«ӮЗБЕКИСТОНИ НАВ – ҶАМЪИЯТИ БОМАЪРИФАТ»

Дар чаҳорчӯбаи иҷрои Барномаи давлатии “Гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол” Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба сарҳисоби корҳое, ки дар шаш моҳи гузаштаи соли ҷорӣ аз ҷониби марказ амалӣ гардиданд ва нақшаҳои ояндаи он нишасти матбуотӣ баргузор намуд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ бахшида ба корҳои маънавию маърифатӣ, васеъ тарғиб намудани тамоилҳои кушодадилӣ ва инсонпарварӣ, дар амал татбиқ намудани консепсияи “Ӯзбекистони Нав – ҷамъияти бомаърифат” як қатор чорабинӣ, нишастҳои маънавию фарҳангӣ ташкил карда шуданд. Барои васеъ баргузор намудани “Ҷашнвораи маънавият“, ки таҳти шиори “Ҷавонон – бунёдкорони Ӯзбекистони Нав” тарҳрезӣ шудааст, 15 лоиҳа тасдиқ гардид. Бахшида ба ин мавзӯъ роликҳои иҷтимоӣ, материалҳои тарғиботӣ омода карда мешаванд. Инчунин ба чоп омода намудани китоби “Қаҳрамонҳои Ӯзбекистон” бо алифбои лотинӣ бо теъдоди 11 ҳазор нухса ва бо алифбои кириллӣ бо теъдоди 13 ҳазор адад ба нақша гирифта шудааст. Моҳи майи соли ҷорӣ гузарондани тақдимоти китоби “Маънавият – луғати эзоҳии асосӣ” пешбинӣ гардидааст. 
– Корҳои тарғиботӣ таҳти мавзӯъҳои “Касби худро эҳтиром намуда...”, “Думбираи ман”, “Мактаби матонат”, “Зарварақҳои таърих” аллакай оғоз ёфтанд, ки чунин чорабиниҳо баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, ба ҷавонон фаҳмондани моҳияти онҳо хидмат мекунанд. Дар минтақаҳо байни аҳолӣ барои омӯхтани ҳолати иҷтимоиву маънавии онҳо дар асоси ғояи “Маърифат бар зидди ҷаҳолат” гузарондани пурсишномаҳо ба нақша гирифта шудааст. Ба сифати намуна чунин чорабинӣ дар шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд бо ҳамкории ходимони Институти тадқиқотҳои иҷтимоӣ-маънавии назди Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ гузаронда шуд,– гуфт ҷонишини роҳбари Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ Фурқат Ҷӯрақулов. 

С.БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори
 “Овози тоҷик”.  
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: