ӮЗБЕКИСТОН ВА БЕЛАРУС ҲАМКОРИИ СОҲИБКОРИРО ВУСЪАТ МЕДИҲАНД

Минск, 29 июл. Мухбири махсуси ӮзА Матназар Элмуродов хабар медиҳад.

Дар арафаи сафари  расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Минск 29 июл анҷумани байниминтақавии Ӯзбекистон ва Беларус баргузор шуд. Дар он баробари намояндагони минтақаҳои ду мамлакат аъзои парлумон, шахсони масъули вазорату идораҳо, корчаллонҳо иштирок карданд.
Мақсади асосии анҷуман, ки барои мулоқот бинобар вусъат додани ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Беларус ба сифати соҳаи муҳим хидмат хоҳад кард, аз муттаҳид сохтани намояндагони соҳаҳо ва минтақаҳои пешқадам дар як доира, ҳамин тариқ вусъат додани таҷрибаи коркард ва татбиқсозии лоиҳаҳои муштарак, умуман таҳкими ҳамкориҳои тарафайн дар ҳар кадом соҳаи барои ҷонибҳо рағбатнок мебошад.
Рӯзи аввали анҷуман дар шакли ҷамъомадҳои шуъбавӣ гузашт.
Дар иҷлосияи бахшида ба масъалаҳои кооператсияи саноатӣ дар бораи вусъат додани робитаҳои шарикӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла хоҷагии қишлоқ, мошинсозӣ, электротехника, дорусозӣ сухан рафт.
Ҷамъомади дуюм ба соҳаи аграрӣ бахшида шуд. Дар он пешомадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои парвариш кардан ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, растанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, ветеринария баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни иҷлосия бинобар масъалаҳои рушди робитаҳо дар соҳаҳои инсонпарварӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, илмӣ вобаста ба самтҳои пешомаднок, аз ҷумла таҷриба дар соҳаи такмил додани хиёбонҳои техникӣ, вусъат бахшидани ҳамкориҳои байниминтақавии инноватсионӣ, сайёҳӣ, таълими рақамӣ табодули афкор ба амал омад.
Анҷуман кори худро 30 июл идома медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки дар арафаи сафари расмӣ ҳамкориҳои байни минтақаҳо ва соҳибкорон фаъолтар мешаванд. Имрӯз дар маркази  намоишгоҳи миллии «БелЭкспо» воқеъ дар Минск низ Намоишгоҳи саноати миллии Ӯзбекистон  кушода шуд.
Чорабинӣ ба мақсади баланд бардоштани  ҳаҷми расонда додани маҳсулоти саноати ватанӣ ба Беларус,  васеъ шинос кардани намояндагони тиҷорати ин мамлакат бо иқтидори содиротӣ ва сармоявии кишвари мо созмон дода шуд. 
Дар маросими кушоиши намоишгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Элёр Ғаниев  рушди алоқаҳои тиҷоративу иқтисодии байни ду кишварро таъкид карда, изҳор дошт, ки барои дар фурсатҳои наздиктарин то ба як миллиард доллар расондани табодули тарафайни мол тамоми имкониятҳо мавҷуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Владимир Дворник қайд намуд, ки ин чорабинӣ идомаи мантиқии мулоқоти тиҷоратие мебошад, ки дар доираи Намоишгоҳи миллии Беларус соли 2018-ум дар Тошканд баргузор шуда буд.
Дар намоишгоҳ 80 корхона аз тамоми минтақаҳои кишвари мо бо беш аз 1000 намуди маҳсулоти худ иштирок мекунад, онҳо ба соҳаҳои мошинсозӣ, электротехника, сохтмон, тиббиёт ва дорусозӣ, нафту кимиё, саноати бофандагӣ, технологияҳои иттилоотӣ иртибот доранд. Ба тарғибу ташвиқи имкониятҳои Ӯзбекистон дар соҳаи сайёҳӣ эътибори зиёд дода шудааст.
Намоишгоҳи саноати миллии Ӯзбекистон то 2 август тамошобинонро қабул мекунад.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: