Ӯзбекистон ва Қатар ҳамлу нақли бор ва мусофиронро тавассути нақлиёти ҳавоӣ рушд хоҳанд дод

Вазири нақлиёт Илҳом Маҳкамов бо роҳбари авиатсияи граждании Қатар Муҳаммад Фолиҳ Ал-Ҳаҷрӣ мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамлу нақли бор ва мусофирон тавассути нақлиёти ҳавоӣ байни кишварҳои мо баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо оид ба зиёд кардани шумораи парвозҳои мунтазами ҳавоӣ байни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва Қатар дар як ҳафта аз 4 ба 7, инчунин оид ба пайвастани минбаъдаи Доҳа бо фурудгоҳҳои минтақавии Ӯзбекистон табодули назар карданд.

Муҳаммад Фолеҳ ал-Ҳаҷрӣ изҳори итминон кард, ки парвозҳои ширкати Qatar airways ба Ӯзбекистон ба интихоби минбаъдаи фурудгоҳҳои байналмилалии Доҳа ва Тошканд ба ҳайси қулайтарин самт барои мусофирони ҳавоии транзитӣ мусоидат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: