ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН – ШАРИКОНИ СТРАТЕГӢ

Бино бар даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ташрифи давлатӣ ба мамлакатамон омад.

Мардумони Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро риштаҳои қадимии дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, маданият, анъана ва таомули шабеҳ ва дини ягона мепайвандад.
Ба шарофати иродаи қатъии сиёсӣ ва сиёсати оқилонаи дурандешонаи президентҳо ҳамкории серҷанба ва робитаҳои дӯстонаи мамлакатҳоямон ба дараҷаи нав бардошта шуд.
Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон 9-10 марти соли ҷорӣ воқеан рӯйдоди таърихӣ гардид. Шаффофият, муносибатҳои боэътимод ва дӯстонаи сарони давлатҳо ба муттасил рушд ёфтани ҳамкории дуҷониба ба хотири на фақат мамлакатҳоямон, балки умуман Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Ташрифи нахустини давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон чун рӯйдоди навбатии боаҳамият дар таърихи муносибати байнидавлатӣ арзёбӣ мегардад.
Дар фурудгоҳи байналхалқии «Тошканд» ба номи Ислом Каримов меҳмони олимартабаро Шавкат Мирзиёев пешвоз гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии роҳбари давлатамон аз хиёбони Мустақиллик боздид намуд ва ба Муҷассамаи истиқлолият ва инсонпарварӣ, ки рамзи озодӣ, ояндаи дурахшон ва азми неки мардумамон ба шумор меравад, гул гузошт.
Чорабиниҳои асосии ташриф дар қароргоҳи Кӯксарой ба вуқӯъ пайваст. 
Пас аз маросими мулоқоти расмӣ Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар доираи танг мулоқот намуданд.
Президенти мамлакатамон роҳбари Тоҷикистонро самимона хайрамақдам гуфта, махсус таъкид кард, ки дар муддати кӯтоҳ байни мамлакатҳоямон ҳамкории мустаҳкам барқарор гардида, ташрифи мазкур идомаи мантиқии гуфтугӯи муттасили муфиди тарафайн ва фаъоли рӯ ба инкишоф ба шумор меравад.
– Рушди муносиботи дӯстона бо Тоҷикистони ҳамсоя яке аз самтҳои бартариноки сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба шумор меравад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Аз ин ташрифи нахустини Шумо дар дараҷаи давлатӣ ба Ӯзбекистон гувоҳӣ медиҳад. Мо онро чун идомаи гуфтугӯи сиёсии худ, ки ба эътимоди тарафайн асос меёбад, арзёбӣ менамоем ва омодаем, ки муносиботи дутарафаро ба дараҷаи боз ҳам баланд бардошта, онро бо муҳтавои амалӣ пурра гардонем.
Президенти Тоҷикистон барои даъват ва истиқболи самимӣ изҳори миннатдорӣ намуд ва таъкид кард, ки мулоқоти мазкур имконоти муносиби муҳокимаи ҳолат ва истиқболи ҳамкорӣ ба шумор меравад.
– Ташрифи давлатии шумо ба Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ дар таърихи мамлакатҳоямон саҳифаи нав боз намуд, муносибати байни Ӯзбекистону Тоҷикистонро барқарор кард, ба рушди муттасили он аз рӯйи тамоми маҷмӯи масъалаҳо таҳрики нав бахшид.
Ба шарофати сиёсати оқилонаи хориҷии шумо нуфузи Ӯзбекистон дар ҷомеаи ҷаҳон ҳарчи бештар меафзояд. Ташрифи имрӯза барои баланд бардоштани некӯаҳволии халқҳоямон аҳамияти муҳимро молик аст, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Дар натиҷаи сиёсати шаффоф, созанда ва прагматикии хориҷии мамлакатамон табодули ҳайатҳои дараҷаҳои гуногун ҷоннок гардид. Дар доираи ташрифи давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 27 ҳуҷҷат доир ба инкишофи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, энергетика ва ғайра ба имзо расид.
Дар байни мамлакатҳоямон низоми тиҷорати озод роҳандозӣ гардид. Аз соли 2002 Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фаъолият дорад. Он нукта, ки дар соли ҷорӣ чор ҷамъомади комиссияи мазкур ба амал омад, аз аҳамияти муҳими он ки ба рушди алоқаҳои муфиди тарафайн дода мешавад, гувоҳӣ медиҳад.
Кушода шудани нуқтаҳои гузаргоҳӣ дар сарҳад, барқарор намудани рафтуои нақлиётии байни мамлакатҳоямон дар одамон акси садои гарму ҷӯшон пайдо менамояд.
Мамлакатҳоямон дар доираҳои чунин сохторҳои байналхалқӣ чун СММ, СҲШ, ИДМ босамар ҳамкорӣ менамоянд. Ҷонибҳо дар заминаи масъалаҳои минтақавӣ ва байналхалқӣ мавқеъҳои монанд ва ё хеле наздик доранд. Аз он ҷумла, бо ҷомеаи байналхалқӣ дар ҷиҳати бартарафсозии вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ҳамкории босамар бурда мешавад.
Дар мулоқот вазъи кунунии ҳамкории бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, истиқболи рушди минбаъдаи он муҳокима гардид. Сарони давлатҳо дар заминаи масъалаҳои байналхалқӣ ва  минтақавӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо қарор доранд, табодули афкор намуданд.
Масъалаҳои муқовимат бар зидди терроризм, ифроткорӣ, қочоқи нашъа, ҷиноёти фаромарзӣ, дигар ситеза ва таҳдидҳо ба амнияти байналхалқӣ муҳокима гардиданд. Бино бар ин, аҳамияти таҳияи механизмҳои самарабахши ҳамдастӣ байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва низомҳои мудофиаи ду мамлакат таъкид гардид.
Президентҳо мулоқотро дар таркиби васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду мамлакат идома доданд. Масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсия, энергетика, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва хоҷагии об, ҷаҳонгардӣ ва ғайра муҳокима гардиданд.
Ҳаҷми табодули мол босуръат меафзояд. Дар нимаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми тиҷорати дутарафа ба 35,1 фоиз афзуд. Соли 2018 қарордодҳо ва муоҳидаҳо ба бештар аз 300 миллион доллар ба имзо расида, ба амал татбиқ мегарданд.
Президенти мамлакатамон таъкид кард, ки нишондоди имрӯзаи табодули мол ба зарфияти ду мамлакат мувофиқат намекунад, имконоти зиёди истифоданашуда барои то як миллиард доллар расондани он вуҷуд дорад.
Дар мамлакатамон 39 корхона бо иштироки сармояи Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар ҳудуди Тоҷикистон 8 корхонае, ки аз ҷониби сармоягузорони Ӯзбекистон таъсис ёфтааст, фаъолият дорад. Бо мақсади барқарор намудани робитаҳои мустақим дар байни доираҳои корчаллон дар Душанбе ва Тошканд бизнес-форумҳои анъанавии муштарак ба вуқӯъ мепайванданд. Дар чунин ҳамоише, ки дар доираи ташрифи мазкур ба Тошканд ба амал омад, қарордодҳои содиротӣ ба миқдори 103 миллион доллар ба имзо расиданд.
Ба комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба шарикии тиҷоративу иқтисодӣ супурда шуд, ки корро бобати беҳтар кардани савдои тарафайн ва диверсификатсияи сохторҳои он мунтазам идома диҳанд. Зарурияти қабул намудани чораҳои муштарак бинобар вусъат додани кооператсияи байни сохторҳои тиҷоратӣ ва минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар қайд гардид. Ҷонибҳо дар бораи тезондани татбиқи лоиҳаҳо бобати ҷамъоварии техникаи кишоварзӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ, маснуоти тайёри бофандагӣ, электротехникӣ ва молҳои дигар ба мувофиқа расиданд. 
Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таҳким меёбад. Аз моҳи апрели соли равон кори расонда додани гази табиӣ ба Тоҷикистон аз нав ба роҳ монда шуд. Ҳаҷми хариди нирӯи барқ аз Тоҷикистон меафзояд. Ҷонибҳо омодаанд минбаъд низ барои ҳамкории бештару самараноктар дар соҳаҳои нақлиёт ва рушди гузаргоҳҳои байналхалқии транзитӣ саъю кӯшишҳои амалӣ кунанд. 
Робитаҳои байни минтақаҳои кишварҳои мо инкишоф меёбанд. Тӯли соли охир минтақаҳо 9 бор табодули ҳайатҳоро баргузор намуданд. Баргузор кардани анҷуманҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳо дар доираи сафарҳои тарафайни байниминтақавии ҳайатҳои соҳибкорон ба анъана мубаддал шуданд.
Истифодаи сарфакоронаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ба шумор меравад. Ҷонибҳо дар самти мазкур тарафдори идома додани мулоқоти ошкоро мебошанд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар бораи сохтмони ду ниругоҳи гидроэлектрии иқтидорашон 320 мегаватт дар қисми тоҷикистонии дарёи Зарафшон бо иштироки ширкатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шартнома баста шуд.
Зарурияти минбаъд фаъолтар кардани ҳамкориҳои байни академияи илмҳо, муассисаҳои таълими олӣ ва иттиҳодияҳои эҷодиву ҷамъиятӣ таъкид гардид. Он чиз боиси эътибор мебошад, ки пеш аз сафари ҳолоинаи Президенти Тоҷикистон вохӯрии намояндагони илму фарҳанг баргузор ва дар он пешомадҳои ҳамкории маданиву инсонпарварии байни кишварҳои мо баррасӣ шуданд. Алҳол дар Ӯзбекистон зиёда аз 1,5 миллион тоҷикон зисту зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар пешрафти мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Маркази милливу мадании тоҷикон ва 10 бахши он дар минтақаҳо амал мекунанд. Дар 245 мактаби таълими ҳамагонӣ омӯзиш ба забони тоҷикӣ аст. 4 нашрияи даврӣ, даҳҳо барномаҳои телевизиониву радиоӣ ба забони тоҷикӣ интишор мешаванд. 
Бидуни шубҳа, тағйироти азими мусбат дар муносибатҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ халқҳои моро беш аз пеш қарин карданд. Хурсандии онҳоеро, ки дар ду ҷониби сарҳадҳо зиндагӣ карда, солҳои дароз аз имконияти дидорбинӣ бо наздикону қарибони худ маҳрум буданд, ифода кардан душвор аст. Тавре қайд гардид, ҳаллу фасли ин мушкилот аз ҷумлаи комёбиҳои асосӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ба шумор меравад. 
Дар гуфтушунидҳо бинобар ба роҳ мондани захираҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, вусъат додани миқёси робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, рушди алоқаҳои бевоситаи байниминтақавӣ муоҳидаҳо ба имзо расиданд.
Сипас маросими имзо кардани ҳуҷҷатҳои дуҷониба баргузор шуд. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Изҳороти муштарак ва Шартномаи шарикии стратегии байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо карданд. 
Як қатор ҳуҷҷатҳои оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои стандарткунонӣ, метрология ва сертификат, сиёсати зиддимонополистӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, баргузор кардани тадқиқоти муштараки стратегияи илмӣ дар соҳаҳои геология, ҳамкорӣ дар ҷанбаҳои илмиву техникӣ, кишоварзӣ, дар соҳаҳои амнияти озуқавори, таълим, сиёсати ҷавонон, маданият ва санъат имзо шуданд.
Муоҳидаҳо дар бораи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва маданиву инсонпарварии байни минтақаҳои кишварҳои мо, аз ҷумла байни вилоятҳои Сурхондарё ва Хатлон, Самарқанд ва Суғд имзо гардиданд.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ Президентҳо қайд намуданд, ки гуфтушунидҳо дар рӯҳи ошкоро ва ҳусни тафоҳум, дар муҳити дӯстиву эътимод гузаштанд, ҳуҷҷатҳои имзошуда ба манфиати халқҳои мо хидмат хоҳанд кард.
– Аввалин сафари давлатии Президенти Тоҷикистон, дӯст ва бародари ман Эмомалӣ Раҳмон уфуқҳои нави ҳамкории дуҷонибаро боз кард. Мо масъалаҳои рӯзмарраи таҳкими  ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, гидроэнергетикӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳим баррасӣ кардем. Дар натиҷаи корҳои бузургмиқёси муштарак имрӯз Шартномаи шарикии стратегиро ба имзо расонидем. Ин шаҳодати ибтидои даврони нави муносибатҳои мо ба шумор меравад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
– Мо ба натиҷаи гуфтушунидҳое, ки бо муҳтарам Шавкат Миромонович дар сатҳи олӣ баргузор шуданд, ба сифати кори пурсамар ва қаноатбахш баҳо медиҳем. Онҳо саъю кӯшишҳои тарафайн ва қатъии моро дар бораи мустаҳкам кардани муносибатҳои ӯзбекистониву тоҷикистонӣ дар пояи шарикии стратегӣ, эҳтироми тарафайн, дӯстӣ ва некҳамсоягӣ собит менамоянд. Дар ҷараёни аввалин сафари давлатии ман ба Ӯзбекистон масъалаҳои ҳаллу фаслношуда намонданд. Мо бино бар тамоми рӯзномаи кор ба натиҷаҳои мушаххас муваффақ гардидем. Муътақидам, ки онҳо минбаъд натиҷаҳои мусбати худро нишон медиҳанд, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон ба сифати муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳои мо ба Шавкат Мирзиёев китоби «Чашмаи хирад» – маҷмӯи асарҳои шоир ва мутафаккири бузург Алишери Навоиро дар тарҷума ба забони тоҷикӣ туҳфа кард.
Дар арафаи сафари сарвари Тоҷикистон дар Намоишгоҳи комёбиҳои миллии «Ӯзэкспомарказ» намоиши маҳсулоти саноатии ин мамлакат боз гардид. Дар нимаи дуввуми рӯз Президентҳо аз ин намоишгоҳ боздид ба амал оварданд.
Ба идораҳои оид ба савдо ва иқтисодиёти ду мамлакат бобати вусъат додани робитаҳои содиротиву воридотӣ супоришҳо дода шуданд. Зарурияти инкишоф додани кооператсияи байни корхонаҳои саноатӣ, ба роҳ мондани шарикии бевоситаи доираҳои тиҷоратӣ қайд гардид.
Сипас Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон заводи «Artel»-ро дар Тошканд тамошо карданд. Ҷараёни истеҳсоли номгӯйи зиёди техникаи маишӣ ва электроника, ки бо меъёрҳои пешқадам муҷаҳҳаз шудаанд, хатҳои ҷамъоварӣ ба меҳмони олиқадр таассуроти бузург гузоштанд.
Эмомалӣ Раҳмон сифат ва рақобатбардории нархи маҳсулоти Ӯзбекистон, аз ҷумла техникаи маишӣ ва электроникаи «Artel»-ро, ки дар Тоҷикистон харидоргир мебошанд, таъкид намуд.
Дар Қасри анҷуманҳои байналхалқии «Ӯзбекистон» консерти «Шоми дӯстӣ» бо иштироки устодони санъати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Президенти мамлакати мо зикр кард, ки халқҳои ӯзбек ва тоҷик аз қадимулайём паҳлӯ ба паҳлӯ зисту зиндагӣ карда, ҳамҷиҳатона душворӣ ва мусибатҳоро паси сар намудаанд.
– Халқҳои ӯзбек ва тоҷик ба ду шохаи як дарахт, ду шохобаи як дарё шабоҳат доранд. Мо дини ягона, замин ва оби умумӣ дорем. Мо дар шодиву ғам бо якдигарем, ҳамқисмат мебошем. Анъанаҳои неки гузаштагонро идома дода, мо бояд дӯстии халқҳоямонро мустаҳкам кунем, онро эҳтиёт намоем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар чорабинӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми бузургаш дар мустаҳкам кардани муносибатҳои дуҷониба ва дӯстии байни халқҳои мо ордени «Эл-юрт ҳурмати»-ро супурд.
Президенти Тоҷикистон барои ин мукофоти олӣ самимона миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки сатҳи кунунии муносибатҳо комёбии таърихии халқҳои мо ба шумор меравад.
«Шоми дӯстӣ» тасдиқи равшани торафт мустаҳкам шудани ҳамкории байни Ӯзбекистону Тоҷикистон, дӯстии абадии халқҳои мо гардид.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакати мо идома дорад.

Матназар ЭЛМУРОДОВ,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: