Ӯзбекистон ва Покистон машваратҳои сиёсӣ гузаронданд

28 феврали соли 2022 дар Исломобод даври ҳафтуми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фурқат Сидиқов ва муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Афтоб Курейшӣ раҳбарӣ карданд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди шарикии бисёрҷанбаи стратегии Ӯзбекистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Манфиати тарафайн ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои савдою иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ тасдиқ карда шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани “Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар”-ро алоҳида баррасӣ карданд.

Ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар самти Афғонистон, аз ҷумла дар масъалаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона ва дигар ба мардуми Афғонистон изҳори назар карда шуданд.

Дар доираи машваратҳо дигар масъалаҳои рӯзномаи умумӣ низ баррасӣ гардида, ҷадвали баргузории чорабиниҳои муштарак мувофиқа карда шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: