Дар толори барҳавои меҳмонхонаи «HiltonTashkent City»-и пойтахт Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар формати B2B «Tashkent Travel Mart – 2022» ифтитоҳ ёфт, ки таҳти сарпарастии Zero Carbon Fair баргузор шуд.
Ин намоишгоҳ дар доираи татбиқи фармони Президент аз 30 апрели соли 2022 “Дар бораи чораҳои иловагии диверсификатсияи хадамоти туризми дохилӣ” роҳандозӣ шудааст.
Дар он ноиби Сарвазир, вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ Азиз Абдуҳакимов ва вазири сайёҳии Исроил Йоэл Развозов иштирок ва суханронӣ карданд.
— Дар шароити иқтисодӣ бозаргонӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳо ва коркарди равияҳои мухталиф ин намоишгоҳ платформаи махсус арзёбӣ хоҳад шуд, — гуфт А. Абдуҳакимов.
Шакли B2B ба созмонҳои махсус имкон медиҳад, ки дар намоишгоҳ имконоти тиҷоратии худро васеъ кунанд, мушкилоти зиёдеро дар пешбурди тиҷорати худ ҳаллу фасл намоянд ва хидматрасонии сайёҳии кишвари худро тарғибу ташвиқ кунанд. Ӯ тазаккур дод, ба ибораи дигар “Tashkent Travel Mart-2022” имкони ба роҳ мондани робитаҳои байнисоҳавӣ низ мебошад, ки ба эҷоди маҳсулоти нави сайёҳии баландсифат ва баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ дар ин соҳа мусоидат хоҳад кард.
– Имсол дар намоишгоҳ намояндагони фаъолтарини созмонҳои сайёҳии Ӯзбекистон ва 10 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд. Ба таври дигар гӯем, беш аз 90 ширкати дохиливу хориҷӣ намояндагони худро ба ин ҷо фиристодааст, ки дар байни онҳо намояндагони соҳаи сайёҳии Олмон, Утриш, Испания, Исроил, Чехия, Эстония, АМА, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва кишвари мо ҳастанд, – изҳор намуд А. Абдуҳакимов.
Дар замони ҳамлу нақли рақамӣ ва технологияи иттилоотӣ, ки ба соҳаи туризм ба таври васеъ ворид шудаанд, зери назар доштани масъалаи ҷанбаҳои устувори экологӣ низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Он дар ин самт ҳамчун омили муҳими рақобатпазирӣ хидмат хоҳад кард. Маҳз барои ҳамин ин намоишгоҳ таҳти сарпарастии Zero Carbon Fair роҳандозӣ шудааст. Он имкон фароҳам меоварад, ки аз “технологияи сабз”-и мавҷуда ба таври самаранок истифода сурат гирад.
Оммавӣ гардонидани сайёҳии CBT, ки аллакай дар ҷаҳон шӯҳрат пайдо мекунад, омили муҳими афзоиши иқтидори соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мардуми маҳаллӣ ба он ҷалб гарданд ва аз ҳисоби даромади он зиндагии худро пеш баранд.
Мутахассисони соҳаи сайёҳӣ тавонистанд натанҳо мушкилоти бамиёномадаро баррасӣ кунанд, балки ба саволҳое посух пайдо намоянд, ки доғи рӯз мебошад ва онҳоро ба мушкилот мувоҷеҳ менамояд. Дар ин майдон мулоқотҳои судманд ба вуқӯъ мепайванданд ва интизор меравад, ки аз натиҷаи он ҳарду ҷониб манфиат хоҳанд дид.
Ногуфта намонад, ки чунин намоишгоҳ бори аввал соли 2018 баргузор гардидааст, вале ба далели пахши куруно баргузории он то ин муддат мутаваққиф сохта шудааст.
Дар намоишгоҳ барои иштирок намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Иттиҳодияи сайёҳии тоҷик, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва лоиҳаи ЮСАИД оид ба рушди соҳибкорӣ ва тиҷорат, инчунин мудирони 16 ширкати сайёҳии Тоҷикистон низ даъват шудаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Суратгир: Р.ГАЛЕЕВ.