Ӯзбекистон – Тоҷикистон: РОБИТАҲОИ ПАРЛУМОНӢ РИВОҶ МЕЁБАНД

Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аз мамлакатҳое ба шумор мераванд, ки аз ҳар ҷиҳат баҳам алоқамандии зич доранд.

Урфу одат, анъанаву таомул, суруду рақси ҳар ду халқ ба ҳам хеле шабеҳанд. Ду халқ аз қадим аз як рӯд об нӯшида, риштаҳои хешутаборӣ ва қудогариаш мустаҳкам гаштааст. Аз ин боис онҳоро чун «як халқе ном мебаранд, ки ба ду забон ҳарф мезананд».
Дар ду соли гузашта ба шарофати сиёсати хориҷии оқилона ва ҳаракату кӯшиши роҳбари мамлакат Шавкат Мирзиёев муносибатҳои байни ду мамлакат дубора барқарор гардид. Кудурату гинаҳое, ки дар тӯли солҳо ғун гаштаанд, барои ҳалли онҳо ва дигар муаммоҳои мавҷуда ҳаракати боҷадал шурӯъ гардид. Хусусан ба туфайли ташрифи давлатии таърихии роҳбари Ӯзбекистон 9-10 марти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар робитаҳои байни ду давлат саҳифаи нав боз гардид.
Аз ин тағйироти мусбие, ки дар байни ду мамлакат ба вуқӯъ мепайвандад, пеш аз ҳама мардуми оддӣ манфиатдор аст. Хусусан дар марзи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон якчанд гузаргоҳи назоратӣ аз нав кушода шуда, аз байн бурдани низоми раводид ва дар тӯли 30 рӯз бидуни ягон иҷозатнома ё даъватнома дар мамлакатҳои ҳамдигар буду бош намудани шаҳрвандони ду мамлакат ба ҷамъияти Ӯзбекистону Тоҷикистон, хусусан сокинони наздимарзии онҳо хеле боиси хушҳолӣ гардид. Ғайр аз ин барқарор гардидани алоқаҳои роҳи оҳан ва автомобилӣ дар ҳаёти одамон нақши мусбӣ мегузорад.
Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун давоми мантиқии ташрифи Президентамон ба Тоҷикистон муносибати тарафайнро ба зинаи боз ҳам баланд бардошт. Дар мулоқоти Тошканд роҳбарони ду мамлакат масъалаҳои рушд бахшидани муносибатҳои сиёсиву тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, сайёҳӣ, фарҳангиву инсонпарварӣ, равнақ бахшидани ҳамкориҳоро дар байни ҳудудҳо мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода, ҷонибҳо дар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн дар бобати мушкилоти минтақа ва байналхалқӣ табодули афкор намуданд. Дар поёни мулоқот дар масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангиву инсонпарварӣ ва ғайра 27 ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ба имзо расид. Хусусан ба имзо расидани шартнома дар бораи шарикии стратегӣ дар байни мамлакатҳоямон рӯйдоди асосии ташриф бозрасӣ гардид. Ҳамчунин дар оянда муштаракона истифода намудан аз оби нӯшокии кӯли Сарез ва ҳам дар рӯдхонаи Зарафшони ҳудуди Тоҷикистон якҷоя бунёд намудани ду нерӯгоҳи барқӣ ба иқтидори 320 мВт аз ҷониби ҷомеаи васеъ гарм истиқбол гардид.
Президенти Тоҷикистон бо аъзои ҳукумат ва парлумони мамлакатамон низ вохӯрд. Мо, ба сифати намояндагони Олий Маҷлис, хусусан вохӯрии Президенти Тоҷикистонро бо раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Н.Исмоилов ва аъзои гурӯҳи парлумонии ҳамкорӣ бо Тоҷикистони Олий Маҷлисро мусбӣ арзёбӣ менамоем. Ин мулоқот, ки дар рӯҳи шаффоф ва дӯстона баргузор гардид, муҳокимаи масъалаҳои  боз ҳам рушд бахшидани робитаҳои байни парлумонҳои ду мамлакатро фаро гирифт.
Маълум аст, ки робитаҳои байнипорлумонӣ чун таркиби муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ ба шумор мераванд. Ҳоло тамоилҳое, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки алоқаҳои байнипорлумонӣ дар рушди муносибатҳои байналхалқии имрӯз таъсири калон мегузорад. Вазъи мунтазам ва эътимодноки муфиди тарафайни ҳамкории ҷонибҳо, аз вуҷуд доштани азму кӯшиш барои ҳусни тафоҳуми ҳамдигар дар мустаҳкам намудани эътимоди тарафайн ва ҳам рушду васеъ намудани робитаҳои байниҳамдигарӣ далолат менамояд. Чунин робитаҳо инчунин барои мустаҳкам намудани мавқеи дипломатияи парлумонӣ, қарингардонии мавқеи байниҳамдигарии ҷонибҳо, қабул намудани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки муносибатҳои байнидавлатиро ба танзим медарорад, замина ба вуҷуд меоранд.
Аз ин нуқтаи назар дар муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон омили парлумон низ аҳамияти муҳим касб менамояд. Мисли тамоми соҳаҳо ду соли охир дар байни парлумонҳои мамлакатҳоямон низ робитаҳо хеле суръат пайдо намуд. Дар назди парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ гурӯҳи ҳамкорӣ бо парлумони Ӯзбекистон ва дар назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад, чунин гурӯҳ бо парлумони Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳамкории байни онҳо роҳандозӣ гардид. Ташрифи нахустини Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – Маҷлиси намояндагон Ш.Зуҳуров соли ҷорӣ ба мамлакатамон дар бобати робитаҳои байнипарлумонӣ аҳамияти муҳим касб намуд.
Намояндагони Олий Маҷлис дар таркиби ҳайатҳои ИДМ ва СҲШ ба сифати нозир дар интихоботи Президент ва парлумони Тоҷикистон ва дар навбати худ чунин ҳайатҳои Тоҷикистон дар ҳамин гуна интихоботи Ӯзбекистон иштирок менамоянд. Онҳо моҳи ноябри соли 2017 дар анҷумани байналхалқии «Осиёи Марказӣ: таърихи ягона ва ояндаи умумӣ, ҳамкорӣ дар роҳи рушди устувор ва тараққиёт», ки аз ҷониби СММ дар шаҳри Самарқанд ташкил гардид, иштирок намуданд.
Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Олий Маҷлис дар бобати дар оянда боз ҳам васеъ намудани ҳамкориҳои байнипорлумонӣ ва ба тарзи доимӣ роҳандозӣ намудани он мулоҳизаҳои худро иброз намуд. Зимни суҳбати самимӣ ва дӯстона маълум гардид, ки ҷонибҳо дар бобати пурратар намудан ва аз ҳамдигар омӯхтани ҷанбаҳои нав, дар роҳи рушди ҳамкории байнипорлумонӣ имконоти зиёди ҳанӯз   истифоданашуда доранд.
Хусусан ҷорӣ намудани назорати парлумонӣ бинобар аҳду паймон ва шартномаҳое, ки дар масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ, сармоягузорӣ ва технология, маданиву инсонпарварӣ, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра зимни  ташрифҳои байниҳамдигарӣ президентони ду мамлакат имзо намуданд ва барои сари вақт ва босифат иҷро гардидани онҳо дар ин бобат масъалаи муҳим ба шумор меравад. Инчунин табодули доимии ҳайатҳои парлумониро роҳандозӣ намудан, табодули таҷриба дар бобати эҷоди қонунгузорӣ ва фаъолияти таҳлили назоратӣ, табодули афкор дар бобати масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, таъмини иштироки вакилони парлумонҳо дар анҷуманҳои байналхалқие, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мегарданд, аз роҳҳои истиқболноки ҳамкории парлумонӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҷоизи қайд аст, ки дар якуним соли охир дар роҳи мустаҳкам намудани муносибати байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Дар муносибати тарафайн тағйиротҳое рух доданд, ки беназиранд. Дар ҳоле ки бевосита бо кӯшишу ҳаракат ва иродаи сиёсии сарварони мамлакатҳоямон дар байн ҳамкории муфид ва фазои мусбӣ ба вуҷуд омадааст, вазифаи асосии депутатҳо аз боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаҳои ҷоннокгардидаи дӯстона ва некҳамсоягӣ, боз ҳам қарин гардондани ду халқ ба ҳамдигар иборат аст. Зеро бародарии ӯзбекону тоҷикон дар Осиёи Марказӣ омили муҳими некҳамсоягӣ, осоиштагӣ, амният ва рушди барқарор ба шумор меравад.

Қодир ҶӮРАЕВ,
узви Кумитаи корҳои байналхалқӣ ва алоқаҳои байнипорлумонӣ,
узви гурӯҳи ҳамкории Олий Маҷлис бо парлумони Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: