Тавре ки пештар хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 31 июл - 1 август бо сафари расмӣ дар ин кишвар шуд.
Чорабиниҳои асосии сафар 1 август дар Қасри Истиқлоли шаҳри Минск баргузор шуданд.
Пас аз маросими истиқболи расмӣ Шавкат Мирзиёев ва Александр Лукашенко дар доираи танг мулоқот карданд.
Роҳбари давлати мо барои даъват ва меҳмоннавозӣ миннатдорӣ баён карда, зикр сохт, ки ба вусъатёбии муносибатҳои шарикии Ӯзбекистон ва Беларус аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
— Пас аз сафари таърихии Шумо ба Ӯзбекистон, гуфтушунидҳо ва ҳамкории байни кишварҳои мо дар тамоми соҳаҳо бо мазмуну муҳтавои наву пурмаҳсул ғанӣ шуданд ва натиҷаҳои мусбат медиҳанд. Робитаҳои сермаҳсул, ки дар байни минтақаҳои кишварҳои мо ба роҳ монда шудаанд, мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошад. Мо барои мубодилаи тарафайн асоси хуб гузоштем. Дар тамоми дараҷаҳо барои ҳамкорӣ саъю кӯшишҳо мушоҳида мешаванд. Имрӯз моро зарур аст, ки натиҷаҳои бадастомадаро таҳлил кунем ва ба ҳамкории бомуваффақияти минбаъда такон бахшем, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президенти Беларус меҳмони олиқадрро хайрамақдам гуфта, зикр сохт, ки дар муҳлати кӯтоҳ бобати ҳамкорӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд ва сафари ҳолоина ҳамкориҳои тарафайнро ба сатҳи сифатан нав мебардорад.
— Тӯли ду соли охир мо бо Шумо муносибатҳои байни кишварҳоямонро куллан тағйир додем, моҳиятан мо онро ба роҳи нав гузоштем. Корҳое, ки дар ин муддат анҷом пазируфтанд, аз фаъолияте, ки дар тӯли тамоми 25 сол иҷро шуда буданд, бештар аст. Ҳаҷми мубодилаи моли байни кишварҳои мо ба талаботи кунунӣ мувофиқат намекунад, бояд онро зиёд кард. Ташаббуси Шумо бинобар робитаи тарафайни ҳудудҳо аз тариқи ҳамкорӣ — ҷиҳати ба худ хоси сафари ҳолоина ба шумор меравад. Сафарҳои тарафайни роҳбарони минтақаҳо баргузор шуданд, намоишгоҳ ва рӯзҳои маданият ташкил гардиданд. Ҳамаи ин моҳияти сафари Шуморо ба Беларус афзун мекунад. Аз ҳама муҳимаш, роҳбарони маъмуриятҳои маҳаллӣ бисёр муоҳидаҳоро дар бораи ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Вазифаи мо аз он иборат буд, ки ба ин корҳо оғоз бахшем ва мо ин вазифаро иҷро кардем, — гуфт Александр Лукашенко.
Солҳои охир ҳамкориҳои ӯзбекистониву беларусӣ хеле фаъол шуданд. Дар ҳаёти халқҳои мо низ муҳити нави муносибатҳои байнидавлатӣ зуҳур мекунанд. Дар байни соҳаҳо, минтақаҳо ва бевосита дар байни соҳибкорони ду мамлакат алоқаҳои қарин ба роҳ монда шуданд. Ин намоёнгари он мебошад, ки ҳар ду ҷониб аз ҳамкориҳои муфиди тарафайн манфиатдоранд.
Мазмун ва натиҷаи чорабиниҳое, ки дар арафаи аввалин сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Беларус ба даст омаданд, шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.
Ӯзбекистон Беларусро дар сиёсати хориҷии худ яке аз шарикони асосӣ медонад. Кишварҳои мо дар доираи сохторҳои байналхалқӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ низ ҳамкории пурмаҳсул доранд. Президентҳои мо дар соҳати ҳамоишҳои гуногун бинобар самтҳои пешомадноки робитаҳои тарафайн вохӯрӣ ва мулоқот мекунанд.
Ҳоли ҳозир амиқсозии алоқаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, рушди гузаргоҳҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ, вусъат додани ҳамкорӣ дар кооператсияи саноатӣ ва соҳаҳои маданиву инсонпарварӣ самтҳои бартариноки ҳамкориҳои тарафайн ба шумор мераванд.
Дар ҷараёни мулоқот аҳволи кунунӣ, пешомади рушди муносибатҳои бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Беларус баррасӣ шуданд.
Сарони давлатҳо ба зарурияти беҳтар кардани кооператсия ба мақсади аз худ намудани бозори кишварҳои сеюм эътибори махсус доданд. Баробари ин бо назардошти таҷрибаи шарикони беларусӣ пешомади ҳамкориҳои Ӯзбекистон бо Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё муҳокима гардид.
Бинобар масъалаҳои рӯзмарраи дорои аҳамияти байналхалқӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор ба амал омад.
Гуфтушунидҳо дар таркиби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ давом карданд. Дар онҳо масъалаҳои вусъат додани миқёси савдои тарафайн, боз намудани самтҳои нави ҳамкориҳои байниминтақавӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои илм, инноватсия, технологияҳои рақамӣ, таълим ва сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Роҳбари давлати мо таъкид намуд, ки тӯли ду соли охир ҳаҷми мубодилаи мол чаҳор карат афзуд ва бояд ин суръат нигоҳ дошта, нишондиҳандаи он зиёд карда шаванд. Вай зикр сохт, ки бояд робитаҳои бевоситаи байни маҳсулотрасонандагон ба роҳ монда шавад, анҷуманҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳо бештар ташкил гарданд, самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш мушаххас ва тамоми имкониятҳо ба роҳ андохта шаванд,
Ӯзбекистон ба Беларус маҳсулоти саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ, кимёвӣ, филизоти ранга ва маснуоте, ки аз онҳо тайёр карда мешаванд, таҷҳизот, воситаҳои нақлиётӣ, қисмҳои маҷмӯӣ содир менамояд. Беларус ба мамлакати мо техникаҳои кишоварзӣ, молҳои озуқаворӣ, чӯб, резина, каучук, филизоти сиёҳ ва маҳсулоти дигар расонда медиҳад.
Президенти мамлакати мо зарурияти таҳлили амиқи савдо ва коркарди таклифҳои мушаххас бинобар беш аз пеш зиёд кардани ҳаҷми мубодилаи молро қайд намуд. Пешомадҳои истеҳсоли маҳсулоти рақобатбардор аз тариқи мубодилаи тарафайни таҷриба ва технологияҳо, аз онҳо сарпур сохтани бозорҳои дохилӣ ва бозори кишварҳои сеюм баррасӣ шуданд.
Александр Лукашенко зикр сохт, ки ҳамкориҳои беларусиву ӯзбекистонӣ танҳо бо муносибатҳои дӯстона маҳдуд намешаванд. Вай таъкид кард, ки барномаи бисёрҷанбаи сафари роҳбари давлати мо тасдиқи равшани саъю кӯшишҳои тарафайн барои рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо ба шумор меравад.
— Ӯзбекистон дар соҳаи диверсификатсияи иқтисодиёт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид, соҳаҳои нав, аз ҷумла автомобилсозӣ, саноати нафт, газ ва кимиё, истеҳсоли техникаҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуданд. Беларус аз тариқи татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштараки сармоявӣ ба вусъат додани ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ӯзбекистон тайёр аст, — гуфт Александр Лукашенко.
Қайд гардид, ки Беларус аз татбиқ намудани барномаи дарозмуҳлати ҳамкорӣ, ба роҳ мондани корхонаҳо ва марказҳои хидматрасонии муштарак, маҷмӯъҳои замонавӣ бинобар коркарди шир, иқтидорҳои дорусозӣ, таҳкими шарикӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ манфиатдор мебошад.
Зикр шуд, ки пурзӯр кардани кооператсия дар хоҷагии қишлоқ, мошинсозӣ, саноатҳои бофандагӣ, чарм ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва соҳаҳои дигари пешомадноки иқтисодиёт низ аз самтҳои бартаринок маҳсуб меёбанд.
Дар бораи ошкор кардани иқтидори ҳудудҳои ду мамлакат фикру ақидаи ягона иброз гардид. Дар анҷумане, ки дар арафаи сафари Президенти Ӯзбекистон дар Минск баргузор шуд, саъю кӯшиши ҷонибҳо ба ҳамкорӣ ва татбиқсозии лоиҳаҳои зиёди тарафайн равшан ба назар расид.
Соҳаҳои илм, инноватсия, технологияҳои рақамӣ, таълим самтҳои муҳими муносибатҳои тарафайн ҳисобида мешаванд, зеро бидуни онҳо пешомади дарозмуҳлати ҳамкориҳоро наметавон муайян кард.
Рағбат ба таҷрибаи пешқадами Беларус дар соҳаи ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, барномарезӣ ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ баланд мебошад. Дар гуфтушунидҳо ба масъалаҳои дастгирӣ намудани барнома ва лоиҳаҳои дахлдори соҳаи таълим, гузаронидани пажӯҳишҳо, кушодани факулта ва лабораторияҳои муштарак ва ба онҳо ҷалб намудани ҷавонон эътибор дода шуд.
Ҳамкориҳои маданиву инсонпарварӣ фаъол мешаванд, Соли гузашта ҳангоми сафари Президенти Беларус дар пойгоҳи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ Маркази таълимии беларусиву ӯзбекистонӣ кушода шуд. Ҳоли ҳозир ҳамкориҳои байни 15 мактабҳои олии ду кишвар ба роҳ монда шудаанд.
Дар тағйироте, ки дар соҳаҳои илм, фарҳанг, санъат ва соҳаҳои дигари кишвари мо ба амал меоянд, саҳми сазовори намояндагони миллати беларус низ ҳаст. Дар шаҳри Тошканд Маркази мадании Беларус - «Свитанак» самарабахш амал мекунад. Якчанд фаъолони марказ мувофиқи фармони Президент бо мукофотҳои баланд қадрдонӣ шуданд.
Соли гузашта дар Тошканд нимтанаи нависандаи шинохтаи Беларус ва арбоби ҷамъиятӣ Якуб Колас гузошта шуд. Боз гардидани нимтанаи шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоӣ дар шаҳри Минск дар арафаи сафари роҳбари давлати мо боз як зуҳуроти равшани ба дараҷаи сифатан нав бардошта шудани робитаҳои мадании халқҳоямон гардид.
Дар анҷоми гуфтушунидҳо коркард ва қабул намудани «харитаи амалиёт»-и муштарак бобати татбиқ сохтани қарорҳои қабулшуда ва муоҳидаҳои ба имзорасида шартнома баста шуд.
Дар маросими имзои ҳуҷҷатҳо Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко қабул гардид.
Дар байни ҳукуматҳо, вазорату идораҳои ду мамлакат 11 ҳуҷҷат дар бораи истеҳсолот ва кооператсияи илмиву техникӣ, ҳамкории сармоявии байниминтақавӣ, таълим, фаъолияти табъу нашр ва расонаҳои ахбори оммавӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, гумрук ва соҳаҳои дигар имзо шуданд.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ сарони давлатҳо қайд намуданд, ки гуфтушунидҳо дар рӯҳи ошкоро ва пурмуҳтаво гузаштанд, муоҳидаҳои муфиди тарафайн имзо шуданд.
Роҳбари давлати мо таъкид кард, ки гуфтушунидҳо сермаҳсул буданд, ба шарофати ягонагии ақидаҳо ва иродаи сиёсии ҷонибҳо бинобар тамоми масъалаҳо натиҷаҳои мусбат ба даст омаданд, муносибатҳо дар шакли нави пешрафт идома хоҳанд кард.
— Вохӯриҳои мунтазам ва анъанавии мо ба ҳамкориҳои мустаҳками бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Беларус асоси мустаҳкам гузоштанд. Дар гуфтушунидҳои ҳолоина, ки дар муҳити дӯстона ба амал омад, мо масъалаҳои рӯзмарраи муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима кардем ва вазифаҳоро барои оянда мушаххас намудем. Шартномаҳои баимзорасида ба вусъат додани ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоявӣ ва маданиву инсонпарварӣ нигаронида шудаанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Президенти Беларус зикр сохт, ки соли гузашта мубодилаи тарафайни моли кишварҳои мо ба нишондиҳандаи хеле баланди солҳои охир расид ва ин анъана дар соли равон низ идома дорад.
– Гуфтушунидҳо дар рӯҳи эътимод ва эҳтироми тарафайн гузаштанд, ки боз як тасдиқи амиқ шудани шарикии стратегии Беларус ва Ӯзбекистон гардид. Комёбиҳои Ӯзбекистон, ки дар тӯли се соли охир ба даст омадаанд, моро чун муваффақияти дӯст хурсанд мекунанд. Роҳбарияти мамлакат нафақат соҳаи иқтисодиётро бозсозӣ мекунад ва тағйироти васеъмиқёсро дар саноат, хоҷагии қишлоқ ва соҳаҳои дигар татбиқ месозад, балки самтҳои навро ба ҳаёт ҷорӣ менамояд. Ин ба мо умед мебахшад, ки ҳамкориҳоямон беш аз пеш самарабахш хоҳанд шуд, – гуфт Александр Лукашенко.
— Ҷонибҳо таъкид карданд, ки минбаъд низ онҳо якдигарро дар доираи сохторҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ дастгирӣ мекунанд.
Зикр шуд, ки дар анҷумани байниминтақавӣ, ки дар арафаи сафар дар Минск байни шаҳрҳо ва вилоятҳои ду мамлакат баргузор шуд, 12 ҳуҷҷат, ҳамчунин қарордодҳо ба арзиши умумии 300 миллион доллар имзо гардиданд.
Ҳамчунин зикр шуд, ки алҳол дар Беларус Рӯзҳои маданияти Ӯзбекистон идома дорад ва он воқеаи дурахшон гардида, ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи байни ду халқ хидмат ҳоҳад кард.
Президент Шавкат Мирзиёев ҳамчун нишони дӯстӣ ва ваҳдати халқҳои мо дар Хиёбони меҳмонони ифтихории назди Қасри Истиқлолият ниҳол нишонд. Дар маросим Президенти Беларус Александр Лукашенко иштирок кард.
Дар нимаи дуюми рӯз роҳбарони давлатҳо аз намоишгоҳи маҳсулоти миллӣ дар шаҳри Минск таҳти нишони «Дар Ӯзбекистон истеҳсол шудааст» боздид ба амал оварданд.
Барои намоиш додани номгӯйи зиёди маҳсулот ва хидматҳои кишвари мо дар маркази намоишгоҳи миллии «Бел-Экспо» маҷмӯи алоҳида ҷудо карда шудааст.
Дар намоишгоҳи пӯшидаи масоҳаташ се ҳазор метри мураббаъ 25 девораи махсус сохта шудааст, ки дар онҳо маҳсулоти ширкатҳо ва иттиҳодияҳои машҳур «Ӯзэлтехсаноат», «Ӯзтӯқимачиликсаноат», «Ӯзбекчармсаноат», «Ӯзбекозиқовқатхолдинг», «Ӯзкимёсаноат», «Ӯзбекнефтегаз», «Ӯзқурилишматериаллари», «Ӯзтрейд», комбинатҳои маъданҳои кӯҳии Навоӣ ва Олмалиқ, оҷонсиҳои оид ба рушди соҳаи дорусозӣ, рушди ангурпарварӣ ва виносозӣ гузошта шуданд. Дар майдони кушоди 500 метри мураббаъ автомобилҳо, техникаҳои кишоварзӣ, мошинҳои боркашон, автобусҳо ва молҳои дигар намоиш дода мешаванд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз сад корхонаву субъектҳои соҳибкории вилоятҳо беш аз ҳазор намуди маҳсулот ва хидматҳоро пешниҳод менамоянд, Ба тарғибу ташвиқи иқтидори сайёҳии кишвари мо эътибори махсус дода шудааст.
Намоишгоҳро, ки аз 29 июл боз амал мекунад, садҳо нафар соҳибкорон, намояндагони созмонҳои тиҷоративу саноатӣ, ҷомеаи васеъ тамошо мекунанд.
Ба Александр Лукашенко дар бораи иқтидор ва имконияти ширкатҳои кишвари мо, сифати маҳсулот ҳикоя карданд.
Роҳбари давлати мо ба шахсони мансабдори ширкатҳо ва оҷонсиҳои Ӯзбекистон бинобар ба роҳ мондани робитаҳои кооператсионӣ бо корхонаҳои манфиатдори Беларус, татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштараки тиҷоративу сармоявӣ супоришҳо дод.
Президент Шавкат Мирзиёев ҳамроҳи Сарвазири Беларус Сергей Румас хиёбони технологияҳои олиро дар Минск тамошо кард.
Ин хиёбон соли 2005-ум ба мақсади фароҳам овардани шароити ҷолиб барои рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани рақобатбардории иқтисодиёти мамлакат таъсис ёфтааст. Соли 2014-ум ба хиёбон як қатор имтиёзҳо пешниҳод шуданд ва самтҳои фаъолияти он вусъат пайдо кард.
Ҳоли ҳозир хиёбони мазкур аз ҷумлаи марказҳои машҳур дар самтҳои таъминоти барномавӣ, наноэлектроника, мехатроника, радиолокатсия, радионавигатсия, TI-консалтинг, пешниҳоди хидматҳои техникӣ, таъмин сохтани амнияти иттилоотӣ ва соҳаҳои дигар гардидааст. 90 фоизи маҳсулоти барномавие, ки дар ин ҷо коркард мешаванд, ба фурӯш мераванд. Ширкатҳои 67 давлат супоришдиҳандагони ин хиёбон мебошанд.
Ба Президенти мамлакати мо дар бораи сохтори технологияҳои олии инноватсионӣ, кашфиётҳое, ки дар бонку молия, тиббиёт, хоҷагии қишлоқ, экология ва соҳаҳои дигар истифода мешаванд, маълумот пешниҳод гардид.
Роҳбари давлати мо таклиф кард, ки дар Ӯзбекистон намоишгоҳи кашфиёти технологияҳои олии хиёбон ва комёбиҳои инноватсионӣ намоиш дода шаванд. Ӯ бобати таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои илму технология, ҳамкорӣ бинобар тайёр кардани мутахассисон ва мубодилаи таҷриба супориш дод.
Бо ҳамин сафари расмии Президенти мамлакати мо ба Ҷумҳурии Беларус анҷом ёфт.
Матназар ЭЛМУРОДОВ, хабарнигори махсуси ӮзА.