Чӣ хеле ки аввал хабар шуда буд, бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер 27 май бо ташрифи расмӣ ба мамлакатамон омад.
Чорабиниҳои асосии ташриф 28 май дар қароргоҳи Кӯксарой ба амал омаданд. Шавкат Мирзиёев ва Франк-Валтер Штайнмайер баъд аз маросими расмии истиқбол дар таркиби доираи танг ва васеъ музокирот гузаронданд.
Роҳбари давлатамон Президент ва халқи Олмонро бо санаи таърихӣ – 70-умин солгарди ташкил ёфтани ҶФО ва қабули Қонуни Асосӣ муборакбод намуд.
Президенти Федералии Олмон ба роҳбари давлатамон барои даъват ба мамлакатамон ва меҳмоннавозии самимӣ миннатдорӣ изҳор намуд.
Байни Ӯзбекистон ва Олмон мулоқоти мунтазами сиёсӣ ба роҳ монда шудааст. Франк-Валтер Штайнмайер дар солҳои 2006 ва 2016 низ ба сифати вазири корҳои хориҷии ҶФО ба мамлакатамон омадааст. Ташрифи индафъаина бешубҳа ба мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ дар асоси тамоюли ҳамфикрӣ ва баробарҳуқуқӣ, боварии тарафайн ва ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар хидмат хоҳад кард.
Мамлакатҳоямон дар соҳаи сиёсӣ дар доираи СММ, САҲА барин созмонҳои байналхалқӣ бинобар масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ӯзбекистон саъю кӯшиши Олмонро бобати узви доимии Шӯрои амнияти СММ гардидани он дастгирӣ менамояд. Ба ғайр аз ин, равобити фаъол дар доираи стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ қисми муҳими ҳамкории Ӯзбекистону Олмонро ташкил медиҳад.
Олмон кӯшиши Ӯзбекистонро дар бобати мустаҳкамсозии суботнокӣ дар минтақа, ҳамдастӣ дар бобати ҷараёни сулҳомез дар Афғонистон, нармсозии оқибатҳои фоҷиаи Арал олӣ арзёбӣ менамояд.
Ҷонибҳо изҳор намуданд, ки дар доираи созмонҳои байналхалқӣ дастгирӣ намудани ҳамдигарро идома медиҳанд.
Муаммоҳои молики аҳамияти байналхалқӣ ва минтақавӣ, масъалаҳои аксуламал бар зидди терроризм ва экстремизм, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарӣ баррасӣ гардиданд. Президентҳо роҳандозии механизми машварати Ӯзбекистону Олмонро оид ба Афғонистон барои дастгирӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ дар ин мамлакат маъқул донистанд.
Нақши муҳими парлумонҳои ду мамлакат дар дастгирӣ намудани ҳамкории сернақша ва мубодилаи таҷриба таъкид гардид. Дар ин бобат анҷумани ҳуқуқии Ӯзбекистону Олмон, ки 23 май дар Тошканд баргузор гардид, аз ҳар ҷиҳат судманд буд.
Дар гуфтугӯҳо масъалаҳои бо ташаббусҳо ва лоиҳаҳои истиқболнок пурра намудан, ба марҳалаҳои нав ва механизмҳои ҳамкорӣ баромадани ҳамкории Ӯзбекистону Олмон муҳокима гардиданд.
Таъкид ёфт, ки дар Ӯзбекистон татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои немис зери назорати махсус мебошад. Омодагии ба вуҷуд овардани шароити муносибтарин барои ширкатҳое, ки ба рушди мамлакатамон сармоя мегузоранд, изҳор гардид.
Мошин ва таҷҳизот, амволи кимиёӣ ва дорусозии баландсифати немис дар мамлакатамон харидоргир аст. Ӯзбекистон омода аст, ки ба бозори Олмон амволи хоҷагии қишлоқ, нафту кимиё ва дигари заруриро гузорад. Ширкатҳои содиркунандаи Ӯзбекистон дар чунин намоишгоҳҳои Олмон мисли «Ҳафтаи сабз», «Озуқаворӣ ва логистика» мунтазам иштирок менамоянд, ки ин барои васеъ намудани ҳамкорӣ замина ба вуҷуд меорад.
Зимни гуфтугӯҳо имконоти нав дар ин соҳа муҳокима гардида, пешниҳодҳои муфиди тарафайн баррасӣ гардиданд.
Имрӯз дар мамлакатамон бо иштироки сармояи Олмон 160 корхона фаъолият дорад. Аз ин 42 ширкат ва фирма комилан бо сармояи хориҷӣ ташкил гаштааст. Соли 2018 ҳаҷми табодули амвол байни мамлакатҳоямон 25 фоиз афзуда, аз 770 миллион доллар гузашт.
Таъкид гардид, ки зимни ташрифи моҳи январи соли ҷорӣ дар натиҷаи аҳду паймони бадастомада таваҷҷӯҳи ҳамкории сармоягузории ширкатҳои Олмон бо Ӯзбекистон рӯз то рӯз зиёд мегардад. Дар айни ҳол дар мамлакатамон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои маъруфи Олмон лоиҳаҳои бузург ба амал татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, якҷоя бо ширкати «MAN» автомобилҳои замонавии боркашонӣ, бо ширкатҳои «Claas» ва «Lemken» техникаи хоҷагии қишлоқ, бо «Knauf» масолеҳи сохтмон, бо «Deutsche Kabel» маҳсулоти ноқили кабел истеҳсол мегардад. Бо иштироки мутахассисони немис роҳи оҳани «Қаршӣ - Тирмиз» электриконида мешавад.
Шӯрои соҳибкорони Ӯзбекистон - Олмон дар бобати афзудани ҳаҷми мол ва зиёд намудани мавҷи сармоягузории бевосита муттасил кор мебарад.Мунтазам машваратҳои ҳамкории молиявиву техникӣ, тиҷоративу сармоягузорӣ ба амал омада, ҳамчунин дар заминаи хоҷагии қишлоқ гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ ҷамъомадҳо баргузор менамоянд.
Дар соҳаи сайёҳӣ низ алоқаҳо бо суръати баланд ривоҷ меёбанд. Солҳои охир аз Олмон миқдори сайёҳоне, ки ба мамлакатамон меоянд, чор баробар афзуда, соли 2018 ба 20 ҳазор нафар расид. Аз 15 январи соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Олмон тартиби сирӯзаи бидуни виза ҷорӣ гардид, ки ин барои боз ҳам афзудани миқдори сайёҳони немис боис мегардад.
Дар Олмон соҳаи тандурустӣ хеле тараққӣ ёфтааст. Дар доираи ҳамкорӣ дар ин самт кор доир ба татбиқи чунин лоиҳаҳои муҳим мисли сохтмони клиникаи замонавии онкологӣ ва маркази реабилитатсия дар Тошканд якҷоя бо ширкати «Epsilon», клиникаи онкологӣ дар вилояти Тошканд якҷоя бо ширкати «Opasca» ва клиникаи Донишгоҳи Мангейм пеш бурда мешавад.
То ҳанӯз дар ҳамкорӣ бо Олмон дар соҳаи тандурустӣ барномаҳо ба қимати 32 миллион доллар ба амал татбиқ гардида, мутахассисони ӯзбекистонӣ дар клиникаҳои ин мамлакат мунтазам ихтисоси худро такмил медиҳанд.
Дар Ӯзбекистон беш аз 8 ҳазор намояндагони миллати немис зиндагӣ мекунад. Маркази маданияти немис «Видергебурт», ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон - Олмон» барои ҳифзи маданият ва анъанаҳои немис, эҳтиёт ва ривоҷ додани онҳо ҳисса мегузоранд. Ваколатхонаҳои бунёдҳои Конрад Аденауэр ва Фридрих Эберт, Хидмати табодули академии Олмон (DAAD) ва дигар ташкилотҳо дар заминаи ривоҷ додани робитаҳои маданиву маърифатии байни мардумонамон ба институтҳои муҳим табдил ёфтаанд.
Дар соҳаҳои маданият ва таълим табодулҳои босамар роҳандозӣ гардида, дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ байни Тошканд ва Берлин, Бухоро ва Бонн ва ҳамчунин дигар шаҳрҳои бузурги ду мамлакат лоиҳаҳои муштарак ба амал татбиқ мегарданд.
Дар музокирот муштарак будани кӯшиш барои рушди ҳамкории васеъмиқёс, шабоҳат ва наздикӣ дар бархурд ба тамоми масъалаҳо бори дигар собит гардид.
Дар хотимаи музокироти Президенти Ӯзбекистон ва Олмон маросими ба имзо расондани ҳуҷҷатҳои дуҷониба ба амал омад.
Созишнома дар бораи мубодила ва ҳифзи иттилоот, ҳамкорӣ дар соҳаи коҳиш додани хориҷ кардани газҳои гармхонаҳо ва мувофиқгардӣ ба тағйирёбии иқлим, ташкил кардани истеҳсоли автомобилҳои тиҷоратӣ якҷоя бо ширкати «Volkswagen» ва ҳуҷҷатҳои дигар ба имзо расиданд.
Таъкид гардид, ки ҳуҷҷатҳои мазкур, хусусан, созишнома байни Академияи илмҳои мамлакатамон ва ширкати «Integra GmbH» ва «Vamed Engineering GmbH»-и Олмон оид ба созмон додани Маркази тиббиёти ядроӣ ва терапияи шуоӣ дар Тошканд барои халқамон аҳамияти муҳим доранд.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ президентҳо қайд намуданд, ки музокирот дар рӯҳи дӯстии анъанавӣ ва рӯшод, ҳусни тафоҳум гузаштанд.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки мамлакатҳоямон шарикони боварибахш, муҳим ва дарозмуҳлат буда, ҷонибҳо дар минбаъд фаъолсозии муносибати бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Олмон баробар манфиатдоранд.
– Ҷониби Ӯзбекистон аз натиҷаҳои музокироти имрӯза, ки идомаи мантиқии вохӯриҳоямон моҳи январи соли ҷорӣ дар Берлин гардиданд, мамнунияти комил изҳор менамояд,– қайд намуд Шавкат Мирзиёев. – Тамоми самтҳои ҳамкории дуҷониба – мулоқоти сиёсӣ, равобити байнипарлумонӣ, ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ, маданиву инсонпарварӣ ва масъалаҳои ба дигар соҳаҳо доир муфассал баррасӣ гардиданд. Ҳолати имрӯзаи ҳамкории Ӯзбекистону Олмон мавриди муҳокима қарор гирифта, самтҳои устувор ва вазифаҳо барои пешомад муайян шуданд.
Президенти Федералии ҶФО таъкид кард, ки дар вохӯрӣ истиқболи ислоҳоте, ки зери роҳбарии Шавкат Мирзиёев оғоз гаштааст, муфассал муҳокима гардида, инчунин суръати баланде, ки ин бозсозиҳо ба муносибати байни Ӯзбекистону Олмон бахшидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
— Мо бо таваҷҷӯҳи зиёд аз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон пайгирӣ менамоем. Ташрифи имрӯза дар таркиби ҳайати бонуфуз далели кӯшиши мо ба васеъ намудани ҳамкорӣ ва изҳори дастгирии комили сиёсати нави Ӯзбекистон ба шумор меравад. Мо аз натиҷаҳои гуфтугӯ қаноатманд ҳастем, ки зимни онҳо масъалаҳои зиёди муносибати дутарафа ва ҳамкориро дар ҷанбаи Иттиҳоди Аврупо муҳокима намудем ва дар остонаи марҳалаи нави фарогири муносибатҳои байни мамлакатҳоямон қарор дорем, — таъкид кард Франк-Валтер Штайнмайер.
Дар нимаи дуюми рӯз Президенти ҶФО Франк-Валтер Штайнмайер бо ҳамроҳии Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Арипов ба хиёбони «Мустақиллик» ташриф оварда, ба пояи муҷассамаи Мустақиллик ва инсонпарварӣ гул гузошт.
Президенти ҶФО дар ҷамъомади намояндагони доираҳои соҳибкории Ӯзбекистон ва Олмон иштирок намуд.
Олмон дар бобати рушди саноат ва технология дар ҷаҳон аз давлатҳои пешсаф ба шумор меравад. Имрӯз соҳаҳои автомобилсозӣ, кимиё, электротехника, авиакайҳон, саноати сохтмон ва озуқаворӣ шохаҳои асосии таъминкунандаи рушди суботноки иқтисодиёти Олмон ба шумор мераванд.
Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар Ӯзбекистон корхонаҳое, ки бо иштироки сармоягузорони немис ташкил гаштааст, ваколатхонаҳои фирма ва ширкатҳои ин мамлакат фаъолият доранд. Бонки миллии фаъолияти иқтисоди берунии Ӯзбекистон бо чандин бонки Олмон робита муқаррар намуда, дар Тошканд шуъбаи «Дойче-бонк» ташкил гаштааст.
– Ислоҳоте, ки бо суръати баланд дар Ӯзбекистон татбиқ мегардад, бо диққат мушоҳида менамоям. Ҳамеша омодаам, ки лоиҳаҳои мамлакататонро дастгирӣ намуда, таҷриба ва инноватсияи пешқадамро ба ҳам бинем, — гуфт Франк-Валтер Штайнмайер.
Дар ҷамъомад имкониятҳои таҳия ва ба амал татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки соҳибкорони Ӯзбекистон ва Олмон дар соҳаҳои гуногун, боз намудани самтҳои нави ҳамкориҳои барои тарафайн муфид муҳокима гардиданд. Чандин ҳуҷҷат дар заминаи робитаҳои мушорикат дар соҳаҳои энергетика, кимиёи нафту газ, технологияи иттилоот, бонку молия, нақлиёт, энергияи атом ба имзо расид.
Франк-Валтер Штайнмайер ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Bakan Tex»-и ноҳияи Яшнободи пойтахт ташриф фармуд.
Ин корхона, ки арзиши лоиҳавиаш 52 миллион доллар мебошад, бо технологияи пешқадами ширкатҳои мисли «Тручлер», «Зенсер», «Саурер»-и Олмон муҷаҳҳаз мебошад, аз пахта калоба истеҳсол мегардад. Дар ин ҷо беш аз 500 коргарро бо шуғл таъмин намудааст. Дар ин ҷо дастгоҳҳои ба таври автоматӣ зарфбандӣ, поксозӣ, ба часп равона кардани партов насб гаштааст. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза ва босифат истеҳсол гардад.
Маҳсулоти ин корхона, ки соҳиби сифати менеҷменти ИСО-9001 мебошад, дар бозори ҷаҳон харидоргир аст. Дар айни ҳол маҳсулоти он ба ИДМ, Чин ва Туркия содир мегардад. Бино бар натиҷаи соли 2018 ба миқдори 9,5 миллион доллар маҳсулот содир гардид. Дар давоми давраи гузаштаи соли ҷорӣ аз нахи 5 ҳазору 770 тонна пахта 4 ҳазору 800 тонна калоба истеҳсол гардида, ба миқдори 13 миллион доллар маҳсулот содир карда шуд.
Меҳмони олимартаба бо видеоролик, ки дар бобати истеҳсоли калоба аз нахи пахта, зарфбандӣ ва аз ҷараёни ба содирот равон намудани он нақл менамояд, шинос гардида, бо донишҷӯёни Донишкадаи бофандагӣ ва саноати сабуки Тошканд суҳбат намуд.
Президенти Олмон аз Институти Гёте дар Тошканд боздид намуда, дар он ҷо дар маросими кушодани муҷассамаи Иоганн Волфганг Гёте иштирок намуд.
Франк-Валтер Штайнмайер таъкид кард, ки эҳтироме, ки дар Ӯзбекистон ба Гёте ба ҷо меоранд, ба идома додани алоқаҳои дӯстонаи байни мамлакатҳоямон дар марҳалаи нав, минбаъд мустаҳкам намудани робитаҳои маданиву маърифатӣ мусоидат менамояд.
Меҳмони олирутба бо фаъолияти Институти Гёте дар Тошканд шинос гардид.
Имрӯз дар Ӯзбекистон бисёр ташкилотҳои илмиву маънавии ҶФО, мисли Хидмати табодули академии Олмон, намояндагиҳои бунёдҳои ба номи Конрад Аденауэ ва Фридрих Эберт, Институти ҳамкориҳои байналхалқии ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии немис бомуваффақият фаъолият доранд.
Дар 1842 мактаби мамлакат ба 377 ҳазор нафар хонандагон забони немисӣ омӯзонда мешавад. Ҳамзамон беш аз 700 донишҷӯ ва муҳаққиқони илмии Ӯзбекистон дар муассисаҳои олии таълимии Олмон таҳсил менамоянд.
Мақсади асосии Институти Гёте дар Тошканд аз омӯзондани забони немисӣ, инкишофи ҳамкории мадании байналхалқӣ иборат аст. Ҳамин ҳоло дар марказҳои забономӯзии институт беш аз 4 ҳазор нафар таҳсил менамоянд.
Франк-Валтер Штайнмайер бо ҷавононе, ки дар институт забони немисиро меомӯзанд, ходимони маданият ва санъат, намояндагони доираҳои илмӣ ва ҷамъияти васеъ суҳбат намуд.
Президенти Федералии ҶФО ду нафар ҳамватанони мо - мутарҷими сафорати Олмон дар Ӯзбекистон Мукаррам Каримова ва муаллимаи забони немисӣ Лидия Осинаро аз шаҳри Марғилон бо ордени «Bundesverdien-stkreuz» («Барои хидматҳо дар назди Ҷумҳурии Федеративии Олмон») мукофотонид.
Мукофотонии ҳамватанонамон бо чунин як мукофоти олӣ эътирофи нафақат саҳми онҳо ба рушди ҳамкории маданиву гуманитарии ду ҷониб, балки хизматҳояшон дар кори мустаҳкамсозии муносибати байнидавлатӣ мебошад. Маросими мукофотонӣ боз як собит намудани далеле мебошад, ки дар Олмон ба робитаҳо бо Ӯзбекистон эътибори алоҳида дода шуда, намояндагони мо, ки ба рушди ҳамкорӣ ҳиссаи худро мегузоранд, олӣ арзёбӣ мегарданд.
Ташрифи расмии Президенти Федералии ҶФО Франк-Валтер Штайнмайер ба мамлакатамон идома дорад.
ӮзА.