Дар доираи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов ба мамлакат 26 ноябр дар меҳмонхонаи «International hotel Tashkent» бизнес-форуми соҳибкорони «Ӯзбекистон – Тотористон» барпо гардид.
Дар он намояндагони иқтисодиёт, савдо, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, азнавкоркарди нафт, филизот, саноати сабук, мошинсозӣ, вазорат ва идораҳои соҳаи воситаҳои ахбори оммавӣ, роҳбарони кумита ва агентиҳо, ширкатҳои бузурги тавлидотӣ ва тиҷоратӣ, доираҳои соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тотористони бародарӣ иштирок намуданд.
Дар маросими кушодани анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Э.Ғаниев ба меҳмонон дар бораи муҳити қарорёфтаи тиҷорат дар мамлакат, шароити муносиби барои сармоягузорони хориҷӣ офаридашуда маълумот дод. Дар бораи боз ҳам мустаҳкам намудани робитаҳои ҳамкории мавҷуд сухан ба миён овард. Таъкид гардид, ки дар айни ҳол дар байни Ӯзбекистон ва Тотористон ба қимати умумии беш аз 1,5 миллиард доллар беш аз 50 лоиҳа ба амал татбиқ мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тотористон Р.Минниханов дар баромади худ қайд кард, ки сиёсати хориҷии таҷдидёфтаи Ӯзбекистон, кӯшишоти ба натиҷаҳои дақиқ асосёфтаи он имконоти васеъ ба вуҷуд овард, ки дар баробари бисёр давлатҳо бо Русия, аз он ҷумла Тотористон робитаҳои муфид ба дараҷаи эҳсосшаванда васеъ гардад. Таъкид гардид, ки дар натиҷаи аҳду паймоне, ки дар доираи анҷумани байни ҳудудҳои Ӯзбекистон – Русия, ки соли 2018 дар диёрамон баргузор гардид, имкон дод, ки байни ҳудудҳои мамлакатҳоямон муносибати бевосита ривоҷ ёфта, ҳамкорӣ боз ҳам мустаҳкам гардад.
Моҳи майи соли ҷорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тотористон зери роҳбарии муовини Сарвазир, вазири саноат ва савдо Алберт Каримов дар мамлакатамон ташриф дошт. Дар натиҷаи музокирот аҳду паймоне ба даст омад, ки даҳҳо соҳаҳоро фаро гирифта, ҷанбаҳои нафту газ, тандурустӣ ва дорусозӣ, кишоварзӣ, автомобилсозӣ, сайёҳӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва азнавкоркард, технологияи иттилоотро дар назар дорад. Бо даҳҳо корхонаҳои маъруфи Тотористон мисли «Татнефт», «КАМАЗ», «НТЗ», «ТЭМ-ПО», «Химград», «Эйдос-медитсина», «Татхимфармпрепарати», «Бионоватик» корхонаҳои муштарак таҳия гардида, ба амал ҷорӣ карда шуданд. Имрӯз натиҷаи ин ҳамкориҳо дар рақамҳои воқеӣ низ таҷассум мегарданд.
Хусусан соли 2018 табодули амвол байни Ӯзбекистон ва Тотористон аз 145 миллион доллари ИМА зиёд гардид. Соли 2017 он 92,6 миллион долларро ташкил намуда буд. Аммо фақат ин ибтидои самараи ҳамкории дуҷониба аст. Бо корбурди тамоми имкониятҳои мавҷуда дар мушорикати иқтисодӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардидан мумкин. Мақсад аз бизнес-форуми мазкур дар аснои ташрифоти дараҷаи олӣ аз боз ҳам вусъат додани ҳамкории тарафайни муфид ба тарзи наву замонавӣ иборат аст.
Дар анҷуман бо иштироки доираҳои соҳибкори Ӯзбекистону Тотористон дар андозаи В2В мулоқот баргузор гардид. Дар музокирот дар заминаи тавлиди қубурҳои полимер, дастгоҳҳои хунуксозӣ, дорувории микробиологии нумӯи рустанӣ, дорувории поксозии об, масолеҳи нигоҳдории гармӣ, автомобили дизел, дастгоҳҳои насос ва компрессор, инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳандисӣ, энергетика, инфрасохтор, нақлиёт ва логистика муҳокима гардиданд. Аҳду паймони муфид ба даст омад.
Дар доираи анҷуман меморандум ва шартномаҳо дар заминаи мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар бобати шарикии стратегӣ дар ҷиҳати нафту газ ва саноати кимё, маъдану металлургия, иттилоот ба имзо расиданд.
Ғайрат ХОННАЗАРОВ,
хабарнигори ӮзА.