Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар соҳили Сирдарё стансияҳои замонавии обченкунӣ мегузоранд

Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар соҳили Сирдарёи 10 стансияи ченкунӣ насб мекунанд, хабар медиҳад хабаргузории “Дунё”.

Бино ба маълумоти хабаргузории байналмилалии «Казинформ», вазири хоҷагии об ва обёрии Қазоқистон Нуржан Нурҷигитов бо вазири хочагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев мулоқот кардааст. Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавиро баррасӣ карданд.

Қайд карда мешавад, ки вазирон оид ба масъалаҳои автоматикунонии стансияҳои ченак ва баҳисобгирии об дар Сирдарё табодули афкор намуданд. Ҳоло Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар бораи 10 нуқта ба мувофиқа расидаанд ва дар онҳо насби ҳисобкунакҳои муосири об пешбинӣ шудааст.

Ҷонибҳо инчунин нақшаи кори обанборҳои каскади Норин-Сирдарёро дар мавсими пеш аз обёрии соли оянда муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки дар ҷамъомади навбатии Комиссияи ҳамоҳангсозии идоракунии оби байнидавлатии Осиёи Марказӣ ҷадвали пешгӯии ба кор андохтани обанборҳоро таҳия ва ҳаҷми интиқоли обро тасдиқ хоҳанд кард.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо аҳамияти таҳияи стратегияи минтақавии истифодаи оқилонаи захираҳои обро қайд карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: