Ӯзбекистон ва Чин барои нав кардани парки локомотивӣ шартнома имзо кард

15 августи соли ҷорӣ дар байни ҶС “Ўзбекистон темир йўллари” ва ширкати чинии "CRRC Zhuzhou Locomotive" дар бораи модернизатсия ва навсозии парки локомотивҳои Ӯзбекистон шартнома имзо шуд.

Шартномаро раиси раёсати ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» З.Нарзуллаев ва президенти ширкати «CRRC Zhuzhou Locomotive» Ван Сяолин  имзо карданд.

Тибқи созишнома, ширкати чинӣ 12 адад электровози силсилаи "Ӯзбекистон"-ро, ки дар роҳи оҳани кишвар истифода мешавад, модернизатсия мекунад, инчунин 38 электровози боркаш ва мусофирбар, тепловоз ва локомотивҳои маневриро тибқи шартҳои муҳлатдиҳӣ то соли 2034 таъмин хоҳад кард.

Шартномаи мазкур вазъият ва самаранокии парки локомотивии ҶС «Узбекистон темир йӯллари»-ро хеле беҳтар месозад, ки дар навбати худ ба пешрафти роҳи оҳани мамлакат ва беҳтар шудани сифати боркашонӣ мусоидат мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: