ӮЗБЕКИСТОН – ТОҶИКИСТОН: ҲАМКОРӢ ДАР ЗАМИНАИ БЕХАТАРӢ РИВОҶ МЕЁБАД

17 сентябр дар Тошканд машварат дар байни дастгоҳи Шӯрои бехатарӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дастгоҳи Шӯрои бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар машварат, ки зери раёсати котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Виктор Маҳмудов ва котиби Шӯрои бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода баргузор гардид, қайд гардид, ки ташрифоти дараҷаи олии ду ҷониб, ба имзо расидани аҳдномаи ҳамкории стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба боз ҳам мустаҳкам намудан ва васеъ гардондани ҳамкории дарозмуддат таъсири мусбат расонд.
Ба туфайли иродаи қатъии роҳбарони ду давлат муносибати байни мамлакатҳоямон бо мазмуни нав ғанӣ гардида, ба дараҷаи баланд бардошта шуд.
Дар давоми мулоқот таъкид гардид, ки механизми машваратии Ӯзбекистону Тоҷикистон барои мақсади умумӣ ба хотири суръатафзоӣ ва ҳамкории боҷадал дар ҷиҳати ҳамсоягиву дӯстии байни ду давлат хизмат намуда, ба манфиатҳои мардумамон муносиб аст ва ба ҳаёти осудаву таъмини фаровонии халқҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нигаронда шудааст.
Машварат дар бобати таъмини бехатарӣ ва барқарории минтақа, тараққиёти муттасили давлатҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим касб менамояд.
Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкориҳоро дар байни ду мамлакат дар ҷиҳати бехатарӣ  дар байни дараҷаҳои гуногун, аз ҷумла дар оянда мустаҳкам намудани пойгоҳи қарордодиву ҳуқуқӣ ва якҷоя равнақ додани ҳаракатҳои амалӣ васеъ созанд.
Дар машварат масъалаҳои такмил бахшидани механизмҳои амалии ҳамкории якҷоя дар соҳаи амал бар зидди ифроткорӣ ва фаъолияти террористӣ, таъмини бехатарии сарҳадот ва муҳофизати манфиатҳои иқтисодӣ дар сарҳадоти давлатии умумӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ҷамъомад ташаббус ва тавсияҳо дар бобати боз ҳам такмил додани ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар ҷиҳати бехатарӣ баррасӣ гардида, алоҳида таъкид ёфт, ки дар бобати нигоҳ доштани суръати баланди инкишофи муносибати тарафайн, аз ҳисоби салоҳият ва имкониятҳои захиравӣ боз ҳам шиддат бахшидани ҷараёни мавҷуд муҳим мебошад.
Бино бар хулосаи машварати дуҷониба, дар байни дастгоҳи Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дастгоҳи Шӯрои бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ Меморандум ва барои боз ҳам амиқсозӣ ва васеъ гардондани ҳамкорӣ дар заминаи бехатарӣ Протокол ба имзо расид, ки чорабиниҳои дақиқро дар назар дорад.

Ғ. ХОННАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: