ӮЗБЕКИСТОН ЯКЕ АЗ КИШВАРҲОИ КАМШУМОР АСТ, КИ ДАР ОН ЛИБОСҲОИ АНЪАНАВӢ ДАР РУШДИ МӮДИ ЗАМОНАВӢ НАҚШИ МУҲИМ ДОРАНД

Дар сомонаи маҷаллаи “Diplomat Magazine” (Нидерланд) мақолае таҳти унвони «Шукӯҳи дипломатияи мӯдҳои олии Ӯзбекистон» нашр шуд.

Дар сомонаи маҷаллаи “Diplomat Magazine” (Нидерланд) мақолае таҳти унвони «Шукӯҳи дипломатияи мӯдҳои олии Ӯзбекистон» нашр шуд.
Муаллифони он менависанд, ки дипломатияи мӯди олӣ вақте сухан дар бораи Ӯзбекистон меравад,  шояд аввалин чизе нест, ки ба сар меояд. Нашрия таъкид мекунад, ки падидаи «дипломатияи мӯди олӣ» кайҳо боз маълум аст. Ҷанбаҳои бадеии он дар ҳоли ҳозир стратегияи асосии вазоратҳои фарҳанг ва корҳои хориҷӣ дар тарғиби бренди миллӣ маҳсуб мешавад. Имрӯз, мӯд чун пештара қисми асосии гуфтушунидҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байниҳукуматӣ мебошад.
Қайд карда мешавад, ки бо гузашти солҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши мӯдро ҳамчун қудрати нарм дар муносибатҳои байналмилалӣ дарк кард. Варзиш, ошпазӣ ва ҳунар мисли либос баёнгари мутобиқати комили миллӣ аст.
Муаллифон дар бораи ду намоиши рангини мӯд дар сафорати Ӯзбекистон дар кишварҳои Бенилюкс (бо қароргоҳаш дар Брюссел), ки таваҷҷӯҳи бештари ҷомеаи Аврупоро ба бор овардаанд, нақл мекунанд. Онҳо дар чаҳорчӯби тантанаҳои бошукӯҳ ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлоли Ӯзбекистон 21 сентябр дар Брюссел ва баъдан 23 сентябр дар Гаага баргузор шуданд. Ба ин чорабиниҳо намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, ҳайати дипломатӣ, доираҳои сиёсӣ, диаспораи ӯзбек ва ҷомеа даъват шуданд.
Муаллиф мегӯяд, ки ба мақсади таблиғи фарҳанги Ӯзбекистон дар ин ҳамоиш ҳайат таҳти сарварии проректори Донишкадаи нассоҷӣ ва саноати сабуки Тошканд, раиси Ассотсиатсияи дизайнерҳои “Рамзи Осиё”-и Ӯзбекистон” Холида Комилова ва тарроҳони боистеъдод ширкат доштанд, онҳо либосҳои анъанавӣ ва замонавии ӯзбекиро аз абрешим, пахта ва дигар маводҳои табиӣ намоиш доданд.
“Мутахассисони мӯди аврупоӣ қайд карданд, ки Ӯзбекистон яке аз кишварҳои камшуморест, ки дар он либосҳои анъанавӣ дар рушди мӯди замонавӣ аҳамияти муҳим доранд. Дар ҳеҷ як кишвари дигар унсурҳои либосҳои таърихии миллӣ дар либосҳои муосир ин қадар моҳирона, муфассал ва бодиққат истифода намешаванд. Либосҳои миллии ӯзбекӣ ҷилодор, зебо, хушдӯхт, махсус, равшан ва бароҳатанд”, – андешаи коршиносони соҳаро овардааст нашрия.
Ба гуфтаи муаллифон, таҷрибае, ки аз ин намоиши мӯди ӯзбекӣ гирифта шудааст, навоварона буд. Саноати дар инкишофи Ӯзбекистон ба мӯди Ғарб хусусиятҳои нав, дурахшон ва олиҷаноб мебахшад. Париж, Ню Йорк ва Милан ҳамчун мегаполисҳои мӯд шуҳрат доранд. «Шубҳае нест, ки Тошканд ба зудӣ ба ин рӯйхат ҳамчун маркази нави мӯд дохил мешавад, ки дизайнерҳо, соҳибкорон ва ҳаваскорони тамоми ҷаҳонро ҷалб мекунад», – гуфта мешавад дар мақола.

АИ «Дунё»,
АМСТЕРДАМ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: