Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро умумияти таърихӣ, қаробати ҳуввиятҳои маънавӣ алоқаманд мекунанд.
Ӯзбекон ва тоҷикон – «як халқ мебошанд, ки ба ду забон ҳарф мезананд», – онҳо аз қадимулайём бо сулҳу салоҳ зиндагӣ мекунанд ва боҳам инкишоф меёбанд.
Анъанаҳои ҳамсояи нек ва эҳтироми тарафайн имрӯз ҳам барои ҳамкорӣ дар самтҳои мухталиф ба сифати асоси мустаҳкам хидмат мекунанд.
Дар ҷараёни суҳбати «мизи мудаввар» оид ба мавзӯи «Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: пешомадҳои ҳамкории маданиву инсонпарварӣ», ки 2-юми август дар Тошканд дар доираи сафари дӯстонаи ҳайат бо сарварии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ташкил гардид, аз ин хусус сухан рафт.
Дар чорабинӣ депутатҳо, намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои эҷодиву ҷамъиятӣ, идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, вакилони соҳаҳои фарҳанг ва таълими ду мамлакат иштирок карданд.
Таманнои беҳтарини Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокдорони чорабинӣ ва меҳмонони он Мушовири давлатии Президент Х. Султонов расонд.
Зикр гардид, ки солҳои охир дар пешбурди робитаҳои дуҷониба пешрафти мусбат мушоҳида мешавад. Дар ин бобат мулоқоти мунтазами сарони ду давлат, муоҳидаҳое, ки дар ҷараёни ин вохӯриҳо ба имзо расиданд, нақши муҳим мебозанд. Ин имкон медиҳад муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо, бо дарназардошти манфиатҳои халқҳои бародари мо ба давраи сифатан нав ворид гардад.
Пешрафти ҳамкорӣ дар филми мустанади «Дар зери як осмон», ки дар доираи чорабинӣ намоиш дода шуд, инъикоси худро пайдо кард.
Соли гузашта рафтуои ҳавоӣ ва роҳи оҳани байни пойтахтҳои мамлакатҳои мо аз нав барқарор карда шуданд. Роҳи байналхалқии автомобилгарди Самарқанд—Панҷакент кушода шуд, нуқтаҳои гузаргоҳӣ дар сарҳадҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон фаъолияти худро аз нав ба роҳ монданд.
Ним соли охир барои доираҳои корчаллони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон низ бағоят пурмаҳсул буд. Намоишгоҳҳои миллии маҳсулот ва анҷуманҳои тиҷоратӣ баргузор гардиданд, ки имкон доданд дар байни Тошканд ва Душанбе муоҳидаву шартномаҳои тиҷоратӣ ба имзо расанд, ҳамкориҳо вусъат пайдо кунанд. Ин чорабиниҳо, ки дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуданд, ба вусъатёбии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва татбиқшавии лоиҳаҳои муштарак мусоидат намуданд, ки барои ҳар ду ҷониб муфид мебошанд.
– Муносибатҳои дуҷонибае, ки ба шарофати саъю кӯшишҳои сарони ду давлат инкишоф меёбанд, ба мустаҳкам шудани иқтидори кишварҳои мо дар арсаи байналхалқӣ, рушди иқтисодиёт, беҳтар шудани некӯҳолии халқҳо мусоидат менамоянд, – гуфт депутати парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Дӯстизода. – Вохӯриҳое, ки дар доираи сафари дӯстонаи ҳайати Тоҷикистон ташкил мешаванд, саъю кӯшишҳои қатъии кишварҳои моро бобати мустақимона инкишоф ёфтан ва мустаҳкам кардани ҳамкориҳо бинобар тамоми самтҳо намоиш медиҳанд.
Иштирокдорони мулоқот махсус қайд намуданд, ки урфу одатҳо ва санъати ҳаммонанди халқҳои ӯзбеку тоҷик ҳамеша имкон медиҳанд шаклҳои мухталифи боздиди фарҳангӣ дарёфт шаванд, мубодилаи таҷриба пойдор гардад. Соли гузашта дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон, дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуданд. Ин таҷассуми амалии саъю кӯшишҳо бобати дар сатҳи нав ба роҳ мондани ҳамкориҳои маданиву инсонпарварӣ ба шумор меравад.
Дар ҷараёни чорабинӣ бинобар ҳамкорӣ дар соҳаи инсонпарварӣ мубодилаи афкор ба амал омад. Зикр шуд, ки алҳол робитаҳои байни муассисаҳои илмӣ, таълимгоҳҳо, расонаҳои ахбори оммавӣ, ҷамоаҳои эҷодии ду мамлакат фаъол шуданд. Ҳамкориҳои тарафайни байни созмонҳои занон, иттифоқҳои касаба ва идораҳои ҷомеаҳои шаҳрвандӣ инкишоф меёбанд. Дар чорабинӣ зарурияти минбаъд фаъолтар кардани алоқаҳо барои мубодилаи таҷрибаву комёбиҳо дар соҳаҳои таълим, истеҳсолот, илм бо дарназардошти иқтидорҳои мавҷуда таъкид шуд.
– Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки баҳори соли равон ба вуқӯъ пайваст, як қатор ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти таърихӣ имзо шуданд, – мегӯяд олима аз Тоҷикистон Лутфия Раҷабова. – Дар ин ҳуҷҷатҳо саъю кӯшишҳои асрина, ирода ва қатъияти халқҳои мо таҷассум ёфтаанд. Ба шарофати иродаи сиёсии сарони давлатҳо сарҳадҳо кушода, сафарҳои тарафайн аз нав ба роҳ монда шуданд. Сафари мазкури дӯстона аз Тоҷикистон таҷассуми навбатии муносибатҳои навини мо ба шумор меравад.
Дар чорабинӣ ба қарори Президент Шавкат Мирзиёев, ки сафари бидуни раводиди шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон ба муддати то 30 рӯз пешбинӣ менамояд, баҳои баланд дода шуд.
– Маданияти ғанӣ, ҳунармандии миллӣ, шаҳрҳои таърихӣ, табиати зебои кишварҳои мо аз қадимулайём сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд, – гуфт муовини раиси Кумитаи оид ба рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода. – Аз нав ба роҳ монда шудани мубодилаи авиатсионии байни Тошканд ва Душанбе ба табодули сайёҳони кишварҳои мо, коркард ва татбиқсозии лоиҳаҳои муфиду муштарак дар соҳаи мазкур мусоидат менамоянд. Дар натиҷаи ҷорӣ гардидани режими бидуни раводид дар 6 моҳи соли равон беш аз 387 ҳазор ӯзбекистониён ба Тоҷикистон сафар карданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар навбати худ имкон пайдо намуданд ҷойҳои дидании Ӯзбекистонро зиёрат кунанд, бо таърихи ғании он шинос шаванд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокдорон ба мувофиқа расиданд, ки барои ба дараҷаи сифатан нав бардоштани робитаҳо дар соҳаи илм, ҳамкории байни мактабҳои олӣ, табодули таҷриба дар ҷанбаи нигаҳдории тандурустӣ барномаҳои муштаракро кор карда бароянд.
Дар Клуби байналхалқии матбуот вобаста ба сафари ҳайати Тоҷикистон дар мавзӯи «Ӯзбекистон – Тоҷикистон: ҳамкориҳои байнидавлатӣ, эътимоди тарафайн ва манфиатҳои умумӣ» чорабинӣ ташкил гардид.
Дар чорабиниҳо бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони доираҳои илмӣ, арбобони адабиёт, санъат ва фарҳанги ду мамлакат дар бораи даврони нави ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мазкур бо дарназардошти робитаҳои бисёрасринаи таърихиву фарҳангии халқҳои мо сухан рафт.
Дар ҷамъомадҳо мутахассисон ба саволҳои журналистон вобаста ба пешомади ҳамкориҳо посух доданд.
Меҳмонон аз Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон ва Китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти онҳо ва шароитҳое, ки фароҳам оварда шудаанд, шинос гардиданд. Масъалаҳои ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаи байни доираҳои илмиву академии ду мамлакат баррасӣ шуданд.
Улуғбек ШОНАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.