Ҳайати Эрон таҳти раҳбарии муовини вазири роҳ ва шаҳрсозӣ Сайид Камол Ҳодианфар ба Ӯзбекистон сафар кард.
10 июн муовини аввали вазири нақлиёти Ўзбекистон Маманбий Омаров бо намояндагони ҳайат вохӯрд. Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, логистика ва дурнамои рушди онро баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамлу нақлҳои миллӣ дар раванди ҳамлу нақли байналмилалии бор тавассути автомобил, муқаррар кардани боҷ ва пардохтҳо барои ҳамлу нақл дар асоси паритет, рушди долонҳои нақлиётии байналмиллалӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, мушкилоти мавҷудаи ҳамлу нақли бор тавассути қаламрави Эрон бо ширкатҳои нақлиётию экспедитории Ӯзбекистон баррасӣ шуд.