ӮЗБЕКИСТОН ТАРТИБИ САВДОИ БИДУНИ БОҶРО БО ИМА НИГОҲ МЕДОРАД

Дафтари намояндаи тиҷорати назди Дафтари иҷроияи Президенти ИМА (USTR) барои Ӯзбекистон ҳуқуқи истифодаи савдои бебоҷро бо ИМА нигоҳ дошт.

Дафтари намояндаи тиҷорати назди Дафтари иҷроияи Президенти ИМА (USTR) барои Ӯзбекистон ҳуқуқи истифодаи савдои бебоҷро бо ИМА нигоҳ дошт.

Тибқи иттилои сафорати Ӯзбекистон, дар охири моҳи октябр Дафтари намояндаи тиҷоратии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Иёлоти Муттаҳида (USTR) дар бораи қатъ кардани тартиби таҷдиди назар намудани истифодаи Низоми умумии сабукиҳо (GSP) ба Ӯзбекистон оид ба меъёри таъмини ҳуқуқи коргарон эълон кард. Бо ин қарор  USTR ҳуқуқи Ӯзбекистонро барои истифодаи тиҷорати бидуни боҷ бо Иёлоти Муттаҳида нигоҳ дошт ва бо ин парвандаи 12-солаи меҳнати маҷбуриро алайҳи ҷумҳурӣ баст.
Системаи умумии афзалиятҳо — режими бебоҷ ворид намудани молҳо ба ИМА тибқи қонуни савдои соли 1974 нисбати воридот аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Ӯзбекистон моҳи августи соли 1994 мақоми баҳрабардори GSP (ҳуқуқи интиқоли бебоҷ ба Иёлоти Муттаҳида)-ро гирифта буд.
30 январи соли равон ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ Нозим Ҳусанов дар муҳокимаи ҷамъиятие, ки дар Дафтари намояндаи тиҷорат оид ба дархост аз «Форуми байналмилалии ҳуқуқи коргарон» (ILRF) баргузор гардид, ширкат варзид. Ҳамин тариқ, чунин муҳокимаҳои солона соли 2008 бо дархости созмони номбурда оид ба ҳуқуқи башар, ки бекор кардани режими савдои бебоҷро нисбати Ӯзбекистон бинобар меҳнати мунтазами маҷбурӣ талаб карда буданд, оғоз ёфтанд.
Ҳамин тариқ, дар асоси натиҷаи муҳокимаҳо, пас аз баррасии далелҳои пешниҳоднамудаи ҷонибҳо, USTR ба хулосае омад, ки барои таҷдиди назар кардани афзалиятҳои Ӯзбекистон дар тиҷорати бидуни боҷ ҳеҷ асосе вуҷуд надорад.
Намояндаи савдои ИМА Роберт Лайтҳизер дар шарҳи хулосаи худ қайд кард, ки дар ин қарор қадамҳои муҳим ба назар гирифта шудаанд, ки Ӯзбекистон барои беҳтар намудани ҳифзи ҳуқуқи коргарон андешидааст. Аз ҷумла, бо истинод ба натиҷаҳои мониторинги Созмони байналмилалии меҳнат, аз байн бурдани истифодаи мунтазами меҳнати бачаҳо ва коҳиши назарраси меҳнати маҷбурӣ пайи ҳам дар тӯли панҷ сол дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукумат ва тағйиротҳои қонунгузорӣ эътироф карда мешаванд. Дар байни дигар дастовардҳои назарраси Ӯзбекистон, Намояндаи савдо барҳам додани ҳаҷми ҳатмии чиниши пахта ва хеле баланд шудани сатҳи музди меҳнати чинакчиёнро марбут донист, ки ин дар ниҳоят барои кори ихтиёрӣ шароит фароҳам овард.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2019 Дафтари намояндаи тиҷорати ИМА бинобар натиҷаи чунин музокирот бо иштироки намояндагии дипломатии мо дар Вашингтон қарор кард, ки амалияро нисбати Ӯзбекистон, ки соли 1999 оғоз ёфта буд, дар асоси меъёри таъмини ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ қатъ кунад.
Ҳамин тариқ, ҳамаи музокирот оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар Дафтари намояндаи савдо, ки даҳсолаҳо идома доштанд, комилан қатъ карда шуданд ва режими савдои бебоҷ байни Ӯзбекистон ва ИМА нигоҳ дошта шуд.

АИ «Дунё».
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: