Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар мавриди татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар тамоми бахшҳои саноат ба мувофиқа расиданд

Бинобар ҷамъбасти январ-декабри соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ӯзбекистон ба 42,1 миллиард доллари ИМА расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба 5,8 миллиард доллари ИМА (афзоиш 16,0 фоиз) расид.

Дар байни 20 кишвари умдаи шарик оид ба фаъолияти иқтисоди хориҷӣ тавозуни фаъоли тиҷорати хориҷӣ бо чаҳор кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мушоҳида мерасад. Бо 16 мамлакати боқимонда баланси пассиви муомилоти савдои хориҷӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ Созишнома бо ҳукумати Ӯзбекистонро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав тасдиқ кард. Созишнома, ки 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар пайи музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҳузур ва ширкати сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расид, бар пояи муқаррароти Аҳдномаи дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июни соли 2020 асос меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Дар созишномаи имзошуда дар бораи  татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, сохтмон, маъдан, энергетика ва мошинсозӣ сухан меравад. Илова бар ин, созишнома таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои таъмини техника ва технологияи коркардро пешбинӣ мекунад.

Пешбинӣ шудааст, ки барои барқарор намудан ва инкишоф додани алоқаҳои бевоситаи доираҳои тиҷоратӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Инчунин ташкили ярмаркаю намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ, форумҳои доираҳои тиҷоратӣ дар назар аст.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ чораҳо меандешанд. Сухан дар бораи тартиб додани лоиҳаҳои муштарак  ва татбиқи амалии онҳо меравад.

Ёдовар мешавем, ки тобистони соли гузашта дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи таъсиси як ширкати муштараки сармоягузорӣ бо суроғаи ҳуқуқӣ дар Душанбе барои маблағгузории лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон созишнома имзо карда буданд.

Сармояи оинномавии «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» дар ҳаҷми 12 миллион доллари ИМА пешбинӣ шуда буд. Муассисони ширкат Фонди таҷдид ва рушди Ӯзбекистон бо 75% саҳмия ва КВД "Тоҷинвест" бо 25% ҳисса дар сармояи оинномавӣ мебошанд.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: