Ӯзбекистон – Туркия: ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ДАР САТҲИ ОЛӢ БА МАНФИАТИ ДУ ХАЛҚИ БАРОДАР

Тавре ки пештар хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған 19-20 феврал ба ин мамлакат сафари расмӣ карда, дар ҷамъомади аввалини Шӯрои ҳамкориҳои стратегии ӯзбекистониву туркиягӣ ва маросими кушоиши Китобхонаи президенти Туркия иштирок менамояд.

Сафари Президенти Ӯзбекистон ба Туркия идомаи мантиқии мулоқот дар сатҳи олӣ, ҳамчунин боз як шаҳодати равшани торафт мустаҳкам гардидани дӯстӣ ва шарикии стратегӣ дар рӯҳи эътимоди тарафайн хоҳад шуд. Муоҳида дар бораи созмон додани Шӯрои ҳамкориҳои стратегии ӯзбекистониву туркиягӣ дар саҳти олӣ ҳангоми сафари Президенти Туркия ба Ӯзбекистон, ки моҳи апрели соли 2018-ум ба вуқӯъ пайваста буд, имзо гардид. Сохтори мазкур таҳти раёсати сарони ду мамлакат амал хоҳад кард. 
Туркия аввалин давлатест, ки истиқлолияти Ӯзбекистонро эътироф карда буд. Муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар соли 1992 ба роҳ монда шуда буданд. Сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Туркия, ки 25-26 октябри соли 2017-ум баргузор шуд, дар рушди муносибатҳои дуҷониба саҳифаи куллан навро боз кард. Бинобар натиҷаи он зиёда аз 20 ҳуҷҷат, ки ба пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, нақлиёт ва логистика, савдо, сайёҳӣ, нигаҳдории тандурустӣ, тайёр кардани кадрҳо, мудофиа ва ғайра нигаронида шудаанд, ба имзо расида буданд.
Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған ба Ӯзбекистон, ки 29 апрел – 1 майи соли 2018-ум ба вуқӯъ омад, низ як қатор  ҳуҷҷатҳои  байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, савдо, нақлиёту логистика, саноат, энергетика, илм, таълим, сайёҳӣ имзо гардиданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ва гуфтушунидҳои сарони ду давлат, ки мунтазам баргузор мешаванд, ба ҳолати ҷории ҳамкориҳо баҳои ҳаққонӣ дода мешавад, самтҳои бартариноки инкишоф додани онҳо мушаххас мегарданд. Ин ҷиҳат дар фароҳам овардани  шароитҳои мусоид барои доираҳои корчаллони ду мамлакат, беҳтар намудани иқлими сармоягузорӣ, соддатар кардани режимҳои раводид, татбиқ сохтани лоиҳа ва барномаҳои нави муштарак инъикос меёбад. 
Ӯзбекистон ва Туркия ба фаъолтар намудани муносибатҳои тарафайн аз тариқи ба роҳ мондани сафарҳои байнипарлумонӣ, баргузор кардани чорабиниҳои муштарак, фароҳам овардани иимкониятҳои нав барои кооператсияи тиҷоративу сармоявӣ, табодули афкор бинобар масъалаҳои рӯзмарраи байналхалқӣ эътибори махсус медиҳанд. 
Туркия яке аз бузургтарин шарикони тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон гардид. Инро торафт вусъат пайдо кардани доираи амали тоҷирони Туркия, ки тиҷорати худро дар кишвари мо ба роҳ мемонанд, тасдиқ менамояд. Аз ҷумла солҳои 2017-2019 дар Ӯзбекистон 750 корхона бо иштироки шарикони туркиягӣ ба қайд гирифта шуд, миқдори умумии онҳо бошад, аз 1140 адад гузашт. Ин ҷиҳат, дар навбати худ ба рушди мубодилаи моли дуҷониба таъсири мусбат мерасонад.
Чунончи, агар соли 2017-ум ҳаҷми савдои тарафайн зиёда аз 1,5 миллиард долларро ташкил дода бошад, соли 2018-ум ин нишондиҳанда то ба 2 миллиарду 200 миллион доллар афзуд. Соли равон мубодилаи моли байни ду мамлакат ба 2,5 миллиард доллар расид. Бояд зикр сохт, ки дар муваффақ шудан ба ин ҳадафҳо фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ аҳамияти бузург дорад. 
Фаъол гардидани мулоқоти байни халқҳои Ӯзбекистон ва Туркия ба пешрафти мусбати афзоиши робитаҳои маданиву инсонпарварӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ мусоидат менамояд. Устодони санъати кишвари бародар иштирокдорони доимии Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ба шумор мераванд. Намояндагони Туркия дар ҷашнвораҳои байналхалқии санъати мақом, бахшигӣ, санъати милливу амалӣ, ки дар Ӯзбекистон бори аввал гузаронида шуданд, низ фаъолона иштирок карданд. Намоиши мустақими Ҷашни умумихалқии Наврӯз, ки дар мамлакати мо васеъ қайд карда мешавад, аз тариқи телевизиони давлатии Туркия низ шаҳодати қаробати ду халқе мебошад, ки решаҳои умумӣ доранд. 
Таъсис ёфтани Шӯрои ҳамкории стратегии ӯзбекистониву туркиягӣ дар сатҳи олӣ ва баргузор намудани ҷамъомади нахустини он бобати вусъат додани муносибатҳои дуҷониба ва боз намудани саҳифаи нав дар таърихи онҳо ба манфиати халқҳои ду кишвар нақши куллан муҳим дорад. 
Дар вохӯрии мазкур дар ҳайати васеъ доираи зиёди масъалаҳо оид ба самтҳои зерин, аз ҷумла мулоқоти сиёсӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ, маданиву инсонпарварӣ, мубодилаи сайёҳӣ ва бисёр соҳаҳои дигар муфассал муҳокима мегарданд.  Ба ҳолати муносибатҳои шарикӣ баҳои воқеъбинона дода шуда, вазифаҳои пешомаднок бинобар рушди онҳо мушаххас мегарданд.
Дар гуфтушунидҳо мушкилоти рӯзмарраи минтақавӣ ва байналхалқӣ, аз ҷумла кумакрасонӣ барои истиқрори сулҳ дар Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои таҳкими мулоқоти тарафайн дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабон низ баррасӣ хоҳанд шуд.
Бинобар натиҷаи ҷамъомади аввалини Шӯрои ҳамкории стратегии ӯзбекистониву туркиягӣ дар сатҳи олӣ имзо кардани изҳороти муштарак пешбинӣ гардидааст, ки ба бо муҳтавои амалӣ пурратар намудани шарикии стратегии байни кишварҳои мо нигаронида шудааст.
Пешбинӣ мегардад, ки Президенти Ӯзбекистон дар маросими кушоиши расмии Китобхонаи президенти Туркия маърӯзаи табрикӣ эрод менамояд. Ин тасдиқи қаробати маънавии ду халқ, эътибори сарони давлатҳо ба масъалаҳои рушди илму маърифат хоҳад шуд, ки ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.
Китобхонаи мазкур дар тӯли ду сол дар ҳудуди маҷмӯи Президенти Туркия бунёд гардид. Бинои он симои ба худ хос дорад, дар бунёди он усулҳои меъмории даврони Салҷуқиҳо, Салтанати усмониён ва замонавӣ васеъ истифода шудаанд. Майдони умумии бинои ёздаҳошёна 120 ҳазор метри мурраббаъро ташкил медиҳад. Дар фонди китобхона баробари асарҳое, ки ба маданият, илм ва санъати Туркия дахл доранд, осори нодири бахшида ба инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ, дастнависҳои қадимӣ, китобҳои илмии замонавӣ низ нигаҳдорӣ хоҳанд шуд. 
Даъват шудани Президенти Ӯзбекистон ба ин чорабинии муҳташам ба сифати меҳмони олиқадр шаҳодати ҳамдилӣ дар дарки муҳимияти илму маърифат бобати рушди маданиву маънавии наслҳои оянда, моҳияти онҳо барои рушди кунунии давлат ба шумор меравад.
Воқеан, дар мамлакати мо мувофиқи Стратегияи амалиёт, ки бо ташаббуси роҳбари давлат қабул шуд, ҳамчунин панҷ ташаббуси муҳим бобати ба роҳ мондани корҳои иҷтимоӣ, маънавиву маърифатӣ мувофиқи низоми нав, ба тарғибу ташвиқи мутоилаи китоб дар байни ҷавонон эътибори махсус дода мешавад. Дар соли 2020-ум, ки дар Ӯзбекистон Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти  рақамӣ эълон гардид, корҳои мустақим дар тарбияи насли навраси пешқадам ва аз ҷиҳати маънавӣ комил идома меёбанд. 
Ӯзбекистон, ки дар олам ба сифати яке аз гаҳвораҳои маънавии халқҳои туркзабон эътироф шудааст, ба забти қуллаҳои нави пешрафти худ саъй менамояд. Дар ин ҷараён ба ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ ва кишварҳои дӯст, аз ҷумла Туркия, аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Сафари роҳбари давлати мо низ ба ин ҳадафҳо ҷавобгӯ буда, ба иҷрои саъю кӯшишҳои нек баҳри шукуфоии халқҳои ҳар ду мамлакат хидмат хоҳад кард.

АИ «Дунё».       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: