Ӯзбекистон ҳамкориро бо СММ ва ниҳодҳои он фаъолона вусъат медиҳад

  • Ӯзбекистон ҳамкориро бо СММ ва ниҳодҳои он фаъолона вусъат медиҳад

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 июл дар қароргоҳи Кӯксарой бо Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, мулоқот анҷом дод.

Дар оғози суҳбат Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба роҳбари давлати мо барои даъват ба Ӯзбекистон ва истиқболи самимӣ изҳори миннатдории самимӣ кард.

Роҳбари мамлакатамон меҳмони олиқадрро самимона истиқбол намуда, қайд кард, ки сафари кунунии аллакай дуюми А.Гутерриш ба ҷумҳурӣ аз дастгирии ҳамаҷонибаи СММ аз ислоҳоти бебозгашт дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон-2030» шаҳодат медиҳад.

Дар рафти музокира масъалаҳои таъмини сулҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, субот ва рушди устувор, тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистон ва СММ, рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Динамикаи пуршиддат ва сатҳи баланди бесобиқаи ҳамкорӣ бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд. 140 барномаю лоиҳаи муштарак бомуваффақият амалӣ мегардад. Танҳо дар солҳои охир бо ташаббуси ҷониби Ӯзбекистон 10 қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ қабул карда шуд.

Аз аввали сол панҷ нафар муовини Котиби генералии СММ аз Ӯзбекистон дидан карданд. Мохи гузашта мамлакати мо ба Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ЭКОСОС) ва Шӯрои маъмурии Созмони байналхалқии меҳнат интихоб шуд. Намояндаи Ӯзбекистон бори аввал узви Кумитаи ҳуқуқи башари СММ шуд. Дар Тошканд намояндагии як ниҳоди махсуси дигари СММ - Сандуқи байналмилалии рушди кишоварзӣ ба кори худ шурӯъ кард.

Чорабиниҳои бузурги байналмиллалӣ бо рӯзномаи глобалӣ, аз ҷумла оид ба амнияти озуқаворӣ, рушди сайёҳӣ, мубориза бо камбизоатӣ ва тағирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ якҷоя гузаронида мешаванд. Соли оянда дар Самарқанд Конфронси 43-уми генералии ЮНЕСКО баргузор мешавад.

Инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт. Сарвари давлатамон аз ташаббусҳои Котиби генералии СММ ҷиҳати таъмини амният ва суботи байналмилалӣ, ислоҳоти СММ ва сохторҳои асосии он ва баргузории Саммити оянда дар соли равон дар Ню-Йорк изҳори дастгирӣ кард.

Масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди алоқаи нақлиётӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва иттилоотӣ дар минтақа баррасӣ шуданд.

Вазъияти дар Афғонистон ба миён омада баррасӣ шуда, зарурати густариши кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва таҳияи стратегияи муттаҳидшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба ин кишвар таъкид шуд.

Бинобар ҷамъбасти мулоқот  оид ба таҳияи муштараки Чаҳорчӯбаи барномаи ҳамкорӣ бо СММ оид ба Ҳадафҳои рушди устувори Ӯзбекистонбарои солҳои 2026-2030 созиш ҳосил шуд

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: