ӮЗБЕКИСТОН ТАРАФДОРИ ҲАМСОЯДОРИИ НЕК ВА МАНФИАТҲОИ ТАРАФАЙН МЕБОШАД

Дар мамлакатамон муҳокимарониҳо доир ба ислоҳоти конститутсионӣ то охири моҳи июл давом мекунанд.

 Ин ислоҳот кадом нақшаҳои барномарезишударо мадди назар дорад? Баъди референдуми умумихалқӣ дар ҳаёти мардуми мо, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари бисёрмиллатамон чӣ дигаргуниҳо рух хоҳанд дод? Ҳамаи ин ҳамчун ойина дар Қонуни Асосие равшан ифода ёфтаанд, ки аз тариқи референдуми умумихалқӣ мо соҳиби он хоҳем шуд.
Яке аз масъалаҳои хеле муҳимеро, ки ислоҳоти конститутсионӣ фаро гирифтааст, маҳз ҳамсоядории нек, таҳкими дӯстиву рафоқат бо кишварҳои ҳамсояву ҳамҷавор ва риояи  манфиатҳои тарафайн ташкил менамояд. Ёдовар мешавем, ки ислоҳоти конститутсионӣ танҳо бо таҳрири баъзе моддаҳои Конститутсияи амалкард иктифо нанамудааст, балки ба воситаи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба он ин дигаргуниҳо ба амал бароварда хоҳанд шуд. 
Дар ин бора лоиҳаи Қонуни Асосӣ таҳияву таълиф гардид ва ба муҳокимаи умумхалқӣ гузошта шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Қонуни Асосӣ на тавассути ниҳоди қонунбарори давлатӣ – Олий Маҷлис қабул карда мешавад, балки ба воситаи райъдиҳии умумии мардум қабул карда хоҳад шуд, ки бори нахуст дар мамлакати мо баргузор мегардад.
– Тағйироту иловаҳое, ки ба Қонуни Асосӣ ворид карда хоҳанд шуд, айнан барои ба тартиб даровардану такомул бахшидан ба онро мадди назар дорад, –гуфта мешавад дар хулосаи Комиссияи ислоҳоти Қонуни Асосӣ.
Ӯзбекистон як муддат барои давлатҳои дунё, хусусан барои ҳамсояҳо кишвари дарвозаҳояш баста маҳсуб меёфт. Аммо дар авохири соли 2016, бо ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакати мо куллан тағйир ёфт, вазъият оҳиста рӯ ба беҳбуд ниҳод. Дақиқтараш сиёсати кушодарӯӣ ва ҳамкориҳои барои тарафайн манфиатбахшу пурсамар ба роҳ монда шуданд. 
– Агар ба натиҷа ва нишондиҳандаҳои он назар кунем, худ аз худ ҳувайдост, ки рақамҳои хеле болорафтаро мебинем. Ҳаҷми табодули берунаи моли Ӯзбекистон ба 74 дарсад боло рафта, ба ҷои 24,2 миллиард доллари соли 2016 соли 2021 ба 42,1 миллиард доллари ИМА расид. Дар айни ҳол Ӯзбекистон бо 193 мамлакати дунё робитаҳои тиҷоратии худро ба роҳ мондааст, – мегӯяд котиби матбуоти Комиссияи ислоҳоти Қонуни Асосӣ Одилҷон Тоҷиев.
Ногуфта намонад, ки дар Қонуни Асосӣ як қатор меъёрҳо илова карда мешаванд, ки бештар аз ҳама ба сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ҷиҳати арҷу эҳтиромгузорӣ ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нигаронида шудаанд. 
Тавре ки маълум аст, дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ду масъалаи аз ҳама нозуку ҳассос мавҷуд аст, ки аввалӣ ба камбудии об ва дувумӣ ба масъалаи сарҳад марбут мебошад. Масъалаи якум аҳамияти хоси стратегӣ дошта, муаммоест, ки ба воситаи омили инсон ва иродаи сиёсӣ ҳал карда мешавад. Масъалаи сарҳадҳо танҳо тавассути иродаи сиёсӣ ҳаллу фасл мегардад. Дар минтақа истифодаи роҳҳои нақлиётӣ, шабакаҳои барқу коммуникатсия,  умумияти таъмини об, мавҷуд будани анклавҳо масъалаи сарҳадиро беш аз пеш умдатар сохтаву як қатор муаммоҳоро рӯи кор овардаанд. Ӯзбекистон бо Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва қисман бо Қазоқистон дар масъалаҳои истифодаи роҳ, объект, сарҳад ва таъминоти об ба баъзе ихтилофи назар мувоҷеҳ гардидааст. 
Бо вуҷуди ин, Ӯзбекистон тавонистааст аз роҳи гуфтушуниду музокираҳо ин нобасомониҳоро пурра бартараф намояд. Акнун мамлакати мо дар Қонуни Асосии худ ба тамоюлҳои дахлнопазирии сарҳадҳо, вайрон накардани он, мавҷуд набудани чунин масъалаву муаммоҳо такя намуда, ҳатто ба сифати масъала бардоштани онҳоро куллан нолозим мешуморад.
Дар Конститутсия ба сифати меъёри алоҳида пешниҳод шудааст, ки Ӯзбекистон бо ҳамаи давлатҳо сиёсати дӯстона ва сулҳҷӯёнаро пиёда мекунад. Он, дар навбати худ, ҳамчун меъёр дар Қонуни Асосӣ мустаҳкам мегардад. Мамлакати мо бо ба амал баровардани сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамсоядории нек, соли 2018 Доктринаи мудофиаро қабул карда буд. Ба сифати тамоюлҳои асосӣ дар он инҳо муқаррар шудаанд:
– роҳ надодан ба базаҳо ва объектҳои ҳарбии давлатҳои дигар дар қаламрави худ;
– иштирок накардани Нерӯҳои Мусаллаҳ дар амалиёти низомӣ дар беруни кишвар барои бартараф намудани низоъҳо ва аз байн бурдани даргириҳо.
Ин тамоюлҳо баёнгари он мебошанд, ки Ӯзбекистон мамлакати бетараф аст ва Нерӯҳои Мусаллаҳи он танҳо барои мақсадҳои мудофиаи он корбаст мешаванд. Ба таъбири  дигар, Ӯзбекистон сиёсати кушодарӯӣ, ҳамкориҳои барои тарафҳо манфиатбахш, ҳамсоядории неку самимии худро идома медиҳад. Ин маънӣ дар Қонуни Асосӣ куллан ифодаи худро ёфтааст. 
Интизор меравад, ки мардум тағйироту иловаҳо ба Қонуни Асосиро пурра ҷонибдорӣ хоҳанд кард, зеро сиёсати башардӯстонае, ки Президент Шавкат Мирзиёев пиёда мекунад, бо чунин навигариҳои ояндасоз ҳамоҳанг мебошанд. 
Мардуми Ӯзбекистон аз ҳар ҷиҳат обутоб ёфтааст. Вай нисбати тақдири худ ва наслҳои ояндаи ин мамлакат ҳаргиз бетафовут нест. Қонуни Асосие, ки бо тағйироту иловаҳо барои референдуми умумихалқӣ пешниҳод шудааст, маҳз манфиатҳои онҳоро ҳимоя хоҳад кард. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: