ӮЗБЕКИСТОН – ЮНЕСКО: ҲАМКОРИИ МАДАНИВУ ИНСОНПАРВАРӢ ИДОМА МЕЁБАД

Инсониятро масъалаи ҳифзи эҳтиёткорона ва ба насли оянда додани сарвати зеҳнӣ, суннатҳои моддиву маънавӣ, ки асрҳо ташаккул ёфтаанд, ҳамеша ба ташвиш меовард.

. Барои муваффақ шудан ба ин мақсади нек бунёдҳо, созмонҳои гуногун таъсис дода шуда, як қатор ҳуҷҷатҳо ба имзо расидаанд. Вале инсоният чандин бор шоҳиди он гардид, ки сарвати маънавии тӯли ҳазорҳо сол ҷамъовари-шуда дар як муддати кӯтоҳ нобуд шуданд.
Маҳз барои ҳамин ҳам ҳифзи сарвати маънавӣ вазифаи тамоми олами муттамаддин ба мақсадҳои нек буд ва боқӣ мемонад. Мақсади асосии ташкилоти СММ оид ба масъалаҳои таълим, илм ва фарҳанг – ЮНЕСКО аз кӯмакрасонӣ ба мустаҳкамшавии сулҳу салоҳ ва амният аз тариқи вусъат додани ҳамкории халқҳо дар соҳаҳои таълим, илм ва фарҳанг ба манфиати таъмин сохтани эҳтироми умумии адолат, қонунмандӣ ва ҳуқуқҳои инсон, ҳамчунин асосҳои озодӣ барои тамоми халқҳо новобаста аз тафриқаҳои ирқӣ, ҷинсӣ, забонӣ ва динӣ иборат аст.
Ба рӯзи таъсисёбии сохтори мазкур, ки ситодхонаи он дар Париж воқеъ аст, 73 сол пур шуд. Дар ҳоли ҳозир 195 давлат аъзои ҳақиқии ЮНЕСКО ба шумор мераванд. Ӯзбекистон моҳи октябри соли 1993 узви ЮНЕСКО шуд. Соли 1996 дар Тошканд боз гардидани намояндагии ин созмон барои зуҳуроти иқтидори илмии мамлакати мо, барқарор гардидани робитаҳои фарҳангӣ бо ҷомеаи ҷаҳон, шинос кардани инсоният бо мероси моддиву ғайримоддии Ӯзбекистон имкониятҳои васеъ фароҳам овард.
Дар доираи Стратегияи миёнамуҳлати ЮНЕСКО барои солҳои 2014-2021, барнома ва буҷаи ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2021, барномаи Стратегияи амалиёт доир ба рушд барои солҳои 2017-2021 ЮНЕСКО якҷо бо ҷомеаи ҷаҳон лоиҳаҳои васеъмиқёсро татбиқ менамояд, ки ба минбаъд беҳтар намудани тарз ва шароити ҳаёт, фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ, таъмин кардани ҳаёти муътадили инсоният нигаронида шудаанд.
Бинобар ислоҳоте, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев дар сиёсати хориҷӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналхалқӣ татбиқ мешаванд, ҳамкориҳои тарафайни кишвари мо бо созмонҳои байналхалқӣ фаъолтар мегарданд.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмиаш ба Фаронса, ки моҳи октябри соли равон ба вуқӯъ пайваст, бо директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле вохӯрд ва пешомади ҳамкориҳоро бо созмони мазкур баррасӣ намуд. Дар мулоқоти Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО Дурнамои амалиёти муштарак барои солҳои 2018-2021 қабул гардид, ки ба минбаъд фаъолтар кардани кор дар самти мазкур асос гузошт.
Дар мамлакати мо якҷо бо ЮНЕСКО мунтазам конфронсҳо, намоишгоҳҳо, машваратҳои байналхалқӣ, чорабиниҳои дараҷаи мухталиф барои тарғибу ташвиқи илм, таълим, фарҳанг, соҳаҳои алоқа ва иттилоот гузаронида мешаванд. ЮНЕСКО зиёратгоҳҳои таърихӣ, мероси моддӣ ва ғайримоддии Ӯзбекистонро мероси умумиҷаҳонӣ меҳисобад ва бобати дар намуди аслӣ ба наслҳои минбаъда расонда додани онҳо корҳои васеъмиқёси маънидодкуниву тарғиботиро амалӣ менамояд.
Як қатор ёдгориҳои моддиву ғайримоддие, ки дар ҳудуди кишвари мо ҷойгир шуда, таърихи куҳан доранду дар рушди тамаддун саҳми бузург мегузоранд, ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуданд. Ёдгориҳои таърихиву меъмории Самарқанд, Бухоро, Хева, Шаҳрисабз ва мамнӯъгоҳи давлатии биосферии Чотқол аз ин ҷумла мебошанд. Аз ҷониби созмон якҷо бо идораҳои дахлдори мамлакат бобати ҳифзи ёдгориҳои меъморӣ ва бостонӣ дар сурати аслӣ кор бурда мешавад.
Ғайр аз ин шашмақом, соҳати фарҳангии Бойсун, катта ашула, аския, палав, Наврӯз, тарзи истеҳсоли атлас ва адрас ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии инсоният дохил гардидаанд.
Дар иҷлосияи 9-уми Кумитаи оид ба ҳифзи мероси маданияти ғайримоддии созмони мазкур, ки соли 2014-ум баргузор шуд, санъати базлагӯии аския, соли 2016-ум анъана ва тарзи тайёркунии палав ба рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шуданд. Анҷумани анъанавии байналхалқии санъати мақом, ки соли равон бори аввал таҳти васояти ЮНЕСКО дар Шаҳрисабз гузаронида шуд, дар ҳамкориҳои мо саҳифаи нав боз намуд.
Дар иҷлосияи 40-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки соли 2016-ум дар Истанбул ба вуқӯъ омад, маркази таърихии Шаҳрисабз ба рӯйхати иншооти мероси умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд. Бинобар набудани шартнома бо Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО бобати дар маркази Шаҳрисабз баргузор кардани корҳои сохтмониву ободонӣ, созмон таъкид кард, ки ин корҳои созандагӣ метавонанд сабаби аз байн рафтани симои аслии маркази таърихии шаҳр гарданд. Дар ҷараёни иҷлосияи 42-юми имсолаи кумита масъалаи ҳифзи ёдгориҳои Шаҳрисабз баррасӣ шуд ва бобати шомил кардани маркази таърихии шаҳр ба рӯйхати иншооти мероси умумиҷаҳонӣ қарор қабул гардид.
Ба ин муносибат 9 июни соли равон қарори Девони Вазирон «Дар бораи ҳифзи ҳудудҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бар рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардидаанд», қабул шуд. Мувофиқи ин ҳуҷҷат «харитаи амалиёт» оид ба такмил додани ҳифзи ҳудудҳое, ки ба рӯйхати мазкур ворид шудаанд ва татбиқ намудани тавсияҳои Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО тасдиқ гардид. Бо ҷалби коршиносони байналхалқӣ татбиқ кардани он ба нақша гирифта шудааст. 
Дар натиҷаи рушди минбаъдаи иқтидори сайёҳии Ӯзбекистон мероси моддӣ ва ғайримоддии халқи мо дар ҷомеаи ҷаҳон торафт бештар эътироф карда мешавад.
Намояндагии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон бо кишвари мо бобати дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ ҷорӣ кардан ва самарабахш истифода бурдани усулҳои нави инноватсионии таълим, баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои педагогӣ ҳамкории мустақим дорад.
Бо назардошти Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030-юми ЮНЕСКО дар низоми таълими Ӯзбекистон лоиҳаҳои бузурге амалӣ мешаванд, ки ба баланд бардоштани ихтисос ва саводи омӯзгорон, таҳкими минбаъдаи донишҳои онҳо оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ вобастаанд. Дар доираи лоиҳаи «Кашфи захираҳои таълимӣ» тақрибан 300 нафар, дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Медиа ва саводи иттилоотӣ» анқариб 350 омӯзгор, дар доираи лоиҳаи «ТИК» наздик ба 40 омӯзгорони табақаи олӣ дониш ва саводи худро мустаҳкам намуданд.
Вусъати минбаъдаи ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО барои ба натиҷаҳои беш аз пеш баланд муваффақ шудани Ӯзбекистон дар соҳаҳои илм, таълим ва фарҳанг, саҳми сазовор гузоштани кишвари мо дар таъмин намудани сулҳу суботи тамоми ҷаҳон асоси мустаҳкам мегузорад.

Зуҳро МИРЗОБОЕВА, 
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: