ӮЗБЕКИСТОН ҲАМКОРИРО БО ИТТИҲОДИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ИҶРОГАРОНИ СУДӢ ВУСЪАТ МЕДИҲАД

Дар Брюссел вохӯрии дипломатҳои ӯзбекистонӣ бо президенти Иттиҳоди байналхалқии иҷрогарони судӣ (ИБИС) Марк Шмитс ба амал омад.

Дар рафти гуфтушунид сафири Ӯзбекистон дар Белгия Дилёр Ҳакимов ҳамсуҳбати худро бо мазмуни асосии нутқи Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи ҷумҳурӣ ва муроҷиатномаи сарвари давлат ба парлумони миллӣ шинос намуд.
Дар баробари ҳамин, ҷонибҳо фикри худро нисбати васеъсозии ҳамкорӣ байни Ӯзбекистон ва ИБИС, ки ҷумҳуриамон аз моҳи майи соли 2018 узви комилҳуқуқи он мебошад, баён намуданд. 
Дар рафти вохӯрӣ ба натиҷаҳои иштироки намояндагии Бюрои иҷрои маҷбурии назди Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии директори Бюро Б.Қудратхоҷаев дар ҷамъомади навбатии Шӯрои доимии Иттиҳоди байналхалқии иҷрогарони судӣ, ки соли 2018 дар Париж баргузор гардид, баҳои баланд дода шуд. 
Ҷонибҳо тасдиқ намуданд, ки дар вазъи қувват гирифтани ҷаҳонишавӣ кишварҳои алоҳида ба сохтори ҳуқуқи миллӣ чун фактори муҳими рақобатпазирӣ ва ҷозибадории сармоягузорӣ баҳо медиҳанд.
Дар поёни гуфтушунид Марк Шмитс ба ОИ «Дунё» чунин интервю дод:
– Бо Ӯзбекистон моро ҳамкориҳои самарабахш дар намуди он ки ҷумҳурӣ узви комилҳуқуқи созмони мост, алоқаманд месозад. Мо изҳори умед менамоем, ки Ӯзбекистон барои мо дар ба роҳ гузоштани ҳамкориҳоямон бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ чун «кӯпрук» хидмат менамояд. ИБИС омода аст дониш ва таҷрибаҳои худро баҳам дида, Ӯзбекистонро дар ҷараёни ислоҳоти васеъмиқёс ҳамчунин дар соҳаи суду ҳуқуқ дастгирӣ намояд.
Ҳамчун шарики ҷумҳурӣ, мо имкон пайдо кардем бо муроҷиатномаи Президент Шавкат Мирзиёев ба палатаҳои парлумон шинос шавем. Ба фикри ман, вазифаҳои муҳиме, ки имкони дар асоси қарорҳои асоснокшудаи юридикӣ пеш бурдани ислоҳотро фароҳам меорад, дуруст тавсият шудааст. Амалӣ шуда истодани ислоҳоти амиқ, саривақт ва оқилона дар мамлакати шуморо қайд кардан мехоҳам. Сардори давлат ба оянда менигарад ва талаботи рӯзафзуни замонавиро ба назар мегирад. Мо бовар дорем, ки Ӯзбекистон бо навсозӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба беҳбудӣ ноил мегардад.
Ман боз мехостам оиди сафарам ба Ӯзбекистон дар вақтҳои наздик хабар диҳам, ки мехоҳам дар ҷои худаш ба ислоҳоти судию ҳуқуқӣ аз наздик шинос шавам.

ОИ «Дунё»,
БРЮССЕЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: