ӮЗБЕКИСТОН ТАЪСИСИ ДАФТАРИ ЗИДДИТЕРРОРИ СММ-РО ПЕШНИҲОД КАРД

Давлатҳои Осиёи Марказӣ дастаҷамъона терроризм ва ифротгароиро бо тамоми зуҳуроташ ба таври қатъӣ маҳкум намуданд ва онро аз хатарҳои ҷиддитарин ба сулҳу амнияти соири кишварҳои минтақа ва ҷаҳон шумурданд.

 Ин матлаб дар конфронси сатҳи баланд баррасӣ гардид, ки бо қабули Қатънома (Резолютсия) ба охир расид.
Ин конфронс таҳти унвони “Ҳамкории минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби Нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ” баргузор гардид. Ба ҳайси муассисон Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Дафтари мубориза зидди терроризми СММ, Маркази минтақавии дипломатияи превентивии СММ барои Осиёи Марказӣ  ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо  муаррифӣ гардиданд.
Дар конфронс намояндагони баландпояи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, коршиносони марказҳои таҳлилии миллӣ ва хориҷи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, намояндагони кишварҳои донор, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амсоли он ширкат карданд. 
Ин конфронс таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов гузашт. Қабл аз ҳама паёми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни конфронс ироа гардид. Дар ин паём гуфта шудааст, ки  имрӯз ҳама шоҳиди афзоиши зиддиятҳо мебошанд. Дар муносибатҳои байналхалқӣ дараҷаи эътимод нисбати ҳамдигар ва ҳамкории байни мамлакатҳо коҳиш дидааст. Дар баробари ин дар минтақаҳои гуногуни дунё ташаннуҷи авзоъ боқӣ мондааст ва задухӯрдҳои мусаллаҳона давом доранд. Гузашта аз ин, пандемия ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти иқтисодӣ таъсири манфӣ ба бор овардааст.
Тавре ки дар паёми сарвари давлат боз қайд шудааст, Ӯзбекистон аз Идораи мубориза бо терроризми СММ даъват менамояд, ки талошҳоро барои татбиқи Барномае, ки соли 2020 оид ба киберамният ва технологияҳои нав дар Осиёи Марказӣ қабул шудааст, боз ҳам  пурзӯр намояд. Инчунин, дар доираи Барномаи мазкур таъсиси Шабакаи ягонаи электронӣ оид ба кибертерроризм низ дар Осиёи Марказӣ хеле муҳим мебошад.  
Президенти мамлакат аз тариқи паёми худ пешниҳод намудааст, ки дар Осиёи Марказӣ Дафтари зиддитеррористии СММ ифтитоҳ ёбад. Ин масъала низ дар байни иштирокчиёни конфронс мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфт, ки ин конфронс муттаҳид кардани саъю талошҳо барои мубориза бо терроризм ва аҳамияти арзишҳои муштараке чун сулҳ, ҳуқуқи башар ва пешрафти умумибашариро хотиррасон мекунад. 
— Вақте, ки мардум ин арзишҳоро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ набинанд, парокандагӣ ва ифротгароӣ бештар мешавад, —  Гутерриш.
Вай дар пайи суханронӣ ба талошҳои бардавоми кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод, ки даҳ сол қабл Нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи глобалӣ дар Осиёи Марказиро қабул карда, онро тадриҷан амалӣ мекунанд. 
Гуфта шуд, ки камбағалӣ, хушунат ва ноамнӣ замина барои афзоиш ва густариши терроризмро фароҳам меоварад. Яке аз чунин мисолҳои фоҷиавӣ сар задани бӯҳрони башардӯстона дар Афғонистони имрӯза мебошад.
Тавре, ки Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид боз тазаккур дод, барномаи нави ӯ барои сулҳ тасдиқи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сурати мавҷуд набудани амалҳои мушаххас оид ба рушд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон наметавонад чолишҳои терроризм ва амниятро барои ҳама баррасӣ намояд. Ба таъкиди Антониу Гутерриш башарият ба ҷомеаҳое ниёз дорад, ки ба эътимоди мутақобила, умед ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон асос ёфтааст, на ба тарсу ҳарос, нобоварӣ ва даҳшат, ки ҳамеша боиси нигарониҳост.
Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – сардори Раёсати мубориза бо терроризм Владимир Воронков, фиристодаи хоси Дабири кулли СММ дар умури Осиёи Марказӣ Наталя Герман, дипломати белорус Елена Купчина, намояндаи доимии Ҳиндустон дар СММ Т.Тирумурти, вазирони корҳои хориҷии  Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва инчунин, намояндагони Русия, Чин доир ба муборизаи муштарак бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ибрози назар карданд. 
Аз ҷумла, вазири хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддини Мӯҳриддин гуфт, ки мебояд сохтори низомии терроризми байналмилалӣ куллан аз байн бурда шавад ва он аз таъмини сиёсӣ, низомӣ ва молӣ маҳрум гардад. Ба гуфтаи мавсуф барои ифротгароӣ, истихдом ва тарғиби хушунат ва пиёда кардани мақсаду маром гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро аз шабакаҳои интернетӣ низ ба таври фаровон истифода мекунанд, ки бояд дар ин маврид низ чораҷӯии қатъӣ пиёда намуд. 
— Барқарории амну субот дар минтақа аз бисёр ҷиҳат ба вазъияти Афғонистон бастагӣ дорад. Вале ҳукмронии вазъияти низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон метавонад ба пахши терроризм ва шабакаҳои ҷинояткорӣ дар минтақа мусоидат кунад. Хусусан, шимоли ин кишвар аз фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ, ки аз Ховари Миёна ба ин ҷо интиқол ёфтаанд, афзоиши маводи мухаддир ва яроқу аслиҳа наметавонад ташвишовар набошад, — гуфт Сироҷиддини Мӯҳриддин.
Баъд аз он, ки иштирокчиёни конфронс терроризмро дар ҳама шакл ва зуҳуроташ маҳкум намуданд, Қатънома қабул карда шуд. 
Қатъномаро намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ имзо карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки талошҳоро барои пешбурди таҳаммулпазирии касбӣ, байни миллатҳо ва фарҳангҳо, гуфтугӯҳо, инчунин пешгирии табъиз бар асоси нажодӣ, этникӣ, ҷинсият ва динӣ идома медиҳанд. «Терроризм иллатест, ки бо ягон дин, миллат ва ё гурӯҳи этникӣ робита надорад ва робита низ дошта наметавонад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: