Ӯзбекистон содироти газро ба Русия барои пӯшонидани авҷи истеъмоли дохилӣ қатъ кард

Ӯзбекистон ҳоло содироти гази табииро комилан қатъ кардааст, то ҳадди ниҳоии истеъмоли мавсимӣ дар дохили кишварро пӯшонад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон ба “Интерфакс”.

Дар соли 2022 Ӯзбекистон нияти интиқоли гази табииро ба Русия надорад. «Дар ҳоли ҳозир интиқоли газ ба Федератсияи Русия амалӣ намешавад ва нақша барои соли 2022 вуҷуд надорад», - изҳор намуданд дар вазорат.

Чӣ хеле ки хабар дода шуд,  Ўзбекистон дар соли 2018 ба  «Газпром»  3,8 миллиард метри мукааб газ интиқол дода, дар соли 2019 интиқолро то ба 4,9 миллиард метри мукааб афзоиш дода буд ва онҳоро дар соли 2020 қатъ кард. Гузашта аз ин, соли 2020 “Газпром” интиқоли гази туркманро ба Ӯзбекистон оғоз кард.

«Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло хеле босуръат рушд мекунанд. Ин пеш аз ҳама ба Ӯзбекистон дахл дорад. Ва мо дар ин кишвар афзоиши зиёди истеъмолро мебинем. Аз ин рӯ, албатта, то ин ё он дараҷа хариди газ коҳиш меёбад, зеро давлат газро барои эҳтиёҷоти худ равона мекунад, агар мо дар бораи Ӯзбекистон сухан ронем”, - шарҳ дод моҳи майи соли 2021 муовини раиси раёсати ширкати «Газпром», директори генералии ҶММ «Газпром Экспорт» Елена Бурмистрова.

Тибқи дастури омории BP, дар соли 2020 аз 57,3 миллиард метри мукааби соли 2019 истихроҷи гази табиӣ дар Ӯзбекистон ба 47,1 миллиард метри мукааб коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин, истеъмоли дохилӣ амалан бетағйир монд - 43 миллиард метри мукааб пас аз 44,4 миллиард метри мукааб дар соли 2019.

Самти асосии интиқоли газ аз Ӯзбекистон Чин аст. Тибқи маълумоти гумруки Чин, соли 2020 3 миллиарду 277 миллион метри мукааб газ ворид карда шуда буд, ки дар 10 моҳи соли 2021 интиқол беш аз ду баробар афзуда, ба 4 миллиарду 200 миллион метри мукааб расидааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: