“ӮЗБЕКИСТОН. ТАЪРИХИ НАВ”

Халқи мо фарҳанг ва санъатдӯст аст, мероси маданӣ ва арзишҳои миллии худро пос медорад.

Солҳои охир бо ташаббуси роҳбари давлат ба соҳаи санъати кино эътибори алоҳида дода мешавад. 
Ин аст, ки 15-16-17-уми сентябри соли ҷорӣ кинофестивали байналхалқии XIV Тошканд баргузор гардид. Дар чаҳорчӯбаи кинофестивал “Рӯзҳои филмҳои ҳуҷҷатӣ” низ ба амал омад.  Ба ин муносибат дар Маркази матбуоти миллии пойтахт бо иштироки актёрон, коргардону наворгирони хориҷию ватанӣ, ҷавонон, ҳаводорони санъати кино нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Директори Агентии кинематографияи ҷумҳурӣ Фирдавс Абдухолиқов иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки баргузории чунин ҷашнвораҳои васеъмиқёс, албатта ҳамкорӣ, дӯстӣ ва табодули таҷрибаро мустаҳкам месозад. Дар чорабинӣ филми ҳуҷҷатии “Ӯзбекистон. Таърихи нав”, ки бо ҳамкории Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва продусери кинокомпанияи “Мастерская” Саида Медведева офарида шудааст, намоиш дода шуд. 
Филм ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ бахшида шудааст. Моҳи августи соли 1991 Ӯзбекистон истиқлолияти худро эълон кард. Ва, фавран, мушкилоти иқтисодӣ, нарасидани хӯрокворӣ, бекорӣ, шаҳрҳои холӣ, ҳаракатҳои террористӣ, режими сахти сиёсӣ ба миён омад.
Ӯзбекистон дар соле, ки Шавкат Мирзиёев роҳбари давлат интихоб гардид, симои нав гирифт. Имрӯз на танҳо шаҳр ва деҳоти дурдаст, балки одамон низ намои нав мегиранд. Кластерҳои кишоварзӣ, заводу фабрикаҳои нав барпо гардиданд, дар натиҷа ҳазорҳо нафар ӯзбекистониён бо кор таъмин гардиданд. Ӯзбекистон барои сармоягузорони хориҷи кишвар худро муаррифӣ намуд. Азхудкунии конҳои гази дар замони иттиҳоди шуравӣ бекорхобида аз нав ба кор шуруъ намуд, дар шаҳру ноҳия, деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ биноҳои серошёнаи осмонбӯс қад рост мекунанд. Ҷумҳурӣ ба майдони бузурги бунёдкорӣ табдил ёфт. Масканҳои истироҳатии лижаронии дараҷаи ҷаҳонӣ, иншоотҳои истеҳсолии технологияҳои баланд, фурудгоҳҳои замонавӣ, муассисаҳои тиббию томактабӣ, мактабҳо, роҳҳо ва марказҳои савдову тиҷорат бунёд гардиданд. Имрӯз шумораи зиёди тоҷирон бо тамоми ҷаҳон тиҷорати худро ба роҳ мондаанд.
Ба Ӯзбекистони офтобрӯяи меҳмоннавози мо ҳар сол садҳо ҳазор сайёҳон ба зиёрати қадамҷойҳои муқаддас омада, бо мероси ғании аҷдодонамон ошно мегарданд. Корвони Роҳи бузурги абрешим, империяи Амир Темур, хидматҳои Мирзо Улуғбек, Абуалӣ ибни Сино барин аҷдодони бузургамонро, ки дар барпо намудани Эҳёи якум ва дуюм ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд, дидан мекунанд. 
Имрӯз Ӯзбекистон дар остонаи Эҳёи сеюм қарор дорад. 
Дар филми ҳуҷҷатӣ сиёсатмадорон, иқтисоддонон, корчаллонҳо, соҳибкорон, халқи оддӣ – ҳамаи онҳое, ки имрӯз кишвари нав месозанд, барои ҳаёти фаровону осудаи фарзандони худ меҳнат мекунанд, иштирок намудаанд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.      
              

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: