар формати «G2B» ва «B2B», ташриф овардан ба иқтидорҳои истеҳсолии истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти содиротӣ ва муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ба ғайр аз ин, маросими супоридани ҷоизаи «Silk Road Biz Award» барои мукофотонидани фаъолтарин ширкатҳои Австрия дар минтақаи ИДМ баргузор мешавад.
Ба мақсади баррасии масъалаҳои ташкили чорабиниҳои дарпешистода сафири Ӯзбекистон дар Австрия Абад Файзуллоев бо роҳбари шуъбаи палатаи федералии иқтисодии Австрия Давид Пёлслайтнер ва намояндаи тиҷоратии ин кишвар дар Осиёи Марказӣ Клеменс Маҳал мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди дорои иқтисодиёти гуногунҷабҳа, ки сиёсати бетараф ва мутавозини минтақавӣ пеш мебарад, натанҳо таваҷҷуҳи соҳибкорони Австрия, балки ширкатҳои кишварҳои ҳамсояи Аврупоро ҷалб мекунад.
Бо дарназардошти он ки «Austria Connect» бори аввал дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, аҳамияти ин чорабинӣ ҳам барои ширкатҳои нав ва ҳам сохторҳои соҳибкорӣ, ки дар бозори кишварҳои қитъаи Авроосиё фаъолият мекунанд, таъкид гардид.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки чорабинӣ барои корхонаҳои Австрия ва Ӯзбекистон дар доираи имзои созишномаҳои содиротӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дарёфти шарикони нав майдони муҳим мегардад.
АИ «Дунё»,
ВЕНА.