6-уми декабри соли равон бахшида ба 85-умин солгарди таъсиси мактаби таълими умумии рақами 22-и шаҳри Самарқанд ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тадбир баргузор гардид.
6-уми декабри соли равон бахшида ба 85-умин солгарди таъсиси мактаби таълими умумии рақами 22-и шаҳри Самарқанд ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тадбир баргузор гардид.
Намояндагони Садорати таълими халқи вилоят, шуъбаи таълими халқи шаҳри Самарқанд, вакилони ҷамоатӣ, шахсоне, ки солҳои пеш ин боргоҳи таълимиро хатм кардаанд, иштирокдорони тадбир буданд.
Нахуст ҳозирин дар пояи нимпайкараи устод Садриддин Айнӣ, воқеъ дар саҳни мактаб, гулчанбарҳо гузошта, эҳтиром ба ҷо оварданд.
Ба чорабинӣ директори мактаб О.Аҳмедов ҳусни ифтитоҳ бахшид ва дар бораи таърихи таъсиси мактаб, дастовардҳо нафароне, ки дар он роҳбарӣ кардаанд, ҳарф зад.
Сарвари Садорати таълими халқи вилоят З.Шодиева, сарвари шуъбаи таълими халқи шаҳри Самарқанд А.Пардаев, сарвари шуъбаи шаҳрии Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Н.Садинова, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Б.Раҳмонов, шоир Х.Нуруллоев, мухбири рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд З.Ҳасанзода ва дигарон роҷеъ ба таърихи сохтмони мактаб, олимон, донишмандон, адибон ва арбобони ҷамъиятие, ки дар он таълим гирифта, барои рушди ҷомеа саҳм гузоштаанд, нуфузи мактаб миёни боргоҳҳои таълимии шаҳр сухан карданд.
– Мактаб остонаи маънавият ва маърифат мебошад, – гуфт З.Шодиева. – Фикр мекунам, ҳеч остонае муборак ва муқаддастар аз остонаи мактаб нест ва сарвари давлатамон низ беҳуда нагуфтанд, ки Ӯзбекистони Нав аз остонаи мактаб сар мешавад. Аз ин рӯ, тӯли солҳои охир ба масъалаи беҳсозии сифати таълим, мустаҳкамсозии пойгоҳи моддиву техникии мактабҳо, инчунин, таъмир ва тармими боргоҳҳои таълимӣ эътибор дода мешавад.
– Мактаби мазкур, ки номи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айниро дорад, тӯли солҳо инсонҳои бузургро тарбия кард, – гуфт омӯзгори собиқадор, профессор Хуршед Самеъбоев. – То ҳол аз байни шогирдони ин мактаб чор нафар академик, даҳҳо номзади фан, арбобони санъат, ходимони намоёни ҷамъият ба камол расидаанд, ки на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар кишварҳои дигар низ шуҳрат, обрӯ ва эътибори хоса доранд.
Дар доираи тадбир як гурӯҳ омӯзгорони фаъол ва пешқадами мактаб бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Садорати таълими халқи вилоят ва шӯъбаи таълими халқи шаҳри Самарқанд сарфароз гардонда шуданд.
Тадбир бо баромадҳои шогирдони мактаб, аъзои маҳфили варзишӣ, инчунин, сарояндаи хушовози Самарқанд Талъат Шоҳбаротов ва сухандон Аъзам Лутфуллоев, ки аз дастпарварони мактабанд ҳус-ни анҷом ёфт.
Ф. ЮЛДОШЕВ.
Шаҳри САМАРҚАНД.