Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо ноиб-президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Энсиё Хазалӣ, ки ба кишвари мо бо ташрифи амалӣ омадааст, ҳамсуҳбат шуд.
Алоқаҳои байни Ӯзбекистон ва Эрон, ба хусус робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сиёсӣ мунтазам инкишоф меёбанд.
Дар вохурӣ масъалаҳои рӯзмарраи рушди ҳамкориҳои дуҷониба, беш аз пеш мустаҳкам кардани муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳои мо, дар доираи сохторҳои байналхалқӣ вусъат додани шарикӣ муҳокима гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид шуд, ки риштаҳои амиқи таърихии халқҳои бародар, менталитет, анъана ва ҳувиятҳои ҳаммонанди маънавӣ моро пайванд мекунанд.
Солҳои охир бинобар қатъияти роҳбарони давлатҳо робитаҳои ҳамкории Ӯзбекистон-Эрон мунтазам инкишоф меёбанд, аз ҷумла, муносибатҳои байнипарлумонӣ низ ба зинаи нав бардошта шуданд, зикр шуд дар мулоқот. Аз ин нуқтаи назар таъкид гардид, ки ба мақсади таъмин сохтани иҷрои ӯҳдадориҳое, ки дар сатҳи парлумонҳои олии ду мамлакат қабул шудаанд, назорати парлумонии онҳо муҳим мебошад.
Дар навбати худ меҳмон барои истиқболи самимӣ сипосгузорӣ карда, қайд намуд, ки сафарҳои амалии тарафайни байни парлумонҳо, вакилони ҳукуматӣ ва соҳибкорон бештар шуданд. Вай изҳори бовар намуд, ки пурра ба амал татбиқ ёфтани ҳуҷҷатҳое, ки дар соҳаҳои гуногун дар байни давлатҳо ба имзо расидаанд, дар оянда самараи худро хоҳанд дод.
– Дар Ӯзбекистон ислоҳот мунтазам татбиқ мегарданд, мо инро бо чашми худ дидем ва шоҳид шудем, – гуфт Энсиё Хазалӣ. – Ба хусус ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ бобати ҳифзи ҳуқуқи занону духтарон такмил меёбанд, нақш ва мавқеи онҳо дар ҷамъият меафзояд. Ин, бешубҳа, шоистаи таҳсин аст. Ба ин маънӣ табодули тарафайни таҷриба ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ барои ҳар ду кишвар муфид мебошад.
Дар анҷоми мулоқоте, ки дар рӯҳи дӯстона ва амалӣ гузашт, ҷонибҳо барои ба ҳаёт татбиқ намудани нақша ва лоиҳаҳои минбаъда, беш аз пеш мустаҳкам кардани робитаҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Норгул АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.