ДАР АСОСИ ПРИНСИПҲОИ ДЕМОКРАТӢ
Аҳолии бисёрмиллати Ӯзбекистон дар арафаи интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва шӯроҳои маҳаллӣ мебошад, ки ин воқеаи калони сиёсӣ 22 декабри соли равон баргузор мегардад.
Дар назди ҳамаи иштирокдорони ҷараёни мазкури иҷтимоӣ вазифаи муҳим – иштироки фаъолона дар интихобот ва намоиш додани маданияти баланди сиёсию ҳуқуқӣ истодааст. Тавре Президент қайд мекунад, «Дар ҷараёнҳои интихобот, пеш аз ҳама, ҷаҳонбинӣ, маданияти сиёсию ҳуқуқӣ, мавқеи шаҳрвандии мо боз як бори дигар намоён мегардад».
Дар мамлакат ҷараёни барпои давлати миллӣ бо ташаккул додани қонунгузории интихоботӣ дар вазъи узван вобастагӣ пеш бурда шуд. Алъон дар ҷумҳуриамон маҷмӯи умумии қонунгузории интихоботӣ офарида шудааст. Дар соҳаи ҳуқуқи интихоботӣ маҷмӯи қонунҳо ташаккул ёфтааст. Маълум аст, ки дар ҳуҷҷатҳои СММ, Созмони ҳамкорӣ ва амнияти Аврупо, Иттиҳоди парлумонӣ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ мизон ва стандартҳои демократии интихобот ифодаи худро ёфтаанд. Қонуни мазкур ба ҳуҷҷатҳои байналхалқии СММ (Декларатсияи ҷаҳонии ҳуқуқи инсон, соли 1948; Пакти байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандию сиёсӣ, 1996), ҳуҷҷатҳои САҲА, аз ҷумла ҳуҷҷати ҷамъомади Копенгаген (29 июни соли 1990) оиди стандартҳои интихоботии демократӣ пурра мувофиқ меояд.
Ин ҳамоҳангиро бо декларатсия оиди мизонҳои озод ва адолатноки Шӯрои иттиҳоди байнипарлумонӣ, ки дар сессияи 154-уми Шӯрои иттиҳоди байнипарлумонӣ соли 1994 дар Париж қабул шудааст, низ дидан мумкин.
Мувофиқи қонуне, ки соли 2019 қабул гардидааст, дар Кодекс оиди интихобот тартиби омодагӣ ва гузаронидани интихоботи президентӣ, Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, интихоботи депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ мустаҳкам гардонда шудааст.
Дар моддаи 31-уми Кодекс гуфта шудааст, бюллетенҳои интихобот бо забони давлатӣ, ҳамчунин, биноан бо қарори комиссияи интихоботии ҳавза бо забонҳое, ки аксарияти аҳолии ҳавза гуфтугӯ мекунанд, нашр карда мешаванд», ки ин баҳри таъмини ҳуқуқи интихоботии миллатҳои гуногун равона гардидааст.
Дар Кодекс асосҳои фаъолияти мақомоти интихоботӣ низ муайян гардидааст. Ҳизбҳои сиёсӣ – қисми таркибӣ ва ҷудонопазири сохтори демократии ҳозира, иштирокдорони асосии маъракаи интихоботӣ мебошанд. Зеро, ҳизбҳои сиёсӣ дар ташаккули фикри иҷтимоӣ ва иродаи сиёсии халқ нақши муҳим мебозанд. Сохтори бисёрҳизбии барқарор ба интихобкунандагон имконият медиҳад, ки дар интихоби номзадҳо ва барномаҳои онҳо озод бошанд, қарори сиёсии самаранок қабул кунанд.
Барои интихоби депутатҳо ба Палатаи қонунгузорӣ 150-то ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шуд. Бинобар ташкил ёфтани Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар сурати нишон додани номзадҳо ба депутатӣ он дар Палатаи қонунгузорӣ ҷой гирифтанаш мумкин.
Бекор карда шудани квота барои Ҳаракати экологӣ ба пурзӯршавии рақобат байни ҳизбҳо сабаб мегардад. Дар ҷараёни ҷамъ кардани имзо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ баъд аз ин интихобкунандагон метавонанд як ё якчанд номзадро ё худ ҳизбро дастгирӣ намоянд.
Дар Кодекси интихоботӣ як қатор қоидаҳои нав вобаста ба ҷараёнҳои интихобот низ ҷорӣ гардиданд. Чунончи, дар қитъаи интихоботӣ тартиби дарҳол ҷойгир сохтани нусхаи баённомаи овозшуморӣ, баъди ба охир расидани овоздиҳӣ ба амал баровардани ҳаракатҳо аз ҷониби комиссияи интихобот (шумурдани овоз, тартиб додани баённома ва ғайра), аз ҷониби мақомоти худидораи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои ҷамоатӣ оиди нишон додани номзадҳо ба аъзогии комиссия ворид сохтани таклифҳо муайян карда шуд. Дар бинои комиссияи интихоботиии қитъа ба рӯихати интихобкунандагон, ҳамчунин тавассути веб-сайти расмии Комиссияи марказии интихоботӣ ба маълумот дар бораи онҳо шинос шудан мумкин.
Ба аъзои Комиссияи марказии интихоботӣ, депутатҳои Палатаи қонунофарӣ ва аъзои Сенат қоидаҳо оиди дахлнопазирӣ татбиқ мегарданд. Баробари ин, ҳуҷҷатҳои қонун кор карда баровардани рӯихати ягонаи электронии интихобкунандагонро ба тартиб меандозад.
Тартиби дида баромадани муроҷиат оиди гузаронидан ё ташкил намудани интихобот низ аниқ муайян карда шуд.
Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон бо қонун кафолатнок гардонида, дар тартиби маъмурӣ-ҳуқуқӣ ҳимоя карда мешавад. Агар шаҳрванд дар рӯихати интихобкунандагон хато ё худ ноаниқӣ ҳис намояд, ба комиссияи интихобии дахлдор арз карданаш ва ё дар ин хусус ба суд муроҷиат сохтанаш мумкин.
Акнун комиссияҳои интихоботӣ муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар доираи воколатҳои худ дида баромада, дар муддати се рӯз ҷавоби хаттӣ менависанд. Дар вазъи камаш то шаш рӯз ё худ рӯзи овоздиҳӣ афтодани муроҷиат онҳо дарҳол дида баромада мешаванд. Аъзои комиссияи интихоботие, ки муроҷиатро дида баромад, дар бораи қарор шахси муроҷиаткардаро огоҳ сохтанаш шарт.
Аз ҷумла, мақомоти ҳизбҳои сиёсие, ки ба депутатӣ номзадҳо нишон додаанд, номзадҳо ба депутатӣ, шахсони боваринок, назоратгарон ва интихобкунандагон аз болои қарорҳое, ки комиссияҳои интихоботӣ қабул кардаанд, тӯли се рӯзе, ки қарор қабул шудааст, ба комиссияи интихоботии болоӣ ё худ суд шикоят карданашон мумкин.
Аз болои қарорҳои Комиссияи марказии интихобот тӯли се рӯзе, ки қарор қабул шудааст, ба Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шикоят кардан мумкин.
Ҳамчунин шаҳрвандон дар вазъи вайрон шудани қонунияти интихоботӣ бевосита ба суди маъмурӣ муроҷиат намоянд. Суд шикоятҳоро то се рӯз ва агар то интихобот аз шаш рӯз кам вақт монда бошад, дарҳол ҳаллу фасл менамояд.
Боло рафтани ҷаҳонбинии шаҳрвандон, хусусан, вобаста ба интихобот ҳуқуқи худро пурра донистани онҳо дар ҷамъиятамон баробари таъмини маданияти ҳуқуқӣ дар адолатнок ва қонунан гузаронидани интихобот омилҳои муҳим мебошанд.
Амонулло МУҲАММАДҶОНОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд.