ӮЗБЕКИСТОН ВА БРО ДУРНАМОИ ҲАМКОРИҲОРО БАРРАСӢ КАРДАНД

Бо иштироки масъулини Вазорати иқтисоду молия ва ҳайати Бонки рушди Осиё (БРО) бахшида ба баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он масъалаҳои дастгирии стратегии маблағгузории инноватсионӣ, татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ (ШДБХ) ва истифодаи тамоюлҳои «сабз» дар онҳо муҳокима карда шуд.

Дар рафти мулоқот бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба захира ва равишҳои гуногуне, ки ба рушди мамлакат мусоидат мекунанд, бартарӣ доданд. Инчунин, масъалаҳои ташаббусҳои рағбатноксозии инвеститсияҳо тавассути ШДБХ ва бозомӯзии самтҳои нави ҳамкории байни Ӯзбекистон ва БРО баррасӣ гардид.

Дар он самтҳои устувор муҳокима гардида, БОР омодагии худро барои дастгирии дидгоҳи ҳукумат тавассути экспертизаи техникӣ ва кумаки машваратӣ изҳор дошт.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои такмили низоми молиявию иқтисодии мамлакат аз рӯйи татбиқи роҳҳои ҳалли стратегӣ ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин замина ба мувофиқа расиданд.

Насиба ЗИЁДУЛЛОЕВА,

мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: