Идораҳои нафту гази Ӯзбекистон ва Қирғизистон ба кори барқарорсозии анбори зеризаминии гази “Сӯхи шимолӣ”, ки дар анклави Сӯхи Ӯзбекистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ гардидааст, шурӯъ карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Бишкек вазоратҳои энергетикаи ду кишвар “харитаи роҳ”-ро барои омода кардани тарҳи барқарорсозии анбори гази “Сӯхи шимолӣ” ба мақсади истифодаи муштарак имзо карданд.
Аз ҷониби Ӯзбекистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки он 10 апрел барои омӯзиши масъалаҳо дар доираи таҳқиқоти лоиҳа ба ноҳияи Қадамҷой сафар кард.
Мувофиқи хабари хидмати матбуоти ширкати “Узтрансгаз”, мутахассисони Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «УзЛИТИнефтегаз» тадқиқи пешакии чоҳҳои захиравии газро анҷом дода, барои омӯзиши саҳроии онҳо иморати техникӣ омода кардаанд.
Барои маълумот: анбори гази зеризаминии «Сӯхи шимолӣ» соли 1976 ба истифода дода шуда буд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ он истифода нашуд ва мавриди баҳси ду давлат қарор гирифт - тақрибан тамоми анборҳо дар қаламрави Қирғизистон ва компрессорҳо дар қаламрави Ӯзбекистон ҷойгиранд. Ҳаҷми анбор қариб 3 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад.